• 19.03.2024 11:48

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии н.Айнӣ

АЙНӢ: БОЗДИДИ РАИСИ НОҲИЯ АЗ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ УРМЕТАН

Янв 27, 2023

27 январи соли равон Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода аз рафти корҳои сохтмонии иншооти ҷашнии ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдгардидаистода дар деҳаи Урметани Ҷамоати деҳоти Урметан боздид намуд.

Нахуст, Раиси ноҳия Муқим Муродзода аз рафти корҳои сохтмонии дарвозаи даромадгоҳи деҳа дидан карда, баъдан аз таҷдиду навсозии толори калони хонаи фарҳанг, майдони Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, толори варзишӣ, бинои беморхона ва рафти ободкориҳоро дар дигар иншооти сохташаванда боздид ба амал овард.

Ба Раиси ноҳия иттилоъ дода шуд, ки майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар назди бинои Ҷамоати деҳоти Урметан сохта мешавад иборат аз ҳазору шашсад метри мураббаъ буда, баландиаш дар умум бо сутунпоя 34 метрро ташкил медиҳад ва бо маблағи зиёда аз 860 ҳазор сомонӣ бунёд карда мешавад. Иншоот мувофиқи стандарти умумиҷумҳуриявӣ ва бо дарназардошти фарогири тамоми инфрасохтори ороишӣ ба нақша гирифта шуда, макони сайру саёҳати сокинон хоҳад гашт. Инчунин, маҷлисгоҳи хонаи фарҳанг барои 260 курсӣ, ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон бо тарҳи замонавӣ таъмир карда мешавад.

Маълум гардид, ки корҳои ободонӣ дар ҳама иншооти ҷашнӣ бо раванди хуб идома гирифта истода, қариб, ки наздики 80 фоиз ба анҷом расонида шудааст. Зимни боздид, таъкид карда шуд, ки ҷиҳати вусъат додани ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва дар вақти муқарраргардида ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

Ҳамагӣ диданд 885 

??????