Фарҳанг

СОҲАИ  ФАРҲАНГ

ВАЗЪИ СОҲАИ ФАРҲАНГ ВА ИДЕОЛОГИЯИ МИЛЛӢ

Дар замони муосир таблиғу арзишҳои миллию фарҳангӣ бедор намудани худшиносиву худогоҳии миллӣ рисолати ҳар фарди  ватандӯст маҳсуб меёбад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби блоки идеологии ноҳия 139 вохӯриву суҳбатҳо дар ҳамаи деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия гузаронида шуд, ки дар он масъалаҳои асосии самти идеологӣ ва характери таблиғоти дошта ба сокинон расонида шуд.

Дар ин давра ҷиҳати иҷрои нақша чорабиниҳо Паём миёни сокинон бо иштироки масъулин дар асоси нақшаи тасдиқнамуда амалан корҳои таблиғотӣ-ташвиқотӣ ба роҳ монда шуд.

Айни замон, дар ҳудуди ноҳия 39-китобхонаҳои системаи марказонидашуда: аз ин шумора 1-китобхонаи марказӣ, 1-китобхонаи бачагона, 37-китобхона- филиалҳо дар деҳоти ноҳия, аз ин шумора: 2-қасри фарҳанг, 3-хонаи фарҳанги деҳот, 28-фарҳангсарой (клуб)-ҳо дар деҳот, 1-осорхонаи таърихӣ – кишваршиносӣ, 1-маҷмааи таърихӣ-фарҳангии Нақибхон Туғрал дар деҳаи Зоосун, 2-мактаби бачагонаи санъат ва 1-радиошунавонии маҳаллӣ, ки бо воситаи бахши фарҳанг маблағгузорӣ мешавад, мавҷуд мебошад.

Дар муассисаҳои фарҳангии ноҳия 217 нафар кормандон, аз он ҷумла бо маълумоти олии тахассусӣ 52 нафар, бо маълумоти олии умумӣ 43 нафар, бо маълумоти миёнаи махсуси соҳавӣ 32 нафар, бо миёнаи махсуси ғайрисоҳавӣ 31 нафар ва бо маълумоти миёнаи умумӣ  57 нафар фаъолият менамоянд.

Дар муассисаҳои фарҳангии ноҳия зиёда аз  625 чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ гузаронида шудаанд.

Маҳзани китобии китобхонаҳо 194 ҳазору 305 нусха китобро ташкил медиҳад, ки ба 20 ҳазору 560 нафар хонанда хизмат расонида шудааст. Китобдиҳӣ 194 ҳазору 116 нусхаро ташкил медиҳад. Шумораи нигораҳои осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва маҷмааи таърихию фарҳангии ба номи Нақибхон Туғрал 855 ададро ташкил медиҳад. Аз Осорхонаи таърихӣ-кишоваршиносӣ ва маҷмааи таърихию фарҳангии ба номи Нақибхон Туғрал дар ин давра 5392 нафар сайёҳон дидан намудаанд, ки аз ин шумора 292 нафарашонро хориҷиён ташкил медиҳанд.

Дар мактабҳои бачагонаи санъати ноҳия 541 нафар хонандагон фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 257 нафар хонанда дар мактаби бачагонаи санъати рақами 1-и ба номи Ҳалим Ёров ва 284 нафар дар мактаби бачагонаи санъати рақами 2-и ба номи Н. Нозимов ба таҳсилу ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шудаанд.

Бахши фарҳанги ноҳия баҳри инкишофи раванди фарҳанги миллӣ талош варзида барои баргузории чорабиниҳо дар сатҳи баланди касбию фарҳангӣ, таҷлил намудани санаҳои таърихӣ ва ҷашнвораҳо, чораҳои мушахасс андешида ба натиҷаҳо ноил гардидаанд.

Back to top button