Бахши дин

ТАНЗИМИ  ҶАШНУ МАРОСИМҲО

Роҷеъ ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва  “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ” корҳои амалию ташкилӣ, тартиботию ташвиқотӣ ва назоратию санҷишӣ ба иҷро расидаанд.

Дар 11 моҳи  соли 2025 дар ноҳия 1223 маъракаю маросим, аз ҷумла 979 тӯйи домодию арӯсӣ, 130 маъракаи “чил” ва 114 маъракаи “сол” баргузор гардид. Баҳри пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ аз ҷониби комиссияҳои муштарак дар ин давра 71 рейдҳо гузаронида шудаааст. Аз натиҷаи  гузаронидани рейдҳо  16 адад қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар ноҳия 9 комиссияи доимӣ ва 59 комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим фаъолият доранд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ин комиссияҳо бо шаҳрвандон ва ҷомеаҳои меҳнатии ташкилоту идораҳо 32 мулоқот ва вохӯрию суҳбат, инчунин  16 семинару машварат ва сӯҳбати атрофи мизи мудаввар баргузор шудааст.

Дар ин давра 7 маротиба санҷиши фаъолияти комиссияҳо гузаронида шуд, ки барои беҳтару шаффоф намудани фаъолияти онҳо ва пешгирии қонуншиканиҳо мусоидат намудааст. Айни ҳол, дар қаламрави ноҳия дар асоси талаботи қонунгузории соҳа 39 иттиҳодияи динӣ фаъолият дорад. Аз ҷумла, теъдоди  масҷидҳои ҷомеаи 1 адад  ва масҷиди панҷвақта 38 адад мебошад.

Аз ҳисоби имоми масчиди деҳаи Вашани ҷамоати деҳоти Урметан ба Дидбонгоҳи Сарҳадии қисми ҳарбии 0203 Исрофилободи отрияди сарҳадии Панҷакент дар ноҳия 30 кг гушт ва 10 м3 ҳезум барои зимистонгузарони  дастрас карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ ва хайру эҳсонкорӣ дар ноҳия аз ҷониби  20 нафар ҳаҷравандагон, ки аз ҳисоби маблағҳои сафарнамудаи худ дар ободонии маҳал саҳми худро гузоштаанд. Шаҳрванди ҷамоати деҳоти Урметан Алиева Зуҳро дар  масофаи 1,5 киллометр кӯчаи маркази деҳаи Урметанро ҷароғон намудааст, Манонов Сулаймон дар маҳаллаи Искобод сохтмони ҷойи ҷамъиятиро ба анҷом расонидааст, Азимов Разоқбердӣ роҳи маҳалаи  Лангарро  сементпуш намудааст ва Ҳисомова Башорат дар мавзеи Тевари деҳаи Урметан синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода медиҳад. Инчунин сокини деҳаи Дар-Дар  Ҷурақулова Ширингул ошхонаи мактабро таъмир намудааст. Дар деҳаи Похути ҷамоати деҳоти Рарз 15 нафар шаҳрвадон ба масофаи 6 киллометр хати оби нӯшокиро  кашида овардаанд. Ҳамин тавр, маблағҳои сарфнамуда онҳо барои ободонии маҳаллҳо 358,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Back to top button