Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ
Роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ин ташкилоту муассисаҳо
Раиси ноҳияи Айнӣ

Шарҳи ҳол
Раҳимзода Равшан Маҳмадёр 16 январи соли 1983 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад.
Соли 2005 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Унвонҷӯй (соискатель) буда, забонҳои русӣ, олмонӣ ва англисиро медонад.
Фаъолияти меҳнатии худро аз солҳои донишҷӯӣ оғоз намуда, дар давоми фаъолият дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ ва хоҷагидорӣ таҷрибаи ғании корӣ андӯхтааст.
Солҳои 2001–2005 донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон буд.
Солҳои 2005–2007 ҳамчун муҳосиби шуъбаи муҳосиботи муассисаи давлатии «Агентии обуҳавошиносӣ» фаъолият намудааст.
Аз апрел то октябри соли 2007 дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон курси омӯзишии “Менеҷменти аграрӣ”-ро гузашт.
Солҳои 2007–2008 мутахассиси пешбари Раёсати илм ва сиёсати кадрии Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Солҳои 2008–2010 дар Лоиҳаи хавфи обхезӣ дар вилояти Хатлон ҳамчун муҳосиб-хазинадор кор кардааст.
Солҳои 2010–2011 сармутахассиси молиявии Маркази идораи Лоиҳаи барқарорсозии системаҳои ирригатсионии назди Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Солҳои 2011–2013 вазифаи муҳосиби калонро дар филиали Ширкати саҳомии “Innovative Road Solution LTD” (IRS) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дошт.
Солҳои 2013–2015 раиси Раёсати хоҷагии зотпарварии ба номи Раҳим Аслиддинов дар ноҳияи Айнӣ фаъолият намудааст.
Солҳои 2015–2017 раиси Ҷамоати деҳоти Анзоб буд.
Солҳои 2017–2020 роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Айнӣ таъин гардида, фаъолияти пурсамар анҷом додааст.
Солҳои 2020–2023 раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ фаъолият намудааст.
Аз феврали соли 2023 то моҳи январи соли 2025 дар вазифаи муовини раиси ноҳияи Айнӣ кор кардааст.
Аз моҳи январи соли 2025 то имрӯз дар вазифаи Раиси ноҳияи Айнӣ фаъолият менамояд.
Раҳимзода Равшан Маҳмадёр вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ (даъвати VI) мебошад.
Оиладор буда, суроғаи истиқоматиаш ноҳияи Айнӣ, шаҳраки Зарафшон мебошад.
Муовини якуми Раиси ноҳияи Айнӣ

Шарҳи ҳол
Раҳматзода Сӯҳроб Мирзо 15 майи соли 1973 дар ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик мебошад. Таҳсилоти олӣ дошта, соли 1996 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Унвони илмӣ надорад. Забонҳои русӣ ва англисиро медонад. Оиладор аст. Суроғаи истиқоматӣ: шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 8, хонаи 50, ҳуҷраи 44.
Фаъолияти меҳнатии худро соли 1997 оғоз намуда, дар низоми бонкии ҷумҳурӣ солҳои тӯлонӣ фаъолият кардааст. Солҳои 1997–1998 ҳамчун нозири шуъбаи нафақаи Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» дар шаҳри Душанбе кор кардааст. Солҳои 1998 (моҳҳои март–июл) нозири пешбари ҳамин раёсат буда, солҳои 1998–2002 дар вазифаи муовини сардори идораи нафақаи Раёсати «Амонатбонк» дар шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Соли 2002 (моҳҳои март–август) муовини сармуҳосиби идораи ҳисоббароркунии Раёсати «Амонатбонк» таъин гардида, солҳои 2002–2012 ҳамчун муовини сардори идораи ҳисоббароркунии бо арзи миллии ҳамин раёсат фаъолият кардааст. Солҳои 2012–2014 вазифаи мудири филиали №28 БДА ҶТ «Амонатбонк»-и ноҳияи Зафарободро ба уҳда доштааст. Дар солҳои 2014–2016 мудири филиали №25 БДА ҶТ «Амонатбонк»-и ноҳияи Айнӣ буд.
Соли 2016 (моҳҳои май–декабр) ҳамчун иқтисодчии асосии шуъбаи қарзии сарфилиали «Амонатбонк» дар шаҳри Хуҷанд кор карда, аз соли 2016 то январи соли 2019 боз ба ҳайси мудири филиали №28 БДА ҶТ «Амонатбонк»-и ноҳияи Зафаробод фаъолият намудааст.
Аз 4 феврали соли 2019 то имрӯз Раҳматзода Сӯҳроб Мирзо дар мансаби муовини якуми раиси ноҳияи Айнӣ фаъолият дорад.
Муовини Раиси ноҳияи Айнӣ

Шарҳи ҳол
Саидзода Зебо Зиёвиддин 25 феврали соли 1988 дар ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик мебошад. Таҳсилоти олӣ дошта, соли 2011 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси омӯзгори забони англисӣ хатм намудааст. Унвони илмӣ надорад. Забони русиро медонад. Оиладор аст. Суроғаи истиқоматӣ: ноҳияи Айнӣ, деҳаи Искодар. Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия мебошад. Ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида нашудааст.
Фаъолияти меҳнатии худро соли 2011 оғоз намудааст. Солҳои 2011–2015 ҳамчун омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 фаъолият кардааст. Солҳои 2015–2018 директори Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрал буд.
Дар солҳои 2018–2020 вазифаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айниро ба уҳда дошт. Солҳои 2020–2022 ҳамчун котиби Ҷамоати деҳоти Айнӣ фаъолият намуда, солҳои 2022–2024 раиси Ҷамоати деҳоти Айнӣ буд.
Аз 17 июли соли 2024 то имрӯз Саидзода Зебо Зиёвиддин дар мансаби муовини Раиси ноҳияи Айнӣ кор мекунад.
Муовини Раиси ноҳияи Айнӣ

Шарҳи ҳол
Мукаррамзода Фарҳод 7 октябри соли 1982 дар деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Миллат — тоҷик.
Соли 2009 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси таърихшинос, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ хатм намудааст. Унвони илмӣ надорад. Ба забонҳои русӣ ва англисӣ (дар сатҳи омӯзиш) ҳарф мезанад.
Фаъолияти меҳнатии худро соли 2009 ҳамчун омӯзгори МТМУ №15 деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ оғоз намудааст. Солҳои 2014–2019 ҳамчун мутахассиси пешбари бахши Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи ноҳияи Айнӣ фаъолият кардааст. Солҳои 2019–2022 сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ буд.
Аз соли 2022 то соли 2025 вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣро ба уҳда дошт. Аз моҳи апрели соли 2025 то инҷониб ҳамчун муовини раиси ноҳияи Айнӣ фаъолият менамояд.
Оиладор буда, соҳиби чор фарзанд мебошад
Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Айнӣ

Шарҳи ҳол
Мавлонов Беҳруз Абдурабиевич 26 декабри соли 1985 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик мебошад.
Соли 2008 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном-ҷангалпарвар хатм намудааст. Унвони илмӣ надорад. Забони русиро медонад.
Фаъолияти меҳнатии худро соли 2008 ҳамчун ходими хурди илмӣ дар Институти илмӣ-тадқиқотии боғдорӣ ва сабзавоткорӣ оғоз намудааст. Солҳои 2012–2015 дар вазифаи иқтисодчӣ ва солҳои 2015–2017 ҳамчун сармуҳосиб дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ фаъолият кардааст.
Аз соли 2017 то моҳи сентябри соли 2025 вазифаи директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣро ба уҳда дошт. Дар ин давра дар рушди соҳаи ҷангал, ҳифзи муҳити зист ва такмили фаъолияти хоҷагии ҷангал саҳми назаррас гузоштааст.
Аз моҳи сентябри соли 2025 то имрӯз дар вазифаи Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Айнӣ фаъолият менамояд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

Автобиография
Халифаев Шамсиддин Маликович родился 20 ноября 1979 года в селе Айни Айнинского района Согдийской области Республики Таджикистан в семье простых трудолюбивых людей. Воспитание в атмосфере уважения к труду, честности и ответственности оказало большое влияние на формирование его характера, жизненных принципов и профессионального мировоззрения.
В 1987 году поступил в среднюю общеобразовательную школу №1 села Айни, которую успешно окончил в 1998 году. Уже в школьные годы проявлял особый интерес к литературе, истории, журналистике и общественной деятельности, активно участвовал в культурных и общественных мероприятиях.
В 1998 году поступил на факультет журналистики и перевода, который окончил в 2003 году по специальности журналист-переводчик. За годы учёбы зарекомендовал себя как способный, целеустремлённый и дисциплинированный студент, успешно овладевший навыками журналистики, перевода, публицистики и аналитической работы.
Трудовую деятельность начал в июле 2003 года в Комитете по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан, где работал редактором культурно-музыкальных программ. За время работы проявил себя как талантливый редактор, творческий организатор и инициативный специалист. Благодаря профессионализму, ответственности и современному подходу к работе заслужил уважение коллег, слушателей и руководства.
В 2011 году был назначен заместителем директора детско-юношеской спортивной школы Айнинского района, где работал до 2014 года. В период своей деятельности внёс значительный вклад в развитие спортивной сферы района, совершенствование организационной работы, внедрение современных методов управления и повышение уровня ответственности сотрудников.
С 2014 года продолжил трудовую деятельность в системе жилищно-коммунального хозяйства Айнинского района в должности бухгалтера абонентского отдела. На данной должности принимал активное участие в улучшении качества коммунального обслуживания населения, решении социальных вопросов и совершенствовании системы учёта и обслуживания абонентов.
С апреля 2017 года по февраль 2019 года работал директором Историко-краеведческого музея Айнинского района при отделе культуры. За этот период внёс весомый вклад в развитие музейного дела, сохранение историко-культурного наследия и популяризацию национальной культуры. По его инициативе и при непосредственном участии в сёлах Айнинского района было собрано около 600 экспонатов, имеющих историческую и национальную ценность. Организовывал культурно-просветительские мероприятия, выставки, встречи и научно-познавательные программы, направленные на сохранение богатого наследия Зарафшанской долины.
С февраля 2019 года по настоящее время является главным редактором Государственного учреждения редакции газеты «Файзи Зарафшон» — официального печатного издания Айнинского района. Одновременно исполняет обязанности руководителя пресс-службы председателя Айнинского района. В рамках своей деятельности отвечает за подготовку, редактирование и регулярный выпуск газеты, а также за объективное и всестороннее освещение общественно-политической, социально-экономической и культурной жизни района.
Шамсиддин Халифаев является современным таджикским журналистом, публицистом, краеведом и общественным деятелем. Его профессиональная и творческая деятельность направлена на продвижение государственной политики, укрепление национального самосознания, популяризацию достижений государственной независимости Республики Таджикистан, а также сохранение и представление историко-культурного наследия страны.
Особое место в его деятельности занимает исследование и популяризация древних исторических памятников, этнографии, природы и туристического потенциала Горного Зарафшана и Айнинского района. В своих публикациях и общественной работе он широко освещает историю, этимологию географических названий, культурные традиции, природные богатства и туристические возможности Зарафшанской долины, в особенности исторических сёл Айнинского района.
Большое внимание уделяет изучению истории таджикского народа, цивилизации древнего Согда — начиная с эпохи «Авесты» и до современности, вопросам исламской цивилизации, восточной философии и традиционной медицины. Является автором многочисленных научно-популярных и публицистических материалов, посвящённых историческому и духовному наследию таджикского народа.
Активно занимается общественно-просветительской деятельностью, участвует в развитии регионального медиапространства, а также ведёт страницы в социальных сетях, посвящённые истории, культуре, достижениям и современной жизни Айнинского района и Зарафшанской долины.
За многолетнюю плодотворную деятельность, высокий профессионализм и значительный вклад в развитие журналистики, культуры и общественной жизни неоднократно награждался почётными грамотами, благодарностями и общественными наградами.
Женат, имеет детей.
Тарҷумаи ҳол
Халифаев Шамсиддин Маликович 20 ноябри соли 1979 дар деҳаи Айнии ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи одии меҳнаткаш ба дунё омадааст. Тарбияи оилавӣ дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, ростқавлӣ ва масъулиятшиносӣ дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, хислат ва фаъолияти касбии ӯ нақши муҳим гузоштааст.
Соли 1987 ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и деҳаи Айнӣ дохил шуда, онро соли 1998 бомуваффақият хатм намудааст. Ҳанӯз аз солҳои мактабхонӣ ба адабиёт, таърих, рӯзноманигорӣ ва корҳои ҷамъиятӣ шавқу рағбати зиёд дошт ва дар чорабиниҳои фарҳангиву ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекард.
Соли 1998 ба факултети журналистика ва тарҷумонӣ дохил шуда, соли 2003 онро бо ихтисоси рӯзноманигор-тарҷумон хатм намудааст. Дар давраи таҳсил худро ҳамчун донишҷӯи фаъол, боистеъдод ва ҳадафманд нишон дода, нозукиҳои касбии рӯзноманигорӣ, тарҷума ва фаъолияти таҳлилӣ-публитсистиро аз худ кардааст.
Фаъолияти меҳнатии худро моҳи июли соли 2003 дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, дар вазифаи муҳаррири барномаҳои фарҳангӣ ва мусиқӣ фаъолият кардааст. Дар ин давра худро ҳамчун муҳаррири соҳибистеъдод, ташаббускор ва ташкилотчии эҷодкор муаррифӣ намуда, бо масъулиятшиносӣ ва касбияти баланд соҳиби эҳтироми ҳамкорон ва шунавандагон гардидааст.
Соли 2011 ба вазифаи муовини директори мактаби варзишии бачагона ва наврасони ноҳияи Айнӣ таъин гардида, то соли 2014 дар ин вазифа фаъолият намудааст. Дар ин муддат дар рушди соҳаи варзиш, такмили фаъолияти ташкилӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ ва баланд бардоштани масъулияти кормандон саҳми назаррас гузоштааст.
Аз соли 2014 фаъолияти меҳнатии худро дар бахши хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Айнӣ дар вазифаи муҳосиби шуъбаи абонентӣ идома додааст. Дар ин вазифа дар беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва такмили низоми хизматрасонӣ саҳми фаъол гузоштааст.
Аз моҳи апрели соли 2017 то моҳи феврали соли 2019 директори Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Айнӣ назди шуъбаи фарҳанг буд. Дар ин давра барои рушди кори осорхона, ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ саҳми арзишманд гузоштааст. Бо ташаббус ва иштироки бевоситаи ӯ аз деҳаҳои ноҳияи Айнӣ зиёда аз 600 нигораҳои дорои аҳамияти таърихию миллӣ ҷамъоварӣ гардидааст. Ҳамчунин, чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ, намоишгоҳҳо ва барномаҳои илмӣ-маърифатиро роҳандозӣ намудааст.
Аз моҳи феврали соли 2019 то имрӯз сармуҳаррири Муассисаи давлатии идораи рӯзномаи «Файзи Зарафшон» — нашрияи расмии ноҳияи Айнӣ мебошад. Ҳамзамон вазифаи роҳбари хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айниро ба уҳда дорад. Дар ин вазифа барои таҳия, таҳрир ва нашри мунтазами рӯзнома, инчунин инъикоси воқеъбинонаи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳия масъул мебошад.
Шамсиддин Халифаев рӯзноманигор, публитсист, кишваршинос ва фаъоли ҷамъиятии муосири тоҷик мебошад. Самти асосии фаъолияти эҷодӣ ва касбии ӯ ба тарғиби сиёсати давлатӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, муаррифии дастовардҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзу муаррифии мероси таърихию фарҳангии кишвар равона гардидааст.
Дар фаъолияти худ ба омӯзиш ва муаррифии ёдгориҳои бостонӣ, этнография, табиат ва имкониятҳои сайёҳии кӯҳистони Зарафшон ва ноҳияи Айнӣ диққати махсус медиҳад. Дар мақолаҳо ва навиштаҳои худ доир ба таърих, этимологияи номҳои ҷуғрофӣ, фарҳанг, анъанаҳо, табиат ва имкониятҳои сайёҳии водии Зарафшон, бахусус деҳаҳои таърихии ноҳияи Айнӣ маълумоти арзишманд пешниҳод менамояд.
Ҳамчунин ба омӯзиши таърихи халқи тоҷик, тамаддуни Суғди бостонӣ аз давраи «Авесто» то имрӯз, масоили тамаддуни исломӣ, фалсафаи шарқ ва тибби анъанавӣ таваҷҷуҳи махсус дорад. Муаллифи мақолаҳо ва маводи сершумори илмӣ-оммавӣ ва публитсистӣ оид ба мероси таърихиву маънавии халқи тоҷик мебошад.
Фаъолона ба корҳои ҷамъиятӣ ва маърифатӣ машғул буда, дар рушди фазои иттилоотии минтақа саҳм мегузорад. Ҳамчунин саҳифаҳои иҷтимоиро оид ба таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳаёти муосири ноҳияи Айнӣ ва водии Зарафшон фаъолона пеш мебарад.
Барои фаъолияти пурсамар, касбияти баланд ва саҳми арзанда дар рушди журналистика, фарҳанг ва ҳаёти ҷамъиятӣ бо ифтихорномаҳо, сипосномаҳо ва мукофотҳои ҷамъиятӣ қадрдонӣ шудааст.
Оиладор, соҳиби фарзандон мебошад.