Раиси ноҳияи Айнӣ

Раҳимзода Равшан Маҳмадёр
Раҳимзода Равшан Маҳмадёр 16 январи соли 1983 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад.
Соли 2005 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Унвонҷӯй (соискатель) буда, забонҳои русӣ, олмонӣ ва англисиро медонад.
Фаъолияти меҳнатии худро аз солҳои донишҷӯӣ оғоз намуда, дар давоми фаъолият дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ ва хоҷагидорӣ таҷрибаи ғании корӣ андӯхтааст.
Солҳои 2001–2005 донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон буд.
Солҳои 2005–2007 ҳамчун муҳосиби шуъбаи муҳосиботи муассисаи давлатии «Агентии обуҳавошиносӣ» фаъолият намудааст.
Аз апрел то октябри соли 2007 дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон курси омӯзишии “Менеҷменти аграрӣ”-ро гузашт.
Солҳои 2007–2008 мутахассиси пешбари Раёсати илм ва сиёсати кадрии Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Солҳои 2008–2010 дар Лоиҳаи хавфи обхезӣ дар вилояти Хатлон ҳамчун муҳосиб-хазинадор кор кардааст.
Солҳои 2010–2011 сармутахассиси молиявии Маркази идораи Лоиҳаи барқарорсозии системаҳои ирригатсионии назди Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Солҳои 2011–2013 вазифаи муҳосиби калонро дар филиали Ширкати саҳомии “Innovative Road Solution LTD” (IRS) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дошт.
Солҳои 2013–2015 раиси Раёсати хоҷагии зотпарварии ба номи Раҳим Аслиддинов дар ноҳияи Айнӣ фаъолият намудааст.
Солҳои 2015–2017 раиси Ҷамоати деҳоти Анзоб буд.
Солҳои 2017–2020 роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Айнӣ таъин гардида, фаъолияти пурсамар анҷом додааст.
Солҳои 2020–2023 раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ фаъолият намудааст.
Аз феврали соли 2023 то моҳи январи соли 2025 дар вазифаи муовини раиси ноҳияи Айнӣ кор кардааст.
Аз моҳи январи соли 2025 то имрӯз дар вазифаи Раиси ноҳияи Айнӣ фаъолият менамояд.
Раҳимзода Равшан Маҳмадёр вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ (даъвати VI) мебошад.