Ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

ВАЗЪИ СОҲАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ

Дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Барномаи милии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026”, “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти милли ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026” ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба рушди соҳаи ҷавонон таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мегардад.

Шумораи ҷавонон дар ноҳия 26 ҳазору 500 нафар буда 28,0 фоизи аҳолиро дар бармегирад ва аз ин шумора 13 ҳазору 100 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Шумораи ҷавонони  роҳбарикунанда 14 нафар, аз он 7 нафар занонро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар ноҳия 90 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин   1 варзишгоҳ, 26 толори варзишӣ, 1 толори махсуси варзишӣ, 61 майдончаҳои варзишӣ,  1 Қасри Паҳлавонони Сӯғдӣ  ва 1 майдони бозии баскетбол фаъолият доранд.

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлати ҷавонон ва варзиш дар давраи ҳисоботӣ баҳри рушди инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ноҳия 30  маротиба хонишҳои сиёсӣ бо усули “Мактаб ба Мактаб” гузаронида шудааст.

Дар давраи ҳисоботи аз ҷониби аъзоёни “Пайравони Пешвои Миллат”-и назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва наврасони ҳудуди ноҳия тибқи нақша пайваста корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ гузаронида шуда истодааст, 60 нафар ҷавонон дарси “Пайравони Пешвои Миллат” то моҳи майи соли ҷори гузаронида шуда истодааст.

Барои ҳавасмандгардонии ҷавонони ноҳия ба 115 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 30 нафар стипендияи  Президентӣ,  70 нафар стипендияи Раиси ноҳия ва 15 нафар стипендияи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия супорида шуданд.

 

Back to top button