Саноат ва иқтисод
СОҲАИ САНОАТ
Бо мақсади татбиқи амалии вазифаҳои барномавии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ва татбиқи “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025”, барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаи саноат, таъмини фаъолияти бомароми корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳавӣ ва таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли рақобатпазири ватанӣ, бо истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда мунтазам чораву тадбирҳои зарӯрӣ амалӣ намуда истодааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия дар се моҳи аввали соли 2024 ба 1 миллиарду 248 миллиону 122,1 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 622 миллиону 777,7 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 199,6 фоизро ташкил менамояд.
Бояд қайд намуд, ки аз тарафи Ширкати металлургии Анзоб 3 ҳазору 487 тонна метали сурма истеҳсол карда шуд, ки иҷрои он 142,0 фоизро дар бар мегирад. Ҳамзамон, Ширкати мазкур 115,4 тонна метали симоб истеҳсол намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 121,5 фоизро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли консентрати сурма аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико “Анзоб” ба 13 ҳазору 649 тонна расонида шуд, ки назар ба соли гузаша 1023 тонна зиёд буда, ин нишондиҳанда 108,1 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра корхонаҳои ангишт истеҳсолкунанда 167 ҳазору 107 тонна ангишт истихроҷ карданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 18 ҳазору 544 тонна кам мебошад ва иҷрои он 90 фоизро ташкил медиҳад.
Дар се моҳи аввали соли 2024 2 корхонаи нави саноати навтаъсис ба қайд гирифта шудааст.