Меъморӣ

СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

Сохтмон ва меъморӣ натанҳо дар ноҳия балки дар ҷумҳурӣ яке аз соҳаҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, сол то сол дар ватани азизамон ҳусни зебо ва биною иншоотҳои ба талаботи муосир ҷавобгӯйро ба соҳибкорону шаҳрвандон пешниҳод менамояд.

Вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022 таҳти №311 “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳия сохта ба истифода додани 595 адад  иншоотҳои таъиноташон гуногун ба нақша гирифта аз ин теъдод  13 адад коргоҳу корхонаҳои нави саноатиро ташкил медиҳад, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ “Саноатикунонии босуръати кишвар” ва “Солҳои рушди саноат” мусоидат мекунад. Аз 595 адад иншоотҳои таъиноташон гуногун дар соли 2022 – 133 адад иншоот бо таъсиси 162 адад ҷойҳои нави корӣ, дар соли 2023 – 99 адад иншоот бо таъсиси 139 адад ҷойҳои нави корӣ ва дар семоҳаи аввали соли 2024-45 адад иншоот бо таъсиси 50 адад ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода, ба ҳисоботи оморӣ ворид карда шуд, ки ҷамъи иншоотҳои сохта ба истифода додашуда аз нақшаи тасдиқгардида 46,6%-ро ташкил медиҳад.

Дар се моҳи аввали соли равон дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ пешравиҳо назаррас буда, дар ин давра дар ҳаҷми 1595,0 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуда, корҳои сохтмонию васлгарӣ ба маблағӣ 6 миллиону 177 ҳазор сомонӣ иҷро гардидаанд.

Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар се моҳи аввали соли 2024 ба маблағи 6 миллиону 559 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудаааст

Дар се моҳи аввали соли 2024 аз ҳисоби сарчашмаҳо 1 ҳазору 447 метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба масоҳати 864  метри мураббаъ зиёд мебошад.

Айни замон дар ноҳия сохтмони бинои Чойхонаи миллӣ ва маҷмааи фарҳангӣ дар деҳаи Сангистони Ҷамоати деҳоти Айнӣ, сохтмони  бинои мактаб барои 264 хонанда дар мавзеи “Дашти Ҳаштсар”-и Ҷамоати деҳоти  Айнӣ, бинои мактаб барои 240 хонанда дар деҳаи Фатмеви Ҷамоати деҳоти Рарз, сохтмони бинои истиқоматии 72 ҳуҷрагӣ дар шаҳраки Зарафшон-1, таъмири шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии ноҳия, корхонаи истеҳсоли семент дар мавзеи “Талоқи Марзич”-и Ҷамоати деҳоти Анзоб, бинои муассисаи таълимии иловагӣ барои 360 хонанда дар деҳаи Ревади Ҷамоати деҳоти Урметан ва дигар биною иншоотҳои таъиноташон гуногун идома дошта, корҳои лоиҳакашии гулгашти шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ва бинои муассисаи таълимӣ дар деҳаи Фатмовути Ҷамоати деҳоти Рарз дар арафаи анҷомёбист.

Back to top button