СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА, МАРКАЗИ    ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ҲИФЗИ  ИҶТИМОИ АҲОЛӢ

СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА, МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ ВА ҲИФЗИ  ИҶТИМОИ АҲОЛӢ

Дар давраи ҳисоботи ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 18 миллиону 842,2 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинигашта 4 миллиону 044,2 ҳазор сомонӣ зиёд, ё ин ки 127 фоиз таъмин гардидааст.

Талаботи нафақа дар ин давра 10 миллиону 776,5 ҳазор сомонӣ ва шумораи умумии нафақагирон 9627 нафарро ташкил дода, андозаи миёнаи нафақа дар ин давра ба 375 сомонӣ баробар шудааст.

 Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта”-и ноҳия дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби ҳамаи намудҳои суғурта ба маблағи 34,9 ҳазор сомонӣ пардохтҳои суғуртавӣ ворид намудааст, ки баробарӣ 48,0 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, дар қиёс нисбати соли гузашта 5,2 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ба 146 нафар шахсони ниёзманди дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта хизматҳои иҷтимоӣ, тиббӣ, равонӣ ва ҳуқуқӣ расонидааст, ки аз ин шумора 82 нафар маъюбон аз ҷумла маъюби гӯруҳи якум 27 нафар, маъюби гӯруҳи дуюм 27 нафар, маъюби гӯруҳи сеюм 5 нафар ва кӯдакони маъюб 23 нафар мебошанд. Шахсони яккаву танҳо 38 нафар буда, пиронсолони эҳтиёҷманд 26 нафарро ташкил медиҳанд. Ба шахсони ниёзманд дар як ҳафта ду маротиба хизматҳои иҷтимоӣ-маишӣ, иҷтимоӣ-тиббӣ, иҷтимоӣ-равонӣ ва иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ расонида мешавад.

Вобаста ба татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои камбизоат, маъюбон, ятиму барҷомандагон ва бепарасторон дар арафаи ҷашнҳои миллӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони саховатпеша ба маблағи умиумии 106 ҳазору 300 сомонӣ кӯмакҳои яквақтаинаи моддӣ ва молиявӣ расонида шуд.

Дар ин давра шумораи оилаҳои камбизоате, ки аз кӯмаки унвонии иҷтимоӣ бархурдор шудаанд 1178 нафарро ташкил медиҳад.

Дар асоси қарорҳои Раиси вилоят ба 35 нафар маъюб, маъюби Артиши шуравӣ, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ ва дигар маъюбон ба маблағи 10,9 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ дастрас карда шуд.

Инчунин дар асоси муроҷиати маъюбон ба 2 нафар аробачаи маъюби дастрас карда шудааст.

Ба 13  нафар аз ҷониби шуъбаи агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа  ба маблағи  21,4 ҳазору сомонӣ кумакпули барои дафн пардохт гардид.

Back to top button