Сармоягузорӣ
СОҲИБКОРӢ ВА САРМОЯГУЗОРӢ
Таъмини рушди соҳибкории хурду миёна ва ба ин васила таъсис намудани ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мебошад.
Тибқи маълумоти оморӣ дар давраи ҳисоботӣ 2233 нафар соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 250 нафар бо патент, 444 нафар бо шаҳодатнома бо тартиби махсус, 1141 хоҷагиҳои деҳқонӣ, шахси ҳуқуқи 247 нафар ва 151 нафар тариқи шаҳодатнома фаъолият менамоянд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин давра фаъолияти 12 субъекти фаъолияткунанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 зиёд шудааст. Дар ин давра аз ҳисоби соҳибкорон 3 миллиону 123,0 ҳазор сомонӣ маблағ ба буҷет ворид гаштааст.
Дар се моҳи соли равон аз тарафи бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо 9 нафар шаҳрвандон оид ба истифодабарии амволи давлатӣ шартнома ба маблағи 26 ҳазору 184 сомони баста ба иҷора дода шудааст.
Ба ҳолати имрўза дар ноҳия 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 16727,33 млн доллари ИМА амалӣ шуда истодааст. Маблағи умумии азхудкардашуда 16727,33 млн доллари ИМА ё 100 фоизи маблағи умумии лоиҳаҳоро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади дастрасии соҳибкорон ва эҳтиёҷмандон ба хизматрасонии бонкӣ аз тарафи муассисаҳои бонкии ноҳия ба 1566 нафар ба маблағи 10 миллиону 638 ҳазор сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 74 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ маблағҳои интиқол дода шуда 66 миллиону 848 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 70,6 %-ро дар бар мегирад. Ин рақам бозгӯи он аст, ки сол то сол сатҳи муҳоҷират коҳиш ёфта, кормандон дар корхонаҳои маҳаллӣ соҳиби ҷойи корӣ гаштаанд.