Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ
Роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ин ташкилоту муассисаҳо
Раиси ноҳияи Айнӣ

Шарҳи ҳол
Раҳимзода Равшан Маҳмадёр 16 январи соли 1983 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад.
Соли 2005 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Унвонҷӯй (соискатель) буда, забонҳои русӣ, олмонӣ ва англисиро медонад.
Фаъолияти меҳнатии худро аз солҳои донишҷӯӣ оғоз намуда, дар давоми фаъолият дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ ва хоҷагидорӣ таҷрибаи ғании корӣ андӯхтааст.
Солҳои 2001–2005 донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон буд.
Солҳои 2005–2007 ҳамчун муҳосиби шуъбаи муҳосиботи муассисаи давлатии «Агентии обуҳавошиносӣ» фаъолият намудааст.
Аз апрел то октябри соли 2007 дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон курси омӯзишии “Менеҷменти аграрӣ”-ро гузашт.
Солҳои 2007–2008 мутахассиси пешбари Раёсати илм ва сиёсати кадрии Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Солҳои 2008–2010 дар Лоиҳаи хавфи обхезӣ дар вилояти Хатлон ҳамчун муҳосиб-хазинадор кор кардааст.
Солҳои 2010–2011 сармутахассиси молиявии Маркази идораи Лоиҳаи барқарорсозии системаҳои ирригатсионии назди Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Солҳои 2011–2013 вазифаи муҳосиби калонро дар филиали Ширкати саҳомии “Innovative Road Solution LTD” (IRS) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дошт.
Солҳои 2013–2015 раиси Раёсати хоҷагии зотпарварии ба номи Раҳим Аслиддинов дар ноҳияи Айнӣ фаъолият намудааст.
Солҳои 2015–2017 раиси Ҷамоати деҳоти Анзоб буд.
Солҳои 2017–2020 роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Айнӣ таъин гардида, фаъолияти пурсамар анҷом додааст.
Солҳои 2020–2023 раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ фаъолият намудааст.
Аз феврали соли 2023 то моҳи январи соли 2025 дар вазифаи муовини раиси ноҳияи Айнӣ кор кардааст.
Аз моҳи январи соли 2025 то имрӯз дар вазифаи Раиси ноҳияи Айнӣ фаъолият менамояд.
Раҳимзода Равшан Маҳмадёр вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Айнӣ (даъвати VI) мебошад.
Оиладор буда, суроғаи истиқоматиаш ноҳияи Айнӣ, шаҳраки Зарафшон мебошад.
Муовини якуми Раиси ноҳияи Айнӣ

Шарҳи ҳол
Раҳматзода Сӯҳроб Мирзо 15 майи соли 1973 дар ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик мебошад. Таҳсилоти олӣ дошта, соли 1996 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Унвони илмӣ надорад. Забонҳои русӣ ва англисиро медонад. Оиладор аст. Суроғаи истиқоматӣ: шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 8, хонаи 50, ҳуҷраи 44.
Фаъолияти меҳнатии худро соли 1997 оғоз намуда, дар низоми бонкии ҷумҳурӣ солҳои тӯлонӣ фаъолият кардааст. Солҳои 1997–1998 ҳамчун нозири шуъбаи нафақаи Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» дар шаҳри Душанбе кор кардааст. Солҳои 1998 (моҳҳои март–июл) нозири пешбари ҳамин раёсат буда, солҳои 1998–2002 дар вазифаи муовини сардори идораи нафақаи Раёсати «Амонатбонк» дар шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Соли 2002 (моҳҳои март–август) муовини сармуҳосиби идораи ҳисоббароркунии Раёсати «Амонатбонк» таъин гардида, солҳои 2002–2012 ҳамчун муовини сардори идораи ҳисоббароркунии бо арзи миллии ҳамин раёсат фаъолият кардааст. Солҳои 2012–2014 вазифаи мудири филиали №28 БДА ҶТ «Амонатбонк»-и ноҳияи Зафарободро ба уҳда доштааст. Дар солҳои 2014–2016 мудири филиали №25 БДА ҶТ «Амонатбонк»-и ноҳияи Айнӣ буд.
Соли 2016 (моҳҳои май–декабр) ҳамчун иқтисодчии асосии шуъбаи қарзии сарфилиали «Амонатбонк» дар шаҳри Хуҷанд кор карда, аз соли 2016 то январи соли 2019 боз ба ҳайси мудири филиали №28 БДА ҶТ «Амонатбонк»-и ноҳияи Зафаробод фаъолият намудааст.
Аз 4 феврали соли 2019 то имрӯз Раҳматзода Сӯҳроб Мирзо дар мансаби муовини якуми раиси ноҳияи Айнӣ фаъолият дорад.
Муовини Раиси ноҳияи Айнӣ

Шарҳи ҳол
Саидзода Зебо Зиёвиддин 25 феврали соли 1988 дар ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик мебошад. Таҳсилоти олӣ дошта, соли 2011 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси омӯзгори забони англисӣ хатм намудааст. Унвони илмӣ надорад. Забони русиро медонад. Оиладор аст. Суроғаи истиқоматӣ: ноҳияи Айнӣ, деҳаи Искодар. Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия мебошад. Ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида нашудааст.
Фаъолияти меҳнатии худро соли 2011 оғоз намудааст. Солҳои 2011–2015 ҳамчун омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 фаъолият кардааст. Солҳои 2015–2018 директори Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрал буд.
Дар солҳои 2018–2020 вазифаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айниро ба уҳда дошт. Солҳои 2020–2022 ҳамчун котиби Ҷамоати деҳоти Айнӣ фаъолият намуда, солҳои 2022–2024 раиси Ҷамоати деҳоти Айнӣ буд.
Аз 17 июли соли 2024 то имрӯз Саидзода Зебо Зиёвиддин дар мансаби муовини Раиси ноҳияи Айнӣ кор мекунад.
Муовини Раиси ноҳияи Айнӣ

Шарҳи ҳол
Мукаррамзода Фарҳод 7 октябри соли 1982 дар деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Миллат — тоҷик.
Соли 2009 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси таърихшинос, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ хатм намудааст. Унвони илмӣ надорад. Ба забонҳои русӣ ва англисӣ (дар сатҳи омӯзиш) ҳарф мезанад.
Фаъолияти меҳнатии худро соли 2009 ҳамчун омӯзгори МТМУ №15 деҳаи Зерободи ноҳияи Айнӣ оғоз намудааст. Солҳои 2014–2019 ҳамчун мутахассиси пешбари бахши Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи ноҳияи Айнӣ фаъолият кардааст. Солҳои 2019–2022 сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ буд.
Аз соли 2022 то соли 2025 вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣро ба уҳда дошт. Аз моҳи апрели соли 2025 то инҷониб ҳамчун муовини раиси ноҳияи Айнӣ фаъолият менамояд.
Оиладор буда, соҳиби чор фарзанд мебошад
Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Айнӣ

Шарҳи ҳол
Мавлонов Беҳруз Абдурабиевич 26 декабри соли 1985 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик мебошад.
Соли 2008 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном-ҷангалпарвар хатм намудааст. Унвони илмӣ надорад. Забони русиро медонад.
Фаъолияти меҳнатии худро соли 2008 ҳамчун ходими хурди илмӣ дар Институти илмӣ-тадқиқотии боғдорӣ ва сабзавоткорӣ оғоз намудааст. Солҳои 2012–2015 дар вазифаи иқтисодчӣ ва солҳои 2015–2017 ҳамчун сармуҳосиб дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ фаъолият кардааст.
Аз соли 2017 то моҳи сентябри соли 2025 вазифаи директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣро ба уҳда дошт. Дар ин давра дар рушди соҳаи ҷангал, ҳифзи муҳити зист ва такмили фаъолияти хоҷагии ҷангал саҳми назаррас гузоштааст.
Аз моҳи сентябри соли 2025 то имрӯз дар вазифаи Роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Айнӣ фаъолият менамояд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

Шарҳи ҳол
Халифаев Шамсиддин Маликович 20-уми ноябри соли 1979 дар деҳаи Айнии ноҳияи Айнӣ, вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Муҳити содда ва меҳнатдӯсти оила дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, масъулиятшиносӣ ва касбияти ӯ нақши муҳим бозидааст.
Таҳсили худро соли 1987 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и деҳаи Айнӣ оғоз намуда, онро соли 1998 бомуваффақият хатм кардааст. Ҳамон сол ба факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2003 онро бо ихтисоси журналист-тарҷумон бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиаш аз моҳи июли соли 2003 оғоз гардида, дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Радиои Тоҷикистон, ба ҳайси муҳаррири барномаҳои мусиқӣ фаъолият намудааст. Дар тӯли ҳашт сол ҳамчун муҳаррир ва созмондиҳандаи барномаҳо фаъолияти самаранок анҷом дода, бо маҳорати эҷодӣ ва ташаббускорӣ дар байни ҳамкорон ва шунавандагон эътибор пайдо кардааст.
Соли 2011 ба вазифаи муовини директори мактаби варзишии наврасону кӯдакони ноҳияи Айнӣ таъин гардида, то соли 2014 дар ин вазифа фаъолият намудааст. Дар ин давра барои рушди соҳаи варзиш, ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ ва боло бурдани масъулиятшиносӣ саҳм гузоштааст.
Аз соли 2014 фаъолияти кориашро дар вазифаи ҳисобчии шуъбаи абоненти Хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Айнӣ идома дода, дар беҳтар намудани хизматрасониҳои коммуналӣ ва қонеъ гардонидани ниёзҳои иҷтимоии аҳолӣ саҳм гузоштааст.
Аз моҳи апрели соли 2017 то феврали соли 2019 дар бахши фарҳанги ноҳияи Айнӣ ба ҳайси директори Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия фаъолият намудааст. Дар ин вазифа барои рушди фаъолияти осорхона, тарғиби таърих ва фарҳанги миллӣ, инчунин баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ саҳми назаррас гузоштааст.
Аз моҳи феврали соли 2019 то инҷониб дар вазифаи сармуҳаррири Муассисаи давлатии рӯзномаи “Файзи Зарафшон”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ фаъолият намуда, ҳамзамон уҳдадории масъули Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айниро ба иҷро мерасонад. Дар ин вазифа барои таҳия, таҳрир ва нашри мунтазами рӯзнома, инъикоси воқеии ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ноҳия масъул мебошад.