Иҷроиши буҷет
ВАЗЪИ ИҶРОИ БУҶЕТ
Иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозҳо ва пуррагардонии буҷет ҳамеша зери диққати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, ҷиҳати пурра ба кор андохтани механизм ва манбаъҳои иловагии ҷамъоварии андозҳо тадбирҳои судманд андешида мешавад.
Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ боназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 11 моҳи соли 2025-ум ба андозаи 111,3 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 582 миллиону 533,0 ҳазор сомонӣ ба буҷет 648 миллиону 528,6 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 65 миллиону 995,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда нисбат ба маблағҳои дар ҳамин давраи соли гузашта ҷамъоваригардида 126 миллиону 494,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи воридоти андоз аз даромад 93,1 фоиз 24,1 миллион сомонӣ кам, андоз аз арзиши иловашуда 59,9 фоиз ё 14,3 миллион сомонӣ кам, андоз аз истифодаи захираҳои табии 173,4 фоиз ё 89,2,6 миллион сомонӣ барзиёд, андоз аз молу мулки ғайриманқул 140,1 фоиз, андоз аз воситаҳои нақлиёт 141,7,3 фоиз, аксисҳо 102,3 фоиз, андози замин 154,0 фоиз ё 117,7 ҳазор сомонӣ барзиёд таъмин гардидааст.
Дар 11 моҳи соли 2025-ум ба буҷети маҳаллии ноҳия 144 миллиону 728,5 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардида, барзиёдиҷрошавӣ 9 миллиону 981,5 ҳазор сомониро ташкил дод, ки баробари 107,4 фоизи нақша мебошад.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 140 миллиону 786,3 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 137 миллиону 747,8 ҳазор сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 97,8 фоизи нақша мебошад. Таваҷҷуҳ ба соҳаҳои иҷтимоӣ бештар гардида, ба соҳаҳои маориф 86,5 миллион сомонӣ, тандурустӣ 30,4 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимои аҳолӣ 1,1 ҳазор сомонӣ ва фарҳангу варзиш 8,8 миллион сомонӣ, дар маҷмуъ 126,8 миллион сомонӣ маблағҳои буҷет равона гардида, ки ин 92,0 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллии ноҳияро ташкил менамояд.
Қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ дар ин давра 28 миллиону 358,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, ба буҷет 92 миллиону 045,9 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки ин 324,6 фоизи нақшаро ташкил медиҳад ва ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи пешбинигашта 63 миллиону 687,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Мутаассифона, дар давраи ҳисоботӣ 4 намуди андоз андоз аз даромад бо иҷроиши 93,2 фоиз, боҷи давлатӣ бо иҷроиши 83,5 фоиз, дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ бо иҷроиши 7,7 фоиз ва андоз аз арзиши иловашуда бо иҷроиши 59,9 фоизро дар бар мегирад, таъмин карда нашуд, ки аз ин ҳисоб 39 миллиону 998,6 ҳазор сомонӣ ба буҷет маблағ ворид нагардид.
Ба ҳолати 1 декабри соли 2025 бақияи қарзи андозҳо бо назардошти андозҳои иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 5 миллиону 963,7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин давра пардохти музди маоши кормандони ташкилотҳои буҷетӣ пурра пардохт гардида, қарздорӣ аз музди меҳнат вуҷуд надорад.