Таърихи ноҳия

Маълумоти умуми дар бораи ноҳияи Айнӣ

Ноҳияи Айнӣ дар қисми шимолу ғарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон ҷойгир буда, ба ҳайати вилояти Суғд дохил мешавад. Масоҳати умумии он 5158,6 км2-ро ташкил менамояд. Ноҳияи Айнӣ бо ноҳияҳои Панҷакент, Куҳистони  Мастчоҳ,  Ғончӣ, Шаҳристон, Ҳисор, Шаҳринав, Варзоб, Ваҳдат, Ғарм ва дар шимол бо вилояти Ҷиззах ва дар қисмати Ҷанубу ғарби бо вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад мебошад.

Масоҳати ноҳия 5,2 ҳазор км2 буда 97 фоизи онро куҳ ташкил медиҳад. Шумораи умумии аҳолии ноҳияи Айнӣ ҳамагӣ 88468 нафарро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, мардҳо 44007 нафар ва занҳо 44461 нафар. Шумораи хоҷагиҳо 19542 адад. Зичии аҳолӣ дар 1 км2 ба 16 нафар рост меояд. 3 фоизи аҳолӣ дар шаҳрак ва 97 фоизи он дар деҳот зиндагӣ мекунанд.

Ноҳияи имрӯзаи Айнӣ то солҳои 30-уми асри ХХ ба волости Фалғар дохил мешуд. 23 ноябри соли 1930 волостҳоро якҷоя карда, ноҳияи Заҳматобод таъсис дода шуд. Бо қарори Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон 26 ноябри соли 1955 ноҳия ба худ номи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садридин Айниро гирифт ва маркази он деҳаи Айнӣ интихоб шуд. Маркази ноҳия аз сатҳи баҳр 1500 метр.

Масофаи байни ноҳияи Айнӣ то маркази вилояти Суғд 177 километр ва то шаҳри Душанбе 140 километрро ташкил медиҳад.

Ноҳияи Айнӣ аз 7 ҷамоати деҳот, аз ҷумла Айнӣ (11 деҳа), Анзоб (10 деҳа), Дар-Дар (6 деҳа), Рарз (9 деҳа), Урметан (7 деҳа), Фондарё (12 деҳа), Шамтуч (5 деҳа) ва як ҷамоати шаҳраки  Зарафшон  иборат аст. Деҳаҳо ҳамаги 60 адад.

ТАЪРИХИ НОҲИЯИ АЙНӢ

Ноҳияи Заҳматобод (ҳозира Айнӣ) 23 – ноябри соли 1930 ташкил ёфта, моҳи январи соли 1955 ба хотири гиромидошти сардафтари адабиёти муосири тоҷик номи Садриддин Айниро гирифтааст. Маркази маъмурии ноҳияи Айнӣ деҳаи Варз ( имрӯза Айнӣ), тақрибан аз асрҳои VII-VIII арзи вуҷуд дорад. Пас аз бунёди манора ва дар назди он масҷиди калон, ки дар асрҳои X-XI сохта шудаанд, деҳа номи «Варзи Манор»-ро мегирад.

Ноҳияи Айнӣ дар таърих бо номи Паргар, Парғар, Барғар ё Фалғар ёдоварӣ мешавад. Замоне, (аниқтараш дар асрҳои VII-VIII мелодӣ) Фалғар яке аз ноҳияҳои вилояти Бутамони давлати Панҷ  будааст. Мувофиқи ҳуҷҷатҳои аз архиви худи Деваштич  ёфтшуда, ў (Деваштич) аз солҳои 708 – 722 дар вилояти  Бутамони давлати Суғд – Панҷ шоҳигарӣ кардааст. Маркази вилоят шаҳри Панҷ, яъне Панҷакент буд. Болооби Зарафшон дар сарчашмаҳои таърихӣ ва ҷуғрофии асрҳои миёна бо номи Бутамон машҳур аст. Бутамон яке аз бошишгоҳҳои қадимтарини инсон ба шумор меравад. Бошандагони ин сарзамини кўҳан дорои таърихи бою маданияти баланд буданд. Қайд кардан кифоя аст, ки бозёфтҳои хаттии суғдие, ки дар яке аз харобаҳои Кушки Абаргар – Қалъаи Муғ (воқеъ дар кўҳистони ноҳияи Айнӣ) ба даст омадаанд, аз он шаҳодат медиҳанд. Мо имрўз ба шарофати ин дастхатҳои нодир дар бораи забону адабиёт, хатту савод, санъату маданияти баланд, доду гирифт, – хулоса таърихи мукаммали яке аз халқҳои калонтарини гузаштагони тоҷик – суғдҳо бо ифтихор сухан мегўем.

Аз рўи ахбори сарчашмаҳои ҷуғрофии асрҳои X-XII Бутамон аз се қисм иборат буд: Бутамони аввал, миёна ва охир. Ба Бутамони аввал қаторкўҳҳои Туркистон, ба миёна Зарафшон ва ба охир ё берунӣ- Ҳисор дохил мешуданд. Аз рўи маълумоти ҷуғрофҳои асрҳои X-XII маълум мегардад, ки вилояти Бутамон гуфта ҳамаи кўҳистони ҳавзаи рўди Суғд (Зарафшон)-ро меномидаанд. Аз Кўҳҳои Бутамон рўдҳои Сурхондарё, Варзоб, Кофарниҳон ва баъзе шохаҳои Вахш ва Сир ҷорӣ мешаванд. Бутамон дар асрҳои VII-XII дар ҷанубу шарқ бо вилоятҳои Чағониён, Ахарун, Шуман, Вашгирд, дар ғарб бо Шаҳрисабз, Самарқанд ва Панҷакент ва дар шимол бо Истарафшану Аспара (Исфара) ҳамсарҳад будааст.

Муаллифи «Ҳудуд ал-Олам» менависад, ки дар «Бутамони миёна ноҳияест машҳур бо номи Барғар, яъне Паргар, Фалғар (имрўза ноҳияи Айнӣ) ва Дарёҷой (Искандаркўл) андар вай аст ва рўди Бухоро (Зарафшон) аз ин Дарёҷой ҷорӣ мешавад». Инчунин дар «Ҳудуд ал-Олам» гуфта мешавад, ки «ба Дарёҷой 4 рўди хурд дарафтанд (Сарима, Ҳазормеш, Саритоғ ва Оби Морон) ва аз он рўде (Зарафшон) берун ояд, ки аз замини Барғар (Фалғар) дар гузарад, ба Бунҷакату (Панҷакент) Самарқанд омада ба Бухоро равад». Сарчашмаҳои таърихӣ далели онанд, ки дар болооби водии дарёи Зарафшон ҳанўз аз асри I – III сар карда деҳаҳои аҳолинишин арзи вуҷуд доштаанд. Олими юнонии асри I-и эраи мо чӣ тавр сарчашма гирифтани дарёи Зарафшонро хеле хуб тасвир кардааст: «Фазои калонеро (Суғд) бо дарёе обёри карда мешавад, ки онро сокинони маҳаллӣ Политимет меноманд. Вай дар ибтидо бо маҷрои танг ҷорӣ шуда, баъд ба ғоре мерезад ва дар зери замин пинҳон мегардад». Ин тавсифот ба қисми поёнҷараёни дарёи Яғноб – Талоқи Марзич алоқаманд мебошад. Зеро, дар замонҳои қадим ва асрҳои миёна сарчашмаи асосии Зарафшонро на рўди Масчо, балки Фон-Яғноб меҳисобиданд. Вале, дар соли 1870 А. П. Федченко дар деҳаи Варзи Манор (имрўза маркази маъмурии ноҳияи Айнӣ) мушоҳида кард, ки дарёи Масчо ба дарёи Фон ҳамроҳ шуда дарёи Зарафшонро ташкил медодааст. Муҳаққиқ ба хулосаи дуруст  омад, ки саргаҳи Зарафшон Фон-Яғноб набуда, балки Масчо мебошад, зеро он дарозтар ва пуробтар мебошад.  Олими юнонии асрҳои I-II эраи мо Аррион дар бораи дарёи Зарафшон навиштааст: «Искандари Мақдунӣ тамоми музофоти бо дарёи Политимет (Зарафшон) обёришавандаро гузаштааст. Бо вуҷуди он ки ин дарё сероб аст, вай дар регзор нобуд мешавад».

Географи асри IX-араб ибни Хурдодбеҳ Искандаркўлро – Айн ва дарёе, ки аз он ҷорӣ мешавад – Ҷирк номидааст. Сайёҳи охирҳои асри IX- и араб ал-Яъқубӣ аз тилло бой будани реги дарёи Зарафшонро тавсиф намуда, менависад: «Дар ин дарё порчаҳои рехтаи тилло мавҷуд аст ва дар Хуросон чунин дарёе нест, ки аз он зиёдтар тилло дошта бошад».

Ба вилояти Бутамон рустоқҳои; Яғноб, Мадрушкат (Масчо), Парғар (Фарғар), Киштут, Моғиён ва Фароб дохил мешуданд. Ин диёри пурфайзу хушобу ҳаво бо манзараи зебои табиат ва ёдгориҳои бостонии пурбаҳояш машҳури ҷаҳон мебошад. Харобаҳои кушки «Абаргар» (Қалъаи Муғ) ва боқимондаи қасри «Гардани Ҳисор», ки дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ҷойгир шудаанд, нодиртарин ёдгориҳои бостонии халқи тоҷик мебошанд. Тадқиқотҳои бостонӣ дар хароботи Гардани Ҳисор нишон медиҳанд, ки ин ёдгорӣ яке аз марказҳои калонтарини иқтисодӣ ва сиёсии Бутамон дар асри VIII будааст. Қасри Гардани Ҳисор аз рўи нақшаи худ яке аз шоҳасарҳои нодири санъати меъмории асри VIII-и таърихи халқи тоҷик ба шумор хоҳад рафт. Тадқиқотҳои бостонӣ нишон медиҳанд, ки  Гардани Ҳисор маркази Бутамон дар асрҳои VII – VIII будааст. Дар ин ҷо фармондори Деваштич Утт менишаст. Қасри Мадм қароргоҳи Деваштич дар ин музофот мебошад.

Мувофиқи ахбори ҳуҷҷатҳои суғдӣ, ки дар кўҳи Муғ, дар яке аз рустоқҳои Бутамон – Паргар (Фалғар) ёфт шудаанд, Бутамон тахминан аз солҳои 715 то 722, яъне дар охири давраи ҳукмронии Деваштич ба ҳайати давлати Панҷ дохил мешуд. Дар Бутамон фармондори шоҳ Деваштич меистод. Фармондор аз болои ҳамаи деҳаҳо ва рустоқҳои Бутамон ҳукмронӣ мекард. Дар ин ҳуҷҷатҳо номҳои бисёр рустоқҳои Бутамон, ба монанди Мадрушкат (Мадчо), Парғар (Фалғар), Моғиён, Киштут ва деҳаҳои Марғузор, Вешист, Кум, Мадм, Зировадк, Искодар, Хушикат, Варз, Рарз, Испағн, Фатмев, Похут, Шаватк, Вешаб, Фатмовут, Дарғ, Марғ, Вардаккат, Курут, Саритоғ, Утоғар, Вишак ва ғайраҳо зикр ёфтаанд. Тадқиқотҳои бостонӣ нишон медиҳанд, ки баробари деҳаҳои номбаршуда қишлоқҳои Урметан, Дардар, Вешканд, Зосун, Вору ва ғайра низ дар асрҳои VII-VIII вуҷуд доштаанд. Аҷибаш он аст, ки ин деҳаҳо дар муддати 1300 сол ҷой ва номи худро дигар накардаанд.

Аввалин маълумоти хаттиро дар бораи Бутамон дар сарчашмаҳои суғдӣ ва арабии асри VIII-и мелодӣ пайдо менамоем. Масалан, муаррих ал-Билозарӣ дар асари худ «Футуҳ ал-Булдон» менависад, ки Бутамон дар замони ҳукмронии Язид ибни Муҳаллаб (солҳои 701-704) аз тарафи писари ў Мўҳаллаб, фатҳ карда шуд. Лекин мардуми озодидўсти ин диёри кўҳӣ ба зудӣ арабҳоро зада пеш карда, расму оини худро аз нав барқарор намуданд. Вилояти Бутамон бори дуюм дар замони лашкаркаши номии араб Қутайба ибни Муслим аз тарафи Ҷаҳм ибни Заҳр дар солҳои 713-714 забт карда шуд. Арабҳо аз ин ҷанг бо ғаниматҳои зиёд ва махсусан бутҳои заррини бутамонӣ баргаштанд. Арабҳо дар ду бори истилои худ ин сарзаминро ба ғорат бурданд. Дар миёни онҳо бутҳои заррини аз ибодатхонаҳои Бутамон ғораткардаашон дар таърих хеле машҳур мебошанд. Бутҳои заррин, ҳайкалчаи гачини аз қалъаи деҳаи Кум ва чўбҳои нимсўхтаи пур аз нақшҳои нодири аз харобаи Гардани Ҳисор (Мадм) бадастомада нишон медиҳанд, ки офарандагони онҳо устодони моҳиру гулдасти замони худ буданд. Чўбҳои гулбурикардашудаи аз Гардани Ҳисор ёфтшуда ба меҳроби машҳури Искодар, сарсутунҳои Урметан, Обурдону Курут шабоҳат доранд. Баъзе тадқиқотчиён тахмин менамуданд, ки нақшаҳои меҳроби Искодар, сутунҳои Обурдону Урметан маҳсули дасти устоҳои шаҳрҳои Самарқанд ва дигар марказҳои мадании Осиёи Миёна мебошад. Бозёфтҳои Гардани Ҳисор, Панҷакент ин фикрҳоро ба куллӣ рад менамоянд. Мо метавонем гўем, ки дар болооби Зарафшон дар асрҳои XII-XIII мактаби махсуси нақшу нигоришҳо вуҷуд дошт. Офарандагони ин шоҳасар – мардуми маҳаллӣ дар таърихи санъати тасвирӣ-наққошӣ ба монанди ҳамватану ҳамзамонашон Абуабдулло Рўдакӣ бузург буданд.

Географ ал-Муқаддасӣ (с.985) аз 17 рустоқ (округ) иборат будани Истаравшанро (ба қавли Н.Неъматов (1957) дар давраҳои қадим саргаҳи водии Зарафшон ба сарзамини (мулки) Истаравшан дохил шуда, як қисми таркибии Суғдро ташкил мекард) қайд намуда, аз ҷумла рустоқҳои Бургор (Фалғар, имрўза ноҳияи Айнӣ), Масчо ва Буттамро ном мебарад, ки онҳо қисми саргаҳи водии Зарафшонро ташкил менамоянд.

Мувофиқи маълумотҳои ибни Ҳавқал (асри ХХ) дар саргаҳи Зарафшон ноҳияи кўҳии Буттам ҷой гирифта аз рустоқҳои Масчо, Бургор ва Буттам (Фон-Яғноб) иборат аст. Аз ин тавсифот бармеояд, ки Буттам ҳам номи ноҳия ва ҳам рустоқ будааст. Дар тасвири ал-Истахрӣ (с.933) ва ибни Ҳавқал (асри Х) ноҳияи Буттам аз кўҳҳои баланд ва дастнорас иборат буда, дорои деҳаҳо ва қалъаҳои каснорас (Қалъаи Муғ, Гардани Ҳисор ва ғ.) мебошанд.

Дар кўҳҳои Бутамон аз қадимулайём мис, оҳан, нуқра ва тилло истеҳсол мекарданд. Симоб ва навшодири бутамониро дар асрҳои миёна дар ҳамаи бозорҳои Ҳинду Чин, Турону Эрон, Мисру Ироқ ва Юнону Рим дидан мумкин буд. Дар китобҳои «Ҳудуд ал-Олам», «Сурат ал-Арз» ва «Масолик ва Мамолик» навишта шудааст, ки аз кўҳҳои Бутамон тилло, нуқра, зоч, симоб ва навшодир ҳосил мекунанд. Шиносоии халқу давлатҳои кўҳан ба табиату сарватҳои табиии Гава Суғд (Бутамон, музофоти Зарафшон) ҳанўз аз аҳди қадим сурат гирифта буд. Дар аҳди қадим Кўҳистони Зарафшон қисми калони мамлакати бостонии хушманзари Суғдро ташкил медод. Баъдан ин шиносои дар замони истилои Искандари Мақдунӣ (асри IV- и то милод), забткориҳои арабҳо (асрҳои VII-VIII милод) ва алалхусус дар замони ҳукмронии Сомониён густариш ёфта, водии Зарафшон ҳамчун истеҳсолкунандаи тилло, қалъагӣ, навшодир, симоб, сангҳои гаронмоя ва ғайра шўҳрати калон пайдо намуда буд.

Дар солномаи асримиёнагии географи Чиннистон Ли-ян-шоу-Бейши (Таърихи шимол с.435-милод) хабар дода шудааст, ки дар болооби Зарафшон тилло, оҳан, ва санги сулаймонӣ (оникс) истихроҷ мекунанд, боғу токпарварӣ, парвариши зироатҳои полизӣ ва чорводорӣ инкишоф ёфтааст. Дар китоби муқаддаси зардуштимазҳабон – Авасто доир ба об хок, наботот, олами ҳайвонот, зироатпарварӣ, коркарди замин, чорводорӣ ва истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ аз Гава Суғд (Кўҳистони Зарафшон) маълумотҳои ихчам, вале ҷолиб фароҳам омадааст. Дар Авасто ҳосилхез кардани замин, барҳам додани ботлоқзорҳо ва обшор намудани заминҳои беҳосилро аз ибодат афзалтар шуморидааст. Шояд ҳамин андарзи китоби муқаддас боиси он гардид, ки Кўҳистониён порчаҳои хурди заминро бо машаққати зиёд ободу хуррам гардонида, ба наслҳои оянда ба меросӣ доданд. Дар асарҳои ал-Истахрӣ ва ибни Ҳавқал омадааст, ки дар Буттам дарахтони мевадиҳанда хеле бисёранд. Буттам аз сабзавот ва кабудӣ бой аст, дар он марғзорҳо ва чарогоҳҳо фаровон буда, ҳайвонотро дар фаслҳои гуногуни сол мечаронанд.

Баъди шўриши соли 722 ва пароканда шудани давлати Панҷ Бутамон вилояти мустақил мешавад ва дар асри IX дар он маликае бо номи Зул-нона фармонфармоӣ мекард. Дар асри Х Бутамон якҷоя бо Истарафшан ба давлати Сомониён ҳамроҳ карда мешавад.

Дар сарчашмаҳои минбаъда дар бораи Бутамон ахборҳо вонамехўранд. Дар сарчашмаҳои асрҳои XVI-XVII ба ҷои Бутамон-Кўҳистон ва рўди Суғд-Зарафшон навишта шудааст.

5 майи соли 1867 Самарқанд ба Руссия тобеъ гардид. 11 июли соли 1867 дар ҳайати империяи Руссия Генерал-губернатории Туркистон таъсис ёфт ва дар ҳайати ин Генерал-губернаторӣ бо маркази Самарқанд Округи Зарафшон ташкил шуд. Ин замон бекигариҳои болооби Зарафшон – Киштут, Моғиён, Фалғар, Фон ва Мастчоҳ, ки замоне тобеияти Самарқанду Бухоро мекарданд, ба миригариҳои ниммустақиле табдил ёфтанд. Баҳори соли 1870 Панҷакант ба тобеияти Руссия гузашт. Ба мақсади тобеъ кардани Кўҳистон 25 апрели соли 1870 бо сарварии сардори округи Зарафшон генерал-майёр А.К.Абрамов ба мақсади ба округи худ ва ба ин васила ба ҳайати Руссия ҳамроҳ кардани Кўҳистон юриш оғоз мешавад. Ва худи ҳамон сол ноҳияи Айнӣ дар қатори Панҷакенту Самарқанд ба ҳайати Руссия дароварда мешавад.

Ноябри соли 1917-1918 дар қаламрави имрўза Тоҷикистони шимолӣ (дар ҳудуди он ноҳияи Айнӣ) русҳо Ҳокимияти Шўравӣ барпо намуданд.

14 октябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шўравии сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт.

16 октябри соли 1929 Ҷумҳурии Мухтори Шўравии сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шўравии сотсиалистии Тоҷикистон мубаддал гардид.

9 сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

 

Back to top button