Ҷамоати деҳоти Шамтуч
(Захматобод 1930-1955 – ), район дар вилояти Ленииободи РСС Точикистон, дар кисми болооби дарёи Зарафшон. 23.11.1930 ташкил ёфтааст, 26.01. 1955 номи Айниро гирифт. Аз маркази нохия то ш. Хучанд 177 км, то ш. Душанбе 165 км, то истгохи рохи охани Самарканд 165 км. Масохаташ – 5,2 хаз. км2. Ахолиаш 41,1 хазор нафар (1976). Ахолии нохия асосан точикон буда, инчунин русхо ва намояндагони миллиатхои дигар зиндаги мекунанд. Зичии ахоли дар 1 км2 – 7,9 кас. нохияи Айни дорои 7 Совети қишлоқ: Айни, Анзоб, Дардар, Рарз, Урметан, Фондарьё, Шамтуч ва як шахрак — Зарафшон мебошад. Маркази нохия — шахраки Айни. Айни нохияи кухи буда, сатхаш хеле нохамвор аст. Масохати онро аз Шарк ба Гарб каторкуххои Туркистон, Зарафшон ва Хисор бурида мегузаранд. Тегахои кух аз сатхи бахр. 3500—4000 м, Куллахои алохида то 5000 м ва аз он хам баландтаранд (Ар-арасанг дар дехаи Каздон, 5494 м). Нуқтаи пасттарин (дар гарбтари деҳаи Урметан) 950 м. Водии дарёхо танг ва чукуранд. Дехахои калон ва заминхои корам асосан дар водихо, суфахои кадими дарёи Зарафшон ва Фон чойгиранд. Иқлими нохия, тобистони водихои Зарафшону Фон гарму хушк, зимистон муътадил. Дар водихо харорати миёнаи июл 17, 21° С, январ —1, —3°С. Дар куххо тобистон салкин ва нисбатан кутох, (харорати миёнаи июл 15—18° С), зимистон хунук (харорати миёнаи январ. —7, —13° С); микдори боришоти солона дар водихо 160—190 мм, дар куххо аз 230—350 мм то 400 мм. Дар минтакаи нохияи Айни хелхои гуногуни хоки хокистарранг, дар баландкуххо хоки чигарранг вомехурад. Набототи водихою адирхо (то 1500 м) хусусияти биёбони ва нимбиёбони дорад. Дар богу рог дарахтони тут, зардолу, себу олуболу, беду сафедор, ток ва г. меруянд. Болотар аз он — дар доманаи куххо растанихои дашти, арча ва дар баландкуххо маргзорхои алафи вомехуранд. Олами хайвонот гуногун, дар куххо харгушу сугур, хирсу гург, рубох, гуроз, оху,Паланг аз паррандахо — кабк, мурги хилол, кабутар, укоб, гоз ва г. дучор мешаванд. Нохияи Айни сероб аст, дарёхои калонаш Фон ва Зарафшон. Аз куххо дарьёчахои бисьёре чорианд,сарчашмаи асосии дарёи Зарафшон,ки аз нохияи Айни сар мешавад ин дарёи кишлоки Шамтуч ва Шаршараи баландтарини нохия аз Каздон сар мешавад ки як кисми онхо барои обёрии заминхои корам истифода мешаванд. Дар худуди Айни яке аз кулхои зеботарин — Искандаркул воқеъ буда, чои сайру тамошои туристон гардидааст. Нохияи Айни конхои сурма, симоб, ангишт дорад. Айни — нохияи зироаткор ва чорводор. Дар соли(1977).нохияи Айни дорои 7 колхоз мавчуд буд. Колхозхо ва маркази онхо: ба номи (шахраки Айни), (дехаи Рарз), «Урметан» (дехаи Урметан), «Точикистон» (дехаи Шамтуч), ба номи Лохути (дехаи Шурмашк), «Россия» (дехаи Такфон), Анзоб (дехаи Анзоб). Сохахои мухими хочаги — картошкапарвари, галлакори, чорводори, кирмакдори, богдори. Тамоми заминхои хочагии кишлок 91540 га (1976), аз чумла майдони кишти галла (асосан гандум, чав) 1841 га, картошка — 638 га, бог — 340 га, чарогох, — 84351 га. Нохияи Айни с. 1976 ба давлат 1276 сентенер галла, 304 сентенер пилла, 2017 тон картошка, 1198 тон гушт, 2858 литр шир, 1264 сентенер пашм ва махсулоти дигари хочагии кишлок фурухт. Шумораи хайвонот дар хамаи хочагихо соли(1976): чорвои калони шохдор 20474 сар, гусфанду буз — 55059 сар. Истеҳсоли маъдани кухи низ сохаи мухими хочагии нохия мебошад. Корхонаи калони саноати — комбинати маъдантозакунии Анзоб. Солхои хониши 1976/2011 нохияи Айни 57 мактаби миёна, 18 мактаби ҳаштсола ва 5 мактаби ибтидои, як мактаби мусикии бачагона дошт. Дар райони Айни 10 кинотеатр, 9 нуктаи кинонамоишдихи, 35 клуб, 75 китобхона, 13 чойхона- кироатхона, хонаи маданият, 13 беморхона, амбулатория, таваллудхона, 5 дорухона, 37 пункти фелдшери-акушери, 116 пункти хизмати маиши, 295 нуқтаи савдо, 110 нуқтаи хуроки умуми, идораи сохтмон, ташкилоти сохтмони байниколхози, идораи сохтмону таъмир, хочагии чангал, матбаа, шуъбаи районии иттиходияи «Точикселхозтехника» мавчуд аст. Наклиёт — автомобили ва ҳавои. Фурудгох дорад. Аз Айни рохи мошингарди Душанбе — в.Сугд, Душанбе — Самарканд мегузарад. Роххои асоси мумфарш. Газетаи район — «Мехнат».