Тандурустӣ
ВАЗЪИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Ба ҳифзи саломатии аҳолӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир шуда, баҳри амалӣ намудани “Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар бахши тандурустӣ” корҳои назаррас ба иҷро расидаанд.
Дар ноҳия 71 муассисаи нигоҳдории тандурустии давлатӣ, аз ҷумла, як беморхонаи маркази ноҳия, як муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, 8 беморхонаҳои минтақавӣ, 21 марказҳои саломатии деҳот, 32 бунгоҳҳои саломатӣ, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, шӯъбаи ёрии таъҷилӣ, Маркази солимии репродуктивӣ, Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ, Маркази мубориза бо бемории сил, Марказҳои ВНМО, имунизатсия, Маркази ҳамбастагии кӯдакона фаъолият дорад.
Дар ин давра дар беморхонаҳои ноҳия 6627 беморон бистари гардида, табобат ёфтаанд.
Дар ноҳия шумораи катҳои беморхонаҳои ноҳия 410 ададро ташкил медиҳад. Дар ин давра нақшаи катрӯз ба 110 ҳазору 915 баробар буда, иҷрои он 71 ҳазору 533 ё ин ки 64,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ беморхонаи маркази ноҳия аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва маблағҳои махсус ба маблағи 55,0 ҳазор сомонӣ маводҳои доруворӣ харидори карда шудааст.
Нишондоди ташриф дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия дар ин давра 394 ҳазору 212 нафар, ки ин ба 1 нафар аҳолӣ 4,0 ташриф рост меояд.
Дар ноҳия шумораи мутахассиони соҳаи тандурустӣ 562 нафарро ташкил медиҳад, аз он ҷумла мутахассисони дорои маълумоти олӣ дошта 86 нафар ва мутахассисони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ 476 нафар мебошанд.
Таъмин намудан бо мутахассисони дорои маълумоти олӣ ба 10 ҳазор нафар аҳолӣ 8,9 бо мутахассисони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ 49,5 бо дараҷанокии мутахассисони дорои маълумоти олӣ 22,2 фоиз ва бо кормандони миёнаи тиб 52,1 фоиз ба ҳисоб гирифта шудааст.
Шумораи умумии фавтидагон дар ин давра 362 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28 нафар зиёд ба қайд гирифта шудааст. Фавти модарон дар ин давра 2 нафар ба қайд гирифта шудааст. Фавти кӯдакони синни то 1 сола 22 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли гузашта 7 нафар зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои тандурустӣ 1146 нафар кӯдакон ройгон хатна карда шудаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 87 нафар зиёд мебошад. Шумораи никоҳшавандагон, ки аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд 918 нафарро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботи 612 ҳодисаи ба бемории сироятӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 64 нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умуми, аз он бемориҳои сироятии сил 29 ҳодиса, зардпарвин 17 ҳодиса, бемориҳои паразитӣ 307 нафар, буғумдард 11 нафар ва ғайраҳо 248 нафар ҳодиса мебошад. Таҳти назорати табибон 110 нафар дорандагони вируси ВНМО қарор доранд.
Дар ин давра дар беморхонаи маркази ноҳия 180 нафар ва дар беморхонаи шаҳраки Зарафшон 27 нафар шаҳрванди камбизоат ба таври ройгон табобат гирифтанд, ки маблағи умумии хизмат 159,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Инчунин аз тарафи шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия ройгон ба 432 нафар ба маблағи 16 ҳазору 201 сомонӣ хизматрасонӣ карда шудааст.
Айни ҳол дар соҳаи тандурустии ноҳия 34 нафар табиб намерасад.
Дар зери назорати маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия 391 адад иншоотҳои комуналӣ, 35 адад иншоотҳои меҳнат, 79 адад муассисаҳои наврасону кӯдакон, 157 адад муассисаҳои хӯроки умумӣ ва савдо ва 79 адад муассисаҳои табобатию профилактикӣ тибқи дастур, пешниҳод ва фармоишотҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақша санҷида мешавад. Ҳамин тавр зиёда 88 маротиба санҷишҳои санитарию эпидемиологӣ гузаронида шудааст. Дар ин давра ба муассиса ва ташкилотҳои хизматрасон 82 адад хулосаи санитарию эпидемиологӣ дода шудааст.
Дар рафти санҷишҳо дар иншоотҳои зериназоратии маркази давлатии санитарию эпидемиологӣ нисбати 102 нафар шахсони воқеъӣ протоколҳои маъмури тартиб дода барои қонуншиканиҳо ба маблағи 21 ҳазору 495 сомонӣ ҷарима карда шуда ба буҷет гузаронида шудааст.
Дар озмоишгоҳи марказ ба миқдори 5645 ташхис гузаронида шудааст, ки 240 адади он мусби арзёби шудааст. Дар ин давра аз манбаҳои обтаъминкуни ҳамаги 80 намуди оби нушокӣ таҳти озмоиши бактериологӣ қарор дода шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 3565 нафар кормандони соҳаҳои гуногун аз муоинаи давраи тиббӣ гузаронида шудаанд, ки 193,5 фоизро ташкил медиҳад.