Илм ва маориф

ВАЗЪИ  СОҲАИ  МАОРИФ

  Соҳаи маориф дар самти таълиму тарбияи насли наврас, омода намудани онҳо ба ҳаёти оянда ва дар замирашон ҷой додани ҳисси худогоҳӣ, хештаншиносоӣ ва ватандӯстӣ нақши асосӣ дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро дар зинаи аввали сиёсати худ қарор додаанд ва барои рушди ин соҳаи афзалиятнок ҳама чораҳоро руйи кор овардаанд, ки насли оянда дар шароити хуб ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.

Дар ноҳия 80 муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, аз он  (58 муасиссаҳои миёнаи умумӣ, 10 муасиссаҳои умумии асосӣ, 1 литсей, мактаб-интернат дар назди МТМУ № 22-и деҳаи Анзоб ва 12 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 1096 нафар кӯдакон фаъолият менамояд.

Инчунин дар назди 53 муассисаи таҳсилоти умуми ноҳия 58 гурӯҳи Маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо фарогирии 873 нафар тарбиятгиранда ташкил карда шудааст.

Дар маҷмуъ 1969 нафар кӯдак ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шудааст, ки 26,5 фоиз кӯдакони синни томактабиро дар ноҳия ташкил медиҳад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 18 ҳазору 999 нафар хонанда аз ҷумла, 9499 нафар духтар ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли таҳсили гузашта 146 нафар хонанда зиёд мебошад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1771 омӯзгорон, аз ҷумла 768 нафар занон ба таълиму тарбия машғул мебошанд, ки аз онҳо ба  таҳсилоти олӣ 1468 нафар, олии нопурра 48 нафар ва бо маълумоти миёнаи махсус 255 нафар фаъолият менамоянд. Илова бар ин, шумораи омӯзгорони маълумоти олидошта зиёд гардида, 84,1 фоизи шумораи умумии омӯзгоронро ташкил намудаанд.

Дараҷаи тахассуси олӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия 568 нафар,  дараҷаи тахассуси якум 509 нафар,  дараҷаи тахассуси дуюм 314 нафар ва бетахассус 380 нафарро ташкил медиҳад. Теъдоди омӯзгорони нафақахур дар муассисаҳои таълими 53 нафар буда, шумораи омӯзгорони  ғайриихтисос 86 нафарро ташкил медиҳад.

Дар 7 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ синфҳои камнуфус таъсис дода шудааст. Таълими равияҳо дар 17 муассиса яъне равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва равияи табии риёзӣ ба роҳ монда шудааст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар соли таҳсили 2024-2025 аз заминаи синфи 11-ум 863 нафар аз ин, 402 нафарашон духтарон, аз заминаи синфи 9-ум 76 нафар аз ин, 39 нафарашон духтарон ҷамъ 939 нафар ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супоридаанд. Аз ин шумора 863 нафар тариқи Маркази миллии тестӣ ба Донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ дохил гардиданд. Инчунин 31 нафар хатмкунандагон ба Донишгоҳҳои олии хориҷи кишвар, 7 нафар ба Донишгоҳҳои қудратии ҷумҳурӣ ва 16 нафар тариқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳҳои олӣ дохил гардиданд, ки 83,2 фоизи хатмкунандагонро ташкил медиҳад. Мувофиқи маълумоти шуъбаи маориф ҳуҷҷатсупорӣ ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 126 нафар зиёд  мебошад. Дар соли таҳсили 2024-2025 аз шумораи умумии хатмкунандагон 83,3 фоизи онҳо тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супориданд. Инчунин 16 нафар тариқи квотаи Президентӣ донишҷу гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 1242 адад компютер, 317 адад принтерҳо, 114 адад тахтаи электронӣ ва 118 адад проектор мавҷуд мебошад, ки ба 10,6 нафар хонанда як компютер рост меояд, ки 100,1 фоизи  иҷроиши Барномаро дар бар мегирад.

Мувофиқи талаботи “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” то ин давра 271 адад ба нақша гирифта шуда буд, ки аз ҳисоби маблағҳои дар ин самт пешбинӣ гардида 248 адад кабинетҳои фаннӣ харидорӣ карда шуд, ки ин 91,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар соли 2024 71 адад кабинетҳои фаннӣ харидорӣ шуда, дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шуд, ки 112,5 фоизи нақшаи соли 2024-ро ташкил медиҳад. Инчунин дар ин давра 300 адад тахтаҳои синфӣ ва 1200 адад мизу курсиҳо харидорӣ гардидаанд. Дар 11 моҳи соли 2025 48 адад кабинетҳои муҷуҳҳази фаннӣ харидорӣ ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шуд.

Таъминоти китоби дарсӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия 95,6 фоизро ташкил медиҳад. Норасоии китобҳои дарсӣ аз фаннҳои нуҷум, забони ангилисӣ, ботаника, геометрия, химия, техниологияи информатсионӣ, таърихи халқи тоҷик, забони модарӣ ва математика барои синфҳои ибтидоӣ мебошад, ки оиди таъминот ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод гардидааст.

Мувофиқи талаботҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 №709, қарори раиси вилояти Суғд аз 31 январи соли 2025 №33, қарори раиси ноҳияи Айнӣ аз 18 феврали соли 2025 №44 ва фармоиши мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ аз 18 феврали соли 2025 №13 оид ба ташкил ва баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба тасвиб расидааст.

Дар асоси талаботҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври якуми озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз санаи 11.03 соли 2025 то 15.03 соли 2025 дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва деҳаҳои ноҳия бо иштироки намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия баргузор гардид. Дар даври якуми озмуни мазкур 1275 нафар довталабон иштирок намуданд ва 318 нафари онҳо ба даври дуюми озмун роҳхат гирифтанд. Даври дуюми озмун моҳи май баргузор гардид, ки дар натиҷа 64 нафар ба даври сеюми озмун роҳхат гирифтанд.

Дар даври вилоятии озмуни мазкур Қудратов Шаҳриёр хонандаи синфи 5-уми МТМУ №16, деҳаи Шаватки Боло аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосир ҷойи дуюм, Саидова Саида хонандаи синфи 10-уми МТМУ №1-и маркази ноҳия аз рӯйи номинатсияи адабиёти ҷаҳон ҷойи дуюм ва Холмирзоев Шарифмурод нафақахӯр аз деҳаи Шаватки Боло аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосир ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур Холмирзоев Ш, нафақахӯр, сокини деҳаи Шаватки Боло аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосири тоҷик ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Аз шумораи умумии муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бинои 6 муассиса дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Ҳамзамон, бинои 6 муассиса ба таъмири асоси ниёз доранд.

Бояд қайд намуд, ки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор комиссияи кории байниидоравӣ баъд аз азназаргузаронӣ санад тартиб дода, бо тасдиқи раиси ноҳия ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Бо пайдо гардидани манбаъҳои маблағгузор таъмири муассисаҳои болозикр оғоз мегардад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба 41 нафар аъзои иттифоқи касаба дар ҳаҷми 8230,00 сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида шудааст. Ҳамчунин 19 нафар ба маблағи 7200,00 сомонӣ аёдат карда шуданд.

Дар ин давра 81 нафар дар осоишгоҳҳои Шифо ва Зумрад ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Инчунин дар моҳи июни соли равон 24 нафар хонандагон фарзадони омӯзгорон ба Маркази солимгардонии Суғд барои истироҳат фиристонида шуданд.

Дар назди муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ техникии ноҳияи Айнӣ ихтисосҳои омӯхташаванда аз қобили дӯзандагӣ, зардӯз, қолинбоф, кандакор, омӯзиши кор бо компютер, ошпаз ва кокулбоф дар асоси иҷозатномаи тасдиқгардидаи муассиса, ки аз тарафи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нархномаи курсҳои кӯтоҳмуддат, ки аз тарафи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, ба роҳ монда шудааст.

Дар муассисаи давлатии таълимӣ 33 нафар омӯзгорони асосӣ, аз он  ҷумла 9 нафар занҳо кор ва фаъолият мекунанд.  Аз инҳо бо таҳсилоти олии касбӣ ҳамагӣ 20 нафар, аз ҷумла занҳо 3 нафар, бо таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳамагӣ 8 нафар ва аз ҷумла занҳо 4 нафар.

Теъдоди хонандагон дар литсей 314 нафар, он ҷумла 154 нафарашонро духтарон ташкил медиҳад, ки онҳо асосан  бо ихтисосҳои кафшергари барқӣ, челонгар, дӯзандагӣ, ҳисобдор, барқчӣ, ронандаи автомобил, омӯзиши барномаи компютерӣ ва мошиначии булдозер ва экскватор фаро гирифта шудааст. Қабули хонандагон нақша 348 нафар иҷро карда шудаанд 197 нафар 56,6 фоиз.

Дар муассисаи таълими ҳамагӣ 15 нафар устои таълими истеҳсолӣ кор ва фаъолият менамоянд, ки аз он 4 нафарашонро занҳо ташкил мекунад. Шумораи компютерҳо 48 адад ва принтерҳо 6 адад.

Айни замон Муассиса дорои Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ мебошад. Тибқи иҷозатнома гурӯҳҳҳои сайёри таълимӣ дар деҳаҳои Вешканд, Зеробод ва Мастчоҳи Кӯҳӣ фаъолият карда истодаанд.

Back to top button