Ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲӢ

Сиёсати давлати ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хоса дорад.

Шумораи ҷавонон дар ноҳия 26 ҳазору 500 нафар буда 29,5 фоизи аҳолиро дар бармегирад ва аз ин шумора 13 ҳазору 100 нафарашонро духтарон ташкил медиҳад.  Шумораи ҷавонони роҳбарикунанда 12 нафар, аз он 3 нафар занонро ташкил медиҳад.

Дар ноҳия 1 варзишгоҳ, 25 толори варзишӣ, 1 толори махсуси варзишӣ, 61 майдончаҳои варзишӣ, 1 Қасри Паҳлавонони Сӯғди  мавҷуд мебошад.

Варзишгарони ноҳия дар 1 мусобиқаи варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ, сатҳи вилоятӣ 3 ва 19 мусобиқаи сатҳи минтақавӣ иштирок намуда, сазоворӣ 2 медали тилло, 6 медали нуқра ва 9 медали  биринҷӣ гардиданд.

Дар асоси Нақшаи баргузории мусобиқаҳои зеҳнию варзишӣ-шашкаву шоҳмот байни кормандони ташкилоту идораҳои ноҳия  15 маротиба мусобиқаҳо бо иштироки 90 нафар наврасону ҷавонон ташкил ва баргузор карда шуд. Дар баргузории мусобиқаҳои деҳа ба деҳа бошад  44 мусобиқаҳо ташкил ва баргузор карда шудаанд, ки дар онҳо 1320 нафар ҷавонон иштирок намудаанд.

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлати ҷавонон ва варзиш дар давраи ҳисоботи баҳри рушди инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ноҳия 21 маротиба хонишҳои сиёсӣ гузаронида шудааст.

Дар асоси нақшаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 марти соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия “Ҳамоиши гирандагони  Стипендияи Президенти”-и шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Куҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ бо иштироки  Раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси ноҳияи Айнӣ, инчунин “Ҳамоиши гирандагони Стипендияи Раиси ноҳияи Айнӣ ва бахши кор бо ҷавонон баргузор гардид.

Барои ҳавасмандгардонии ҷавонони ноҳия ба 104 нафар хонандагони муассисаҳи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 30 нафар стипендияи президентӣ, 53 нафар стипендияи Раиси ноҳия ва 21 нафар стипендияи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия супорида шуданд.

Дар асоси нақшаи баргузории мусобиқаҳои деҳа ба деҳа аз намуди волейбол, гуштини миллӣ дар ин давра 44 мусобиқаҳо ташкил ва баргузор карда шудаанд.

Дар   се моҳаи соли 2024 аз ҷониби аъзоёни “Пайравони Пешвои Миллат”-и назди бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия барои баланд бардоштани ҳисси ватандустии ҷавонон ва наврасони ҳудуди ноҳия тибқи нақша пайваста корҳои тарғиботи ташвиқоти гузаронида шуда истодаст.

Барои “Барномаи миллии рушди иҷтимои ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар ин давра  аз ҳисоби буҷети давлатӣ 45,0 ҳазор сомонӣ, барои “Барномаи миллии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” 45,0 ҳазор сомонӣ ва барои “Барномаи маҳалли рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” 25,0 ҳазор сомонӣ, барои “Барномаи миллиии рушди фаъолияти волонтёрӣ дар ноҳияи Айнӣ барои солҳои 2023-2027” 25,0 ҳазор сомонӣ, барои “Барномаи миллии тарбияи ватандӯстӣ эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар ноҳияи Айнӣ барои солҳои 2023-2027” ба 27,0 ҳазор сомони маблағ пешбини шудааст.

Дар давоми се моҳи соли 2024 1 майдончаи варзиши дар деҳаи Похут сохта ба истифода дода шуд.

Айни замон сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар деҳаҳои Ҳайронбед, Пинён ва Пишанза идома дорад.

Бо мақсади таъмини рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат барои таъмини рушди бемайлони соҳа як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти шароити имкониятҳои мавҷуда, барои рушди ин соҳа афзалиятнок чораҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешавад.

Бо мақсади фароғату истироҳати сайёҳони дохилию хориҷӣ, бо ҷалби соҳибкорони маҳҳалӣ дар ноҳия 17 меҳмонхонаҳо, хонаҳои меҳмонқабулкуни дар деҳаи Саратоқ ва базаҳоӣ сайёҳӣ дорои 428 адад ҷойи хоб дар сатҳи зарури, ҳамарӯза ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд.

Тибқи маълумот  дар се моҳи соли 2024, 1677 нафар сайёҳ ба ноҳия ташриф овардаанд, ки аз он 82 нафарашон меҳмонони  хориҷӣ ва 1595 нафарашон  истироҳаткунандагони  дохилӣ  мебошанд.

Back to top button