Меъморӣ
ВАЗЪИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ
Соҳаи сохтмон яке аз соҳаи муҳими хоҷагии халқи кишвар маҳсуб ёфта, пешрафти он на танҳо барои иқтисодиёти кишвар балки ба дигар соҳаҳо низ таъсир мерасонад. Ин соҳа метавонад, шаҳрвандонро бо ҷои кор таъмин намуда, ба боло бардоштани сатҳи зиндагиашон низ таъсири мусбат мерасонад.
Ҷамъи маблағгузории асосӣ дар ноҳия аз ҳисоби сармоягузорогон 91 миллиону 933,9 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31 миллиону 068,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ин нишондиҳанда 145,8 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар ин давра ба маблағи 68,8 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуд, ки мутаносибан ба маблағи 14,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳаҷми корҳои пудратӣ дар ноҳия 48,8 миллион сомонӣ ташкил намуда, нисбат ба ба ҳамин давраи соли гузашта 210,0 фоиз ва ё худ ба маблағи 25,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра ба масоҳати 6311 метри мураббаъ манзилҳои истиқомати ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 862 метри мураббаъ зиёд мебошад.
Айни замон, дар ноҳия корҳои сохтмони бинои муассисаи таълимӣ барои 240 хонанда дар деҳаи Фатмев, сохтмони бинои муассисаи таълимии иловагӣ барои 320 хонанда дар деҳаи Ревад, сохтмони бинои МТМУ №37 бо “Маркази варзишию солимгардонӣ” дар шаҳраки Зарафшон-2, сохтмони майдони Парчами давлатӣ дар шаҳраки Зарафшон-2, сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 120 кӯдак дар шаҳраки Зарафшон-2, таъмиру азнавсозии бинои Беморхонаи ноҳиявии №2-и шаҳраки Зарафшон бо шуъбаи таваллуд, бачагона, ҷарроҳӣ ва нигоҳдории ҷасади одам (морг), сохтмони бинои муассисаи таълимӣ барои 320 хонанда дар деҳаи Фатмовут, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди бинои муассисаи таълимии деҳаи Гузари Бод мавзеи Кони Зар, сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар шаҳраки Зарафшон-2, таъмири куллии Беморхонаи марказии ноҳия, таъмиру азнавсозии бинои мауассисаи таҳсилоти томактабии деҳаи Такфон, таъмиру азнавсозии бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и деҳаи Такфон бо толори варзишӣ, ошхона ва маркази гармидиҳӣ, таъмиру азнавсозии бинои муассисаи таҳсилоти томактабии деҳаи Похут, сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 80 кӯдак дар маҳаллаи Исковати деҳаи Урметан, колеҷи тиббӣ барои 500 нафар донишҷуй дар деҳаи Урметан, сохтмони дидбонгоҳи оташнишонӣ дар деҳаи Урметан, сохтмони туйхона дар деҳаи Вота, таъмиру азнавсозии бинои клубу китобхонаи деҳаи Вешканд, сохтмону барқарорсозии 9,5 км хатти оби полезӣ ва нӯшокӣ бо ҳавзҳои ҳаҷмашон 2700,0 метри мукааб барои обёрии 120 га замин дар деҳаи Рарз, сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар деҳаҳои Махшевад, Марғзор, Пасруд, Ғабируд, Ремон, Дар-Дар, Шаватки Боло, Рарз ва Хушекат, сохтмони корхонаи истеҳсоли семент дар мавзеи “Талоқи Марзич”-и Ҷамоати деҳоти Анзоб, сохтмони бинои маркази хизматрасонӣ дар деҳаи Урметан идома доранд. Корҳои ба лоиҳагирии сохтмони биноҳои муассисаҳои таълимӣ дар деҳаҳои Шаватки Поён, Махшевад, Вешканд ва Мадм аз ҷониби корхонаи лоиҳакашӣ дар арафаи анҷомёбист.
Мусаллам аст, ки ба муносибати ташрифи меҳмонони Олиқадр дар ноҳия якчанд биною иншооти зерини саноатию ҷамъиятӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳангию фароғатӣ аз қабили Гулгашти муаллифи Суруди миллӣ, шоири халқии Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ дар кӯчаи А. Рӯдакии маркази ноҳияи Айнӣ, маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон дар деҳаи Сангистон бо толори варзишӣ, туйхона, хонаи ақди никоҳ, сехи пойафзолдузӣ, кошонаи ҳусн ва китобхонаи электронӣ, хатти оби нӯшокӣ барои 500 оила дар деҳаи Сангистон, Ҷамоати деҳоти Айнӣ, бинои муассисаи таълимӣ барои 320 хонанда дар як баст дар деҳаи Ваҳдатободи Ҷамоати деҳоти Айнӣ, Беморхонаи минтақавии №6 дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Фондарё дорои 20 кат, бинои муассисаи таҳсилоти томактабии Гулистон барои 200 ҷой дар деҳаи Сангистон, бинои муассисаи таҳсилоти томактабии Ориёна барои 120 ҷой дар деҳаи Анзоб, бинои муассисаи таҳсилоти томактабии Дурахшон барои 120 ҷой дар деҳаи Каздон, бинои муассисаи таҳсилоти томактабии Парасту барои 120 ҷой дар деҳаи Зоосун, бинои муассисаи таҳсилоти томактабии Бунафша барои 120 ҷой дар деҳаи Хайробод, бинои муассисаи таҳсилоти томактабии Садбарг барои 120 ҷой дар деҳаи Ваҳдатобод, азнавсозии бинои хонаи фарҳанги деҳаи Дар-Дар марҳилаи дуюми Корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “ТВЕА Душанбе – саноати куҳӣ, кони ангишти ҶСП “Ангишти Тахт” дар деҳаи Шурмашки Ҷамоати деҳоти Фондарё, дар мавзеи “Работ”, корхонаи саноатии ҶСК “Паҳндараи Майнинг”, корхонаи ҶСП “Ангшти-Тахт”, корхонаи ҶДММ “АРБ Мениралс Групп” ва дигар иншоотҳо тариқи амалию маҷозӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, моҳи ноябри соли ҷорӣ, бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 деҳаи Ғаберуд барои 480 хонанда дар ду баст бо толори варзишӣ, ошхона ва маркази гармидиҳӣ, сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар деҳаи Томин барои 40 кӯдак, сохтмони майдончаи варзишӣ барои бозии футболи хурд ва валейбол, таъмиру азнавсозии клуб бо боғи фарҳангию фароғатӣ тариқи маҷозӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар давраи ҳисоботии соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бинои маркази забономузӣ, маркази хизматрасонӣ бо меҳмонхонаи “Ромия” дар Ҷамоати деҳоти Айнӣ, синфхонаҳои таълимӣ дар деҳаҳои Гузари Бод ва мавзеъи Мохаки Ҷамоати деҳоти Рарз, тарабхонаи “Ораш” дар деҳаи Дар-Дари Ҷамоати деҳоти Дар-Дар, бетонпуш ва асфалпуши роҳҳои деҳаҳои Ревад, Урметан, Сангистон, Томин, Куруд, шаҳраки Зарафшон-1 ва 2 дар масофаи 22,0 км, кашидани хатти оби нӯшокӣ дар масофаи 3 км дар дохили деҳаи Анзоб, 5 адад пулҳои мошингузар ва чорвогузар дар деҳаи Саратоқ ва водии Яғноб бо дигар иншооти таъиноташон гуногун сохта ба истифода дода шуданд.
Дар ин давра бо иштироки Раиси ноҳия дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Фондарё барои бунёди бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 120 кӯдак санги асос гузошта шуд.