Бойгонӣ

ЭҲТИРОМИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АСТ!

Мо мардуми саодатманди тоҷик шукрона аз он дорем, ки дар давлати тинҷу ором Тоҷикистони азизу маҳбуб зиндагӣ мекунем.
Мавриди зикр аст, ки имрӯз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи такомули демократия ва хештаншиносии мардум диққати ҷиддӣ медиҳад, ки бегуфтугӯ аз сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Ин сиёсат ба пойдории сулҳу субот, давлати миллии тоҷикон, таъмини озодиҳои инсон, беҳбудии сатҳи зиндагии иҷтимоии мардум ва таҳкими низоми давлатдории демократӣ ва дунявӣ равона гардидааст.
Ҳадафи ниҳоӣ ва мақсаду мароми сохти давлатдории имрӯза-нигоҳ доштани якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва сохти конститутсионӣ мебошад. Ҳарчанд назарияи ҳуқуқи давлатӣ сохти давлатдориро муайян намуда бошад ҳам, дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ ҳар як давлат роҳи ба худ хосро интихоб менамояд. Дар ин роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва талошҳо барои рушд ва бақои давлату миллат гиромидошти арзишҳои миллӣ авлавияти арзишҳост.
Бузургтарини ин арзишҳо барои миллати тоҷик, бешубҳа, арзиши истиқлолият аст. Таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум ва ба ин васила бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани занону духтарон нишонаи волои ватандӯстиву хештаншиносист, ки дар замири насли наврасу ҷавон заминаи воқеии тарбияи ватандӯстиро мегузорад.
Басо хушоянд аст, ки зан-модари тоҷик аз қадимулайём тарзи ба худ хоси либоспӯшӣ дорад ва назокату нафосати он аз ҳар гуна пораҳои бар сару гардан овезонкардаи ҷомеаи навин дидадарову зебандатар аст. Сатр ва ҳиҷоб дар шакле, ки имрӯз маъмул шудааст, хоси бодиянишинон буд ва ба либоси миллии мо робитае надошт. Боиси таассуф аст, ки имрӯз гурӯҳе аз ҷавонони ноогоҳ бо пайравӣ аз кишварҳои алоҳида майл ба либоси бегонагон намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунанд. Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст.
Оқилова Заррина,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 32 ноҳияи Айнӣ
Back to top button