Хабарҳои руз

Яке аз рукнҳои фарҳанги миллат

Дар тамоми давру замон дилхоҳ халқу миллатро аз рӯйи забон, расму оин, урфу одат ва анъанаҳои нек мешиносанд. Миллати тожик аз азал дорои фарҳанги бою ғанӣ ва бо махсусияиҳои хосаи худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати дорои либосҳои қадим меписанданду эътироф мекунанд, зеро ҳунару фарҳанг воситаи беҳтарини нишон додани симои миллат аст.
Либоси милли яке аз ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз ниёгон аст, ки дар таърих зебою дилкашашро гум накардааст. Басо ҷойи нуҳнудист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллии мардум ва ба ин вавсила пайдо шудани ҷойҳои корӣ ва таъмин намудани занону духтарони маҳаллӣ ба ҷойҳои кории доимӣ гардонидааст.
Бонувон дар ҳама давру замон мақому мартабаи худро доштаандва боз ҳам барои соҳиб гаштан ба ҳуқуқҳои худ мубориза мебаранд. Онҳо тарбиятгари насли наврас, ҷомеа ва миллат мебошанд. Аз ин рӯ, бояд маърифати баланди илму дониш фарҳанги миллӣ ва пушидани либоси миллиро соҳиб бошанд.
Занону модарон дар тамоми давру замон посдору нигоҳдори расму оин ва анъанаҳои нек ба шумор мерафтанд. Дар симои зани тоҷик инсонҳои дорои фарҳанг ва ахлоқи воло, занони ҳалиму хоксор, ва сиёсат мадорони муваффақро метавон шинохт, ки имрӯзҳо миёни доираҳои гуногуни арсои сиёсату давлат ҳамчун сиёсатмадори варзида ва муваффақ соҳиби обрӯву эътибор гардидаанд.
Яке аз нишонаҳои барозанда ва муаррифгари миллии онҳост. Ҳангоме, ки сухан дар барои либоси миллӣ ва ба бар кардани он меравад, пеши назар чеҳра ва симои занони зебои тоҷик ҷилвагар мешавад. Ҷолиб аст, ки дар Тоҷикистон пӯшидану аз бар кардани либосҳои дар ҳар минтаҷа фарқ доад.
Аз ин лиҳоз мо кормандони китобхона тасмим гирифтем, ки баҳри ташвиқу тарғибот бурдан дар ҷомеа ва пос доштани фарҳанги миллӣ, дур сохтани бонувон аз либосҳои бегона, сатру ҳиҷоб доимо кушиш ба харҷ медиҳем.
Китобхонаи марказӣ
Турсунмоҳ Холиқова
Back to top button