
1 октябри соли 2026 дар ноҳияи Айнӣ гурӯҳи аввалини ҷавонони синни даъватӣ, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ омодаи адои хизмати ҳарбӣ гардидаанд, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана гусел карда шуданд.
Ба ин муносибат дар майдони назди Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони комиссариати ҳарбӣ, масъулони мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони ҷангу меҳнат, падару модарон ва пайвандони наваскарон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Зимни суханронӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода таъкид намуд, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2026, №1221 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999–2008» маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ идома дорад.
Раиси ноҳия ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ сафарбаршавандаро барои иқдоми ватандӯстонаашон таҳният гуфта, ба онҳо дар иҷрои қарзи шаҳрвандӣ, ҳифзи марзу буми Ватан ва адои хизмати содиқона роҳи сафеду барор орзу намуд. Ҳамзамон, ба падару модароне, ки фарзандони бонангу номус, ҷасуру ватандӯст ба камол расонидаанд, изҳори эҳтиром ва сипос баён карда шуд.
Зикр гардид, ки хизмати ҳарбӣ барои ҳар як ҷавон мактаби бузурги масъулиятшиносӣ, интизом, матонат, ҷасорат ва ҷавонмардӣ ба ҳисоб рафта, ҷавонон дар ин мактаб дар баробари аз худ намудани донишу малакаҳои ҳарбӣ, ҳисси масъулият дар назди Ватан ва миллатро тақвият медиҳанд.
Таъкид шуд, ки ҷавонони ноҳияи Айнӣ дар таъмини сулҳу оромӣ ва амнияти кишвар саҳми арзанда гузошта, дар қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбаландӣ хизмат менамоянд. Ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими сулҳу субот ва ҳимояи марзу буми кишвар масъулияти ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ зикр гардид, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҷавонони ихтиёрии ба хизмати ҳарбӣ омодашаванда дар Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуда, соҳиби ихтисос гардиданд. Ба як қатор ҷавонон дар фазои тантанавӣ гувоҳномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.
Дар чорабинӣ инчунин даъватшаванда аз Ҷамоати деҳоти Рарз, деҳаи Фатмев — Файзиев Масрур, падари яке аз даъватшавандагон, мушовири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳия Абдиев Файзиддин ва раиси Шӯрои собиқадорони ноҳия Хокирозода Абдушукур Гиёҳ суханронӣ намуда, ҷавононро ба хизмати содиқона, риояи интизоми ҳарбӣ ва ҳифзи номи неки оилаву зодгоҳ ҳидоят намуданд.
Яке аз лаҳзаҳои муҳими чорабинӣ маросими анъанавии нонгазонӣ буд, ки аз ҷониби модарони наваскарон баргузор гардид. Ин маросим ҳамчун рамзи дуои нек, орзуи саломатӣ ва бозгашти сарбаландонаи фарзандон ба Ватан анҷом дода шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешкаши иштирокчиён гардид.
Ҳамин тавр, гурӯҳи аввалини ҷавонони ноҳияи Айнӣ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, иродаи қавӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше





и ещё 56
Смотреть статистику
101
6
67










