Хабарҳои руз

МАШВАРАТИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯИ АЙНӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо иштироки раиси ноҳия Равшан Раҳимзода машварати корӣ баргузор гардид.
Дар машварат масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ, рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, маорифу фарҳанг, энергетика, ҳифзи муҳити зист, сайёҳӣ, омодагӣ ба зимистон ва рафти корҳои созандагию ободонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни машварат ба масъулини соҳаҳо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки 23 сентябри соли 2026 дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд баён гардиданд, расонида, барои татбиқи саривақтӣ ва босифати онҳо дар ҳудуди ноҳия вазифаҳои мушаххас гузошт. Дар ин мулоқот, аз ҷумла, ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, кишоварзӣ, саноат, энергетика, маориф, фарҳанг ва ободонии маҳалҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар машварат масъалаи истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷудаи кишоварзии ноҳия яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ гардид.
Ба масъулини соҳа супориш дода шуд, ки ҷиҳати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, беҳтар намудани таъминоти бозори дохилӣ ва қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ғизоӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳамзамон, ба роҳ мондани фаъолияти самараноки хоҷагиҳои моҳипарварӣ, рушди гармхонаҳо, зиёд намудани истеҳсоли гӯшт, моҳӣ, гӯшти мурғ ва тухм, инчунин бунёди боғҳои нав аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими соҳа муайян гардид.
Масъулин вазифадор гардиданд, ки имкониятҳои мавҷудаи содироти маҳсулоти кишоварзиро ба дигар шаҳру ноҳияҳо васеъ намуда, ҳамзамон барои таъмини аҳолии ноҳия бо маҳсулоти мавриди ниёз захираи кофӣ ташкил намоянд.
Ба масъалаи гузаронидани кишти тирамоҳӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардида, таъкид шуд, ки корҳои кишти тирамоҳӣ бояд дар муҳлати муайяншуда ва бо риояи талаботи агротехникӣ анҷом дода шаванд.
Ҳамзамон, ҷиҳати азхуд намудани заминҳои нав бо ҷалби соҳибкорон ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо, инчунин ба роҳ мондани фурӯши васеи меваю дигар маҳсулоти полезӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Дар идомаи машварат масъалаи омодагии соҳаҳои иҷтимоӣ ба мавсими зимистон баррасӣ гардид.
Масъулини муассисаҳои иҷтимоӣ вазифадор карда шуданд, ки барои зимистонгузаронии муътадил омодагии пурраи муассисаҳо, захираи кофии сӯзишворӣ, маводи гармидиҳӣ ва дигар маводи заруриро таъмин намоянд.
Таъкид гардид, ки рафти омодагӣ ба мавсими зимистон бояд зери назорати доимӣ қарор дошта, камбудиҳои ҷойдошта сари вақт бартараф карда шаванд.
Дар машварат ба масъалаи тозагӣ, ободонӣ ва ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Масъулин вазифадор гардиданд, ки дар шаҳраку деҳоти ноҳия низоми самараноки ҷамъоварӣ ва интиқоли партовҳоро ба роҳ монда, ҷойҳои заруриро бо қуттиҳои партовҷамъкунӣ таъмин намоянд.
Ҳамзамон, масъалаи тозаву озода нигоҳ доштани шоҳроҳҳои байналмилалӣ, роҳҳои маҳаллӣ ва ҳудуди назди муассисаҳо баррасӣ гардида, барои иҷрои корҳои тозагӣ техникаи зарурӣ сафарбар карда шавад.
Дар баробари ин, ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати санитарӣ ва ободонии минтақаҳои назди роҳҳо сохтмон ва нигоҳдории мабразҳои санитарӣ дар ҷойҳои зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Яке аз масъалаҳои муҳими машварат таъмини аҳолӣ бо неруи барқ, бахусус дар маҳалҳои дурдасти ноҳия, ба ҳисоб мерафт.
Ба масъулини соҳа супориш дода шуд, ки барои беҳтар намудани таъминоти барқ дар деҳоти дурдаст тадбирҳои зарурӣ андешида, имкониятҳои истифодаи панелҳои офтобиро васеъ намоянд.
Зикр гардид, ки истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда метавонад барои беҳтар намудани таъминоти барқ дар маҳалҳои дурдаст заминаи мусоид фароҳам оварад. Дар мулоқоти 23 сентябр низ масъалаи истифодаи самараноки иқтидорҳои энергетикӣ, технологияҳои муосир ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия таъкид шудааст.
Дар бахши дигар рушди истеҳсолоти саноатӣ ва истифодаи имкониятҳои мавҷудаи истеҳсолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба масъулин ва соҳибкорон тавсия дода шуд, ки барои ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, аз ҷумла хишти сементӣ, қуму шағал ва бетон, инчунин дигар маҳсулоти барои рушди соҳаи сохтмон зарурӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.
Ҳамчунин, масъалаи ба роҳ мондани истеҳсоли либоси мактабӣ дар дохили ноҳия ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ таъкид гардид.
Раиси ноҳия ба масъалаи ба итмом расонидани иншооти сохташаванда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид кард, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдгардида бояд босифат ва дар муҳлатҳои муайяншуда анҷом дода шаванд.
Масъулини соҳаи сохтмон вазифадор гардиданд, ки рафти корҳои сохтмонӣ, сифати иҷрои онҳо ва таъминот бо масолеҳи заруриро зери назорати доимӣ қарор дода, барои пурра ба анҷом расонидани иншооти боқимонда то охири соли ҷорӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Бо дарназардошти имкониятҳои табиию ҷуғрофии ноҳияи Айнӣ, дар машварат масъалаи рушди сайёҳӣ ва инфрасохтори истироҳатӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Ба масъулин супориш дода шуд, ки барои истифодаи самараноки имкониятҳои табиии ноҳия, аз ҷумла соҳилу мавзеъҳои назди дарёҳо, чашмаҳо ва рӯдҳо, ҷиҳати рушди сайёҳии дохиливу хориҷӣ ва ташкили ҷойҳои истироҳатӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки минтақаҳои сайёҳӣ ва истироҳатӣ бояд ҳамеша дар ҳолати тозаву озода нигоҳ дошта шуда, ба масъалаи ҳифзи табиат ва муҳити зист диққати ҷиддӣ дода шавад.
Дар машварат рушди соҳаи маориф ва фарҳанг ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ баррасӣ гардид.
Ба масъулини соҳа супориш дода шуд, ки барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, таъмини онҳо бо китобҳои дарсӣ ва бадеӣ, таҷҳизоти зарурӣ ва дигар воситаҳои таълимӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамзамон, масъалаи таъмири муассисаҳои таълимии таъмирталаб баррасӣ гардида, таъкид шуд, ки чунин муассисаҳо бояд марҳила ба марҳила аз таъмири куллӣ бароварда шаванд.
Дар самти фарҳанг низ барои таъмин намудани муассисаҳои фарҳангӣ бо китоб, таҷҳизот ва дигар воситаҳои зарурӣ, беҳтар намудани шароити фаъолияти онҳо ва рушди чорабиниҳои фарҳангӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Дар фарҷоми машварат масъалаҳои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, нигоҳдории инфрасохтори давлатӣ, ободонӣ ва риояи тозагӣ баррасӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бояд барои нигоҳдории биною иншооти давлатӣ, роҳҳо, кӯчаҳо, мавзеъҳои ҷамъиятӣ ва дигар инфрасохтори ноҳия тадбирҳои мунтазам андешанд.
Раиси ноҳия масъулинро вазифадор намуд, ки иҷрои дастуру супоришҳои додашударо таҳти назорати қатъӣ қарор дода, оид ба рафти иҷрои онҳо мунтазам маълумот пешниҳод намоянд.
Дар маҷмӯъ, дар машварат барои ҳар як соҳа вазифаҳои мушаххас муайян гардида, масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати онҳо вазифадор карда шуданд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода таъкид намуд, ки тамоми имкониятҳои мавҷуда бояд барои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди истеҳсолот, ободонии маҳалҳо ва омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистон самаранок истифода бурда шаванд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше
и ещё 13
Смотреть статистику

60

1

13

Leave a Reply

Back to top button