Хабарҳои руз

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ ОМӮЗГОР ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Субҳи имрӯз, 2 октябри соли 2026, дар Қасри фарҳанги ба номи Нақибхон Туғрали маркази ноҳияи Айнӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгор чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Абдусалом Раҷабзода, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосии ноҳия, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, омӯзгорон, собиқадорони соҳаи маориф ва дигар фаъолон иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сухани табрикии Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода оғоз гардида, мавсуф ҳозиринро ба муносибати ду санаи муҳими миллӣ — Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгор самимона табрик намуд.
Раиси ноҳия таъкид кард, ки ин ду сана бо ҳам пайванди ногусастанӣ доранд, зеро омӯзгор тарбиятгари насли оянда ва забони давлатӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, омили муҳими худшиносии миллӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ мебошад.
Зикр гардид, ки бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳти сиёсати ояндасозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гиромидошти шахсиятҳои сарнавиштсози миллат, ҳифзу таҳкими арзишҳои миллӣ ва рушди соҳаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
Ҳамасола дар сатҳи шоиста таҷлил гардидани Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ низ ифодагари арҷгузорӣ ба заҳмати созандагони маърифату дониш — омӯзгорон ва эҳтиром ба яке аз рукнҳои муҳими давлатдории миллӣ — забони давлатӣ мебошад.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ нақши омӯзгорро дар ҷомеа ниҳоят муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки омӯзгор танҳо омӯзонандаи дониш нест, балки тарбиятгари шаҳрванд, роҳнамои маънавии насли наврас ва бунёдгузори ояндаи давлат мебошад.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» қадами муҳим дар самти баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ ва касбии омӯзгор, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти касбӣ арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки ин ғамхории давлату Ҳукумат дар назди ҳар як омӯзгор масъулияти бузург мегузорад. Омӯзгор бояд на танҳо дониш омӯзонад, балки дар қалби шогирд муҳаббат ба Ватан, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба қонун, муқаддасоти давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандиро ҷой диҳад.
Зеро ояндаи давлат имрӯз дар синфхонаҳо бунёд меёбад. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки таҳаввулоти босуръати иттилоотӣ ва технологӣ идома дорад, вазифаи омӯзгор танҳо бо таълиму тарбия маҳдуд намешавад. Ӯ бояд ба шогирдон фарқ кардани ҳақиқат аз маълумоти бардурӯғ, истифодаи дурусти фазои иттилоотӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтироми давлатдорӣ ва муқовимат ба зуҳуроти номатлубро низ омӯзонад.
Раиси ноҳия дар идомаи суханронӣ ба масъалаи рушди маориф ва дастовардҳои хонандагони ноҳия таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Қайд гардид, ки имрӯзҳо омӯзгорону хонандагони ноҳияи Айнӣ дар олимпиадаҳо ва озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявию вилоятӣ иштироки фаъолона дошта, натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд. Аз ҷумла, 21 нафар хонандаи ноҳия дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд. Чор нафар хонанда дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ҷойҳои якум ва дуюмро соҳиб шудаанд. Ҳамчунин, дар озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ду нафар хонандаи ноҳия сазовори ҷойҳои якум ва сеюм гардидаанд.
Равшан Раҳимзода таъкид намуд, ки ин дастовардҳо шоистаи таҳсинанд, вале имкониятҳои соҳаи маориф ва истеъдоди хонандагони ноҳия бештар аз ин аст. Аз ин рӯ, бояд дар ҳар як муассисаи таълимӣ истеъдоди хонандагон сари вақт муайян гардида, барои рушди қобилиятҳои онҳо шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.
Таъкид гардид, ки ҳадаф танҳо иштирок дар озмунҳо нест, балки омода намудани хонандагони донишманд, соҳибмаърифат, ватандӯст ва рақобатпазир мебошад. Кор бо хонандагони соҳибистеъдод бояд мунтазам, мақсаднок ва аз солҳои аввали таҳсил ба роҳ монда шавад.
Дар ин замина, Раиси ноҳия ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ низ таваҷҷуҳ намуда, иттилоъ дод, ки соли гузашта масъалаи муайян намудани «Мактаби беҳтарин» гузошта шуда буд ва имсол дар натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти муассисаҳои таълимӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳраки Зарафшон ҳамчун муассисаи беҳтарин муайян гардид.
Омӯзгорону хонандагони ин муассиса дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ, варзишӣ, олимпиадаву озмунҳо иштироки фаъол дошта, бо ташаббус ва ҳисси баланди ватандӯстӣ намунаи ибрат мебошанд.
Ҳамзамон, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 1, 2, 5, 15, 19, 20, 24, 31, 36 ва 56 низ фаъолияти назаррас нишон дода, ба қатори даҳгонаи муассисаҳои беҳтарини ноҳия дохил гардидаанд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин аз фаъолияти омӯзгорони ноҳия дар озмунҳои касбии соҳаи маориф ёдоварӣ карда шуд. Аз ҷумла, Туйматова Муаззама — мураббии Муассисаи таҳсилоти томактабии №4 дар озмуни «Мураббияи сол», Ҷӯраева Гулҷаҳон — омӯзгори МТМУ №6 дар озмуни «Омӯзгори сол» ва Қамараддин Одинаев — роҳбари синфи МТМУ №13 дар озмуни «Роҳбари синфи сол» иштирок намуда, натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд.
Зикр гардид, ки чунин дастовардҳо далели мавҷудияти омӯзгорони соҳибтаҷриба, масъулиятшинос ва эҷодкор дар ноҳия буда, зарур аст, ки барои рушди минбаъдаи маҳорати касбии онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Дар идомаи суханронӣ ба беҳтар гардидани шароити таълим низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Қайд карда шуд, ки дар ноҳия қаблан 8 муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд. Дар ин давра 6 муассиса аз ҳолати садамавӣ бароварда шуда, дар ду муассисаи боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Ҳамчунин, муассисаҳои таълимии ноҳия бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардида, барои ғанӣ гардонидани захираи китобии муассисаҳо ба маблағи 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ китобҳои бадеӣ харидорӣ ва ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шудаанд.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки истифодаи самараноки имкониятҳои Маркази таҳсилоти иловагӣ низ бояд яке аз самтҳои муҳими фаъолияти соҳаи маориф бошад. Дар ин марказ бояд истеъдод ва қобилияти хонандагон сари вақт муайян гардида, онҳо ба маҳфилҳои мувофиқ ҷалб карда шаванд.
Дар баробари ин, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ гардид. Омӯзгори муосир бояд пайваста дониш ва малакаи касбии худро такмил диҳад, технологияҳои навро омӯзад ва аз усулҳои муосири таълим самаранок истифода барад.
Дар идомаи чорабинӣ Раиси ноҳия ба масъалаи забони давлатӣ ва нақши он дар таҳкими худшиносии миллӣ таваҷҷуҳ намуда, таъкид кард, ки забони тоҷикӣ забони таърих, фарҳанг, ҳастии миллӣ ва давлатдории мост.
Забони миллӣ ойинаи таърих, ҷаҳони маънавӣ, хираду маърифати ҳар як халқу миллат буда, барои тоҷикон забони модарӣ зербинои ҳувияти миллӣ ва омили муҳими ҳифзи он мебошад.
Забони тоҷикӣ, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо донишу маърифати мардумро дар худ нигоҳ доштааст, яке аз муҳимтарин далелҳои ҳастии таърихии миллати тоҷик ва мероси бузурги маънавии он мебошад.
Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ танҳо воситаи муошират нест. Он хотираи таърихии миллат, шиносномаи маънавии халқ ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад.
Аз Рӯдакӣ то Фирдавсӣ, аз Носири Хусраву дигар бузургони илму адаб то Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода забони тоҷикӣ ҳамчун забони андеша, адабиёт, фарҳанг ва худшиносии миллӣ такмил ёфта, ба наслҳои имрӯз мероси гаронбаҳо гузоштааст.
Мероси бузурги гузашта барои мо танҳо мояи ифтихор нест, балки масъулияти бузург аст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар ҳифз, покизагӣ ва рушди забони давлатӣ саҳми худро гузорад.
Таъкид гардид, ки забонро набояд танҳо дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи забони давлатӣ гиромӣ дошт. Он бояд ҳар рӯз ва дар ҳар муносибат бо эҳтиром истифода шавад — дар ҳуҷҷатҳои расмӣ, коргузорӣ, муассисаҳои давлатӣ, маориф, фарҳанг, воситаҳои ахбори омма ва бахусус дар фазои маҷозӣ.
Дар баробари ин, ҳифзи забон танҳо риояи қоидаҳои имлоӣ нест. Ҳифзи забон ҳифзи фарҳанги миллӣ, эҳтироми таърих, пос доштани хотираи ниёгон ва таҳкими худшиносии шаҳрвандӣ мебошад.
Забони тоҷикӣ бояд на танҳо забони мероси гузашта, балки забони илму дониш, технологияи муосир, иқтисод, фарҳанг ва фазои иттилоотии имрӯз бошад. Забоне, ки метавонад андешаи муосирро ифода кунад, забони зинда ва рушдёбанда аст.
Раиси ноҳия таъкид кард, ки дар баробари омӯзиши забони давлатӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ низ барои ҷавонон муҳим мебошад. Ҷаҳони муосирро бояд омӯхт ва бо дастовардҳои он ҳамқадам буд, аммо дар ин раванд набояд решаҳои миллӣ ва забони модарӣ фаромӯш карда шаванд.
Ноҳияи Айнӣ ҳамчун сарзамини фарзандони бузурги миллат, аҳли илму адаб ва фарҳанг дар масъалаи ҳифзу рушди забони тоҷикӣ масъулияти хосса дорад. Аз ин рӯ, вазифаи аҳли маориф ва ҷомеа аз он иборат аст, ки забони бузурги ба меросмондаро бо эҳтиром ва масъулияти баланд ба наслҳои оянда супоранд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Зикр гардид, ки Истиқлол барои мардуми Тоҷикистон танҳо як сана нест, балки рамзи соҳибдавлатӣ, худшиносӣ, озодӣ, ваҳдати миллӣ ва масъулияти бузурги ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан мебошад.
Ташрифи кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва иштироки Пешвои миллат дар тантанаҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои сокинони вилоят рӯйдоди муҳими сиёсиву таърихӣ ба ҳисоб рафта, ба дастовардҳои сокинони вилоят дар самти ободониву созандагӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Дар идомаи чорабинӣ раиси собиқадорони меҳнат дар ноҳия, собиқ мудири шуъбаи маориф Абдушукур Хокирозода низ суханронӣ намуда, аҳли маорифро ба муносибати Рӯзи омӯзгор табрик гуфт ва аз нақши омӯзгор дар тарбияи насли наврас, рушди маърифат ва пешрафти ҷомеа ёдовар шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгор маросими қадрдонӣ баргузор гардид. Як қатор омӯзгорону кормандони соҳаи маориф ва хонандагоне, ки дар самтҳои гуногуни таълиму тарбия ва озмуну олимпиадаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, бо сипоснома ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Чорабинӣ бо барномаи рангини фарҳангӣ-консертӣ идома ёфта, аҳли толор аз суруду таронаҳои ватандӯстона, шеърҳои васфкунандаи забони тоҷикӣ, Ватан ва омӯзгор баҳравар гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки ояндаи ҷомеа ва давлат аз насли имрӯз вобаста аст ва дар тарбияи ин насл нақши омӯзгор ва забони давлатӣ ниҳоят бузург мебошад. Агар омӯзгор чароғи маърифатро дар қалби шогирд фурӯзон созад, забони модарӣ бошад, ин чароғро бо рӯҳи таърих, фарҳанг ва худшиносии миллӣ пайванд медиҳад.
Забони тоҷикӣ зинда аст, зеро миллат зинда аст; пойдор аст, зеро давлатдории миллӣ пойдор аст. Вазифаи насли имрӯз он аст, ки ин мероси гаронбаҳоро на танҳо ҳифз намояд, балки онро боз ҳам ғанӣ гардонида, ба наслҳои оянда ҳамчун амонати муқаддаси миллат ба мерос гузорад.
Бо ҳамин ниятҳои нек, аҳли маориф ва тамоми сокинони ноҳияи Айнӣ ба муносибати Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта шуда, ба онҳо саломатии бардавом, саодати рӯзгор, фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои нави таълимиву маърифатӣ орзу карда шуд.
Дар охир, маросими қадрдонӣ сурат гирифта, барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Показать меньше
и ещё 27
Смотреть статистику

85

3

14

Leave a Reply

Back to top button