Хабарҳои руз

КОРВОНИ ЖУРНАЛИСТОН ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо ташаббуси Бахши вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, таҳти роҳбарии раиси Иттифоқи журналистони вилоят Ҷовиди Аштӣ, корвони журналистон ташкил гардидааст.
Ҳадафи асосии ташкили корвони журналистон инъикоси дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, шиносоии наздик бо раванди рушди соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва муаррифии натиҷаҳои созандагиву ободонӣ тавассути воситаҳои ахбори омма мебошад. Ин иқдом бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, рӯзноманигорон зимни сафар ба шаҳру ноҳияҳо аз корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, иншооти истеҳсолӣ ва мавзеъҳои фарҳангӣ боздид намуда, роҷеъ ба пешрафту дастовардҳои минтақаҳо маводи таҳлилӣ ва иттилоотӣ омода мекунанд.
7 октябр ҳайати корвони журналистон ба ноҳияи Айнӣ ташриф овард.
Меҳмононро раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дар назди майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия истиқбол гирифт. Зимни мулоқоти нахустин раиси ноҳия ба рӯзноманигорон оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии ноҳия, раванди ободониву созандагӣ ва натиҷаҳои рушди соҳаҳои гуногун маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.
Таъкид гардид, ки ноҳияи Айнӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, имрӯз дар қатори ноҳияҳои пешрафтаи саноатии ҷумҳурӣ қарор дорад. Рушди соҳаи саноат, бунёду навсозии корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтар гардидани инфрасохтори иҷтимоӣ ва татбиқи барномаҳои созандагӣ аз самтҳои муҳими рушди ноҳия ба ҳисоб мераванд.
Пас аз истиқболи меҳмонон дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ вохӯрии раиси ноҳия Равшан Раҳимзода бо гурӯҳи рӯзноманигорон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ рӯзноманигорон ба масъалаҳои муҳими ҳаёти ноҳия таваҷҷуҳ намуда, вобаста ба раванди ободонӣ, татбиқи корҳои созандагӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, рушди соҳаи саноат, фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ ва вазъи муассисаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маорифу фарҳанг саволҳо пешниҳод карданд.
Раиси ноҳия ба саволҳои рӯзноманигорон посух дода, таъкид намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди ҳамаҷонибаи ноҳияи Айнӣ тадбирҳои пайваста амалӣ гардида, дар натиҷаи корҳои созандагӣ симои ноҳия тадриҷан тағйир ёфтааст. Бунёди иншооти нав, таъмиру навсозии роҳҳо, беҳтар намудани шароити муассисаҳои иҷтимоӣ ва рушди иқтидори истеҳсолӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки ба пешрафти иқтисодию иҷтимоии ноҳия мусоидат мекунанд.
Дар идомаи сафар ҳайати корвони журналистон аз як қатор корхонаҳои саноатӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, боғҳои фарҳангӣ ва муассисаҳои таълимии ноҳия боздид намуданд.
Зимни боздид рӯзноманигорон бо фаъолияти корхонаҳо ва коргоҳҳои истеҳсолӣ, имкониятҳои истеҳсолӣ, шароити кору фаъолияти кормандон, истифодаи иқтидорҳои мавҷуда ва саҳми онҳо дар рушди иқтисоди ноҳия аз наздик шинос шуданд. Ҳамзамон, фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, ба раванди созандагӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Боздиди рӯзноманигорон аз мавзеъҳои гуногуни ноҳия имкон фароҳам овард, ки дастовардҳои Айнӣ на танҳо аз рӯйи маълумоти оморӣ ва ҳисоботӣ, балки аз наздик ва дар заминаи фаъолияти воқеии корхонаҳо, муассисаҳо ва иншооти мавҷуда мавриди омӯзиш қарор гиранд.
Ҳайати корвони журналистон дар ҷараёни сафар бо масъулони соҳаҳо, кормандони корхонаҳои саноатӣ, омӯзгорон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун суҳбат намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти онҳо маълумоти зарурӣ ҷамъоварӣ карданд.
Маводи ҷамъоваришуда минбаъд тавассути воситаҳои ахбори омма ба ҷомеа пешниҳод гардида, ба муаррифии имкониятҳои иқтисодию иҷтимоӣ, иқтидори истеҳсолӣ ва дастовардҳои ноҳияи Айнӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ равона хоҳад шуд.
Ташкили чунин корвонҳои журналистӣ дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дошта, барои бозтоби воқеии дигаргуниҳои созанда, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ноҳияи Айнӣ имрӯз бо иқтидори саноатӣ, имкониятҳои истеҳсолӣ ва раванди пайвастаи корҳои ободониву созандагӣ симои нав касб намуда, дар рушди иқтисодии вилояти Суғд ва дар маҷмӯъ, пешрафти кишвар саҳми арзандаи худро мегузорад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше

Leave a Reply

Back to top button