
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи обёрии заминҳои кишоварзӣ, самаранок истифода намудани захираҳои обӣ ва заминӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории кишвар, дар ноҳияи Айнӣ корҳои созандагиву ободонӣ ва таъмиру таҷдиди иншооти обрасонӣ пайваста идома доранд.
Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои кишоварзӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои кишоварзон ва васеъ намудани майдони заминҳои обёришаванда тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Дар ҳамин замина раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода дар якҷоягӣ бо раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Боқимуҳаммад Боқизода, раиси Идораи оби ноҳия ва дигар шахсони масъул аз раванди корҳои таъмиру таҷдиди мангули Хушекат боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид таъкид гардид, ки мангули мазкур яке аз иншооти муҳими обрасонӣ ба ҳисоб рафта, дар обёрии заминҳои кишоварзии ҳудуди Дашти Хушекат нақши муҳим дорад. Дарозии хати оби полезии он 1800 метр буда, қутри қубур 500 миллиметрро ташкил медиҳад. Ин иншоот бар асари офатҳои табиии солҳои гузашта аз фаъолият бозмонда буд.
Айни замон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва саҳми сокинони деҳаҳои Хушекат ва Дашти Хушекат корҳои таъмиру барқарорсозии он идома доранд. Пас аз ба истифода додани иншооти мазкур имкониятҳои обрасонӣ ба заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардида, барои истифодаи самараноки заминҳои корам шароити мусоид фароҳам хоҳад шуд.
Бояд гуфт, ки бо мақсади беҳтар намудани вазъи обёрӣ ва зиёд намудани майдони заминҳои обёришаванда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар чор пойгоҳи обии ҳудуди ноҳия корҳои таъмиру таҷдид анҷом дода шудаанд. Инчунин, дар як қатор мавзеъҳо тавассути қубурҳо хатҳои нави оби полезӣ ва нӯшокӣ бунёд гардида истодаанд.
Дар Дашти Хушекат беш аз 200 гектар замини кишоварзӣ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ ва мангули обрасонӣ обёрӣ карда мешавад. Аз ин рӯ, таъмиру таҷдиди иншооти мазкур барои сари вақт ва босифат анҷом додани корҳои кишоварзӣ ва истифодаи самараноки заминҳо аҳамияти муҳим дорад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни боздид масъулини соҳаи об, роҳбарони сохторҳои дахлдор ва шахсони масъулро вазифадор намуд, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда корҳои таъмиру барқарорсозии иншооти обёриро босифат ва дар муҳлатҳои муайянгардида ба анҷом расонанд.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки замин, беҳтар намудани ҳолати обёрии заминҳои кишоварзӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ, бояд аз тамоми захираю имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда шавад.
Ба масъулин супориш дода шуд, ки назорати техникии пойгоҳҳои обкашӣ ва шабакаҳои обрасониро пурзӯр намуда, барои пешгирии талафоти об, истифодаи оқилонаи он ва таъмини саривақтии заминҳои кишоварзӣ бо об тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар маҷмӯъ, таъмиру таҷдиди иншооти обёрӣ ва бунёди хатҳои нави обрасонӣ дар ноҳияи Айнӣ заминаи мусоидро барои истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, рушди соҳаи кишоварзӣ ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ фароҳам меорад.
Показать меньше










