
Дар ноҳияи Айнӣ қадрдонӣ ва гиромидошти собиқадорони меҳнат, ки солҳои тӯлонӣ барои пешрафти соҳаҳои гуногун ва рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия саҳми арзанда гузоштаанд, ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар доираи ин иқдом ба муносибати 70-солагии дандонпизишки Беморхонаи ноҳиявии Зарафшон Мардонқул Яҳёев чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарияти соҳаи тандурустӣ, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, кормандони муассисаи тиббӣ, ҳамкорон ва собиқадорони меҳнат иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузоштан ба хизматҳои шоистаи собиқадорони меҳнат, эҳтироми калонсолон ва истифода аз таҷрибаи рӯзгордидагони соҳаҳои гуногун ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ва анъанаи неки ҷомеа табдил ёфтааст.
Мардонқул Яҳёев солҳои тӯлонӣ дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла ҳамчун дандонпизишк фаъолият намуда, дар тӯли фаъолияти меҳнатии худ барои ҳифзи саломатии аҳолӣ ва хизматрасонии босифати тиббӣ ба сокинон саҳми арзанда гузоштааст.
Ӯ имрӯз ба синни мубораки 70-солагӣ расида бошад ҳам, фаъолияти касбии худро идома дода, бо таҷрибаи бойи корӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонад ва дар тарбияи кадрҳои ҷавон низ саҳми худро мегузорад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни суханронӣ Мардонқул Яҳёевро ба муносибати ҷашни 70-солагӣ самимона табрик намуда, таъкид кард, ки собиқадорони меҳнат ганҷинаи бузурги таҷрибаи касбӣ ва зиндагӣ ба ҳисоб мераванд.
Раиси ноҳия иброз дошт, ки таҷрибаи чандинсолаи чунин шахсони соҳибэҳтиром барои насли ҷавон мактаби бузурги зиндагӣ ва фаъолияти касбӣ мебошад. Меҳнати содиқона, масъулиятшиносӣ, садоқат ба касб ва хизмат ба мардум намунаи ибрат барои ҷавонон буда, эҳтиром ва қадршиносии собиқадорон вазифаи ҳар як ҷомеаи солим мебошад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди соҳаи тандурустӣ, беҳтар намудани шароити фаъолияти кормандони тиб ва дастгирии табибони соҳибтаҷриба таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Абдушукур Хокирозода низ баромад намуда, Мардонқул Яҳёевро ба муносибати 70-солагии умр табрик гуфт. Ӯ аз фаъолияти чандинсолаи мавсуф ёдовар шуда, саҳми ӯро дар хизмати соҳаи тандурустӣ ва ба мардум муҳим арзёбӣ намуд.
Сипас, собиқадори меҳнат Мунаввар Боев дар суханронии худ Мардонқул Яҳёевро ба ин санаи фархунда табрик намуда, ба ӯ саломатии бардавом, умри дароз, рӯзгори обод ва дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ барору комёбӣ орзу кард.
Дар идомаи чорабинӣ ба муносибати 70-солагии Мардонқул Яҳёев ба ӯ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Номаи Арзи Сипос ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Мардонқул Яҳёев барои таваҷҷуҳ ва қадршиносӣ изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки хизмат ба мардум ва саҳм гузоштан дар ҳифзи саломатии аҳолӣ барои ҳар як корманди соҳаи тиб вазифаи пурифтихор мебошад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше










