
Муҳтарам сокинони ноҳияи Айнӣ!
Ҳамдиёрони азиз!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза ҳамаи Шумо — сокинони сарбаланди ноҳияи Айнӣ, аҳли маорифу фарҳанг, зиёиён, ҷавонон ва тамоми мардуми ноҳияро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.
Забони тоҷикӣ яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ, рукни муҳими давлатдории миллӣ, омили худшиносӣ ва пайванди ногусастании наслҳои гузашта, имрӯз ва фардои миллат мебошад. Забон барои ҳар як миллат танҳо воситаи муошират нест, балки таърих, фарҳанг, хотираи маънавӣ ва шиносномаи ҳастии он аст.
Миллати тоҷик дар тӯли таърихи пурифтихори худ забони хешро ҳамчун ганҷи бебаҳо ҳифз намуда, тавассути он осори гаронбаҳои илмиву адабӣ ва фарҳангии худро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Забони тоҷикӣ бо номи бузургони илму адаби мо — устод Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва садҳо фарзандони фарзонаи миллат пайванди ногусастанӣ дорад.
Имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хосса дошта, дар таҳкими давлатдории миллӣ, худшиносии шаҳрвандӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши муҳим мебозад. Эҳтиром ба забони давлатӣ, риояи меъёрҳои он ва истифодаи дурусти забони тоҷикӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Мо бояд забони давлатиро на танҳо дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашн, балки ҳамеша бо эҳтиром ва масъулияти баланд истифода намоем. Хусусан дар замони рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ зарур аст, ки забони тоҷикӣ дар фазои маҷозӣ, илму маориф, фарҳанг, муносибатҳои расмӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавқеи шоистаи худро боз ҳам устувор намояд.
Ноҳияи Айнӣ ҳамчун сарзамини фарзандони бузурги илму адаб ва фарҳанги тоҷик дар назди ҳифзу рушди забони миллӣ масъулияти бештар дорад. Мо бояд ба номи ин сарзамини таърихӣ ва мероси маънавии бузургони он сазовор бошем ва забони ноби тоҷикиро ба наслҳои оянда ҳамчун мероси гаронбаҳо, неруманду ғанӣ ба мерос гузорем.
Дар баробари ин, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба забони давлатӣ бояд яке аз самтҳои муҳими фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, оила ва ҷомеа бошад. Ҷавонони мо бояд донанд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва рӯ овардан ба дастовардҳои ҷаҳони муосир ҳаргиз набояд боиси дур шудан аз забони модарӣ, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ гардад.
Забони тоҷикӣ забони гузашта, имрӯз ва фардои мост. Ҳифзи он ҳифзи таърих, фарҳанг ва ҳастии маънавии миллат мебошад.
Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар тамоми сокинони ноҳияи Айнӣ ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба ҳар яки Шумо саломатии бардавом, рӯзгори обод, файзу баракат, осоиштагӣ ва дар роҳи ҳифзу рушди забони давлатӣ масъулияту муваффақиятҳои бештар орзу менамоям.
Бигзор забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатдории миллӣ, забони илму маърифат ва фарҳанги миллӣ ҳамеша пойдору ҷовидон бошад!
Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
Саломат ва сарбаланд бошед!
Показать меньше










