
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию ободонӣ ва вазъи омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба шароити муосир аз Беморхонаи марказии ноҳия ва Беморхонаи ноҳиявии шаҳраки Зарафшон боздид ба амал овард.
Зимни боздид раиси ноҳия аз ҷараёни корҳои таъмиру таҷдид, ободонӣ ва беҳтар намудани шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шинос шуда, барои масъулон вобаста ба идомаи босифати корҳо, риояи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ ва муҳайё намудани шароити муносиб барои беморон ва кормандони соҳаи тандурустӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар Беморхонаи марказии ноҳия айни замон корҳои таъмири капиталӣ идома дошта, ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтори муассиса ва фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Ҳамзамон, дар ҳудуди беморхона барои таъмини муассиса бо оби доимии нӯшокӣ чоҳи амудӣ мавриди истифода қарор дода шуда истодааст. Тибқи иттилои масъулон, истифодаи самараноки ин манбаи об имкон медиҳад, ки эҳтиёҷоти беморхона ба оби нӯшокӣ беҳтар таъмин гардида, ҳамзамон барои обёрии боғҳои ҳудуди муассиса ва атрофи он низ шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Раиси ноҳия зимни шиносоӣ ба масъулон таъкид намуд, ки корҳои таъмиру таҷдид бояд бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи муосир анҷом дода шуда, масъалаҳои таъмини муассиса бо об, барқ, гармӣ ва дигар шароити зарурӣ ба таври доимӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта бошанд.
Сипас, Равшан Раҳимзода аз Беморхонаи ноҳиявии шаҳраки Зарафшон боздид намуда, бо рафти корҳои таъмиру таҷдид ва сатҳи омодагии муассиса шинос гардид.
Дар Беморхонаи ноҳиявии Зарафшон низ корҳои таъмиру таҷдид идома дошта, муассиса марҳила ба марҳила бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин ва шароити он ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуда истодааст. Амалӣ гардидани чунин тадбирҳо ба беҳтар намудани шароити фаъолияти табибону кормандони тиб ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Зимни боздид масъалаҳои вобаста ба сифати корҳои анҷомдодашаванда, истифодаи оқилонаи имкониятҳои мавҷуда, нигоҳдории таҷҳизот, беҳтар намудани шароити санитариву маишӣ ва муҳайё намудани муҳити муносиб барои қабули беморон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки ҳифзи саломатии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ба ҳисоб рафта, беҳтар намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои табибон ва беморон ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ бояд пайваста дар мадди назар бошад.
Ба масъулони соҳа дастур дода шуд, ки корҳои таъмиру таҷдидро тибқи нақша ва бо сифати баланд идома дода, барои сари вақт ба истифода омода намудани иншооти таъмиршаванда ва фароҳам овардани шароити муносиб барои аҳолӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамзамон, раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо беморони Беморхонаи ноҳиявии Зарафшон суҳбати самимӣ анҷом дода, аз вазъи саломатии онҳо, сатҳи нигоҳубин ва хизматрасонии тиббӣ, инчунин шароити будубош дар муассиса пурсон шуд. Беморон вобаста ба муносибати кормандони тиб, шароити табобат ва хизматрасонии ба онҳо пешниҳодшаванда андешаҳои худро баён намуданд.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки фароҳам овардани шароити муносиб барои беморон, муносибати хубу ғамхоронаи кормандони тиб ва расонидани хизматрасонии босифат бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти муассиса қарор дошта бошад. Роҳбарияти беморхона вазифадор гардид, ки барои беҳтар намудани шароити табобату нигоҳубини беморон ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои заруриро мунтазам амалӣ намояд.
Боздиди раиси ноҳия аз муассисаҳои тандурустӣ идомаи тадбирҳои созандагӣ ва ободонӣ дар самти рушди инфрасохтори иҷтимоӣ буда, ба беҳтар гардидани шароити хизматрасонии тиббӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше










