
Шоми 6 октябр дар маркази ноҳияи Айнӣ низоми нави равшанидиҳии кӯчаву хиёбонҳо, ки дар доираи корҳои созандагию ободонӣ бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор гирифт.
Дар маросими ба истифода додани чароғакҳои нави замонавӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони сохторҳои дахлдор ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Зимни маросим раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода сокинонро ба муносибати ба истифода додани низоми нави равшанидиҳӣ табрик намуда, таъкид кард, ки ободонии маҳал ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ба ҳисоб меравад.
Равшан Раҳимзода бо такя ба ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинонро ба идомаи корҳои созандагию ободонӣ, ҳифзи тозагӣ ва зебоии муҳити зист, муносибати масъулона ба ободии маҳал ва саҳмгузорӣ дар рушди ноҳия раҳнамун кард. Таъкид гардид, ки ободии Ватан аз муносибати ҳар як шаҳрванди он ба маҳалли зист, меҳнати софдилона, масъулиятшиносӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ оғоз меёбад.
Зикр гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат корҳои ободонию созандагӣ пайваста вусъат гирифта, бо дастгирӣ ва сиёсати созандаи Пешвои миллат барои рушди инфрасохтор ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагии мардум тадбирҳои мушаххас амалӣ мешаванд. Дар ин раванд, ободу зебо намудани маркази шаҳру ноҳияҳо, беҳтар намудани низоми равшанидиҳӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиду бехатар барои сокинон аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки корҳои навсозии низоми равшанидиҳӣ дар маркази ноҳияи Айнӣ қаблан оғоз гардида буданд. Тибқи нақша, дар масофаи умумии 2600 метр 51 адад чароғакҳои нави муосири равшанидиҳанда насб карда шудаанд. Ҷойгиркунии онҳо бо дарназардошти самтҳои асосии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон, намои меъмории марказ ва талаботи муосири шаҳрсозӣ ба роҳ монда шудааст.
Ин чароғакҳо на танҳо вазифаи равшан намудани кӯчаву роҳравҳоро иҷро мекунанд, балки ба симои шабонаи маркази ноҳия ҳусни тоза бахшида, муҳити онро боз ҳам зебо ва замонавӣ мегардонанд. Равшан гардидани кӯчаву хиёбонҳо, махсусан дар соатҳои шаб, барои ҳаракати бехатари сокинон ва нақлиёт шароити мусоид фароҳам оварда, намои марказро ҷолибтар месозад.
Мутобиқи маълумоти қаблан пешниҳодшуда, зимни корҳои насбу васл ба устуворӣ ва бехатарии конструксияҳо, сифати пайвастҳои барқӣ, ҷойгиркунии дурусти сутунҳо ва мутобиқати чароғакҳо ба муҳити меъмории марказ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Иҷрои корҳои насбу таҷҳизонидани низоми равшанидиҳӣ ба зиммаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аниси Ориё» гузошта шуда буд.
Пас аз суханронии раиси ноҳия маросими рамзии ба истифода додани низоми нави равшанидиҳӣ баргузор гардид. Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода тугмаи рамзии ба истифода доданро пахш намуда, чароғакҳои нави равшанидиҳанда барои нахустин бор ба таври пурра фаъол карда шуданд.
Бо фурӯзон гардидани чароғакҳо маркази ноҳияи Айнӣ симои тоза касб намуда, кӯчаву роҳравҳои он бо равшании нав зебу оро ёфтанд. Ин манзара баёнгари идомаи корҳои созандагию ободонӣ ва таваҷҷуҳи мақомоти ноҳия ба беҳтар намудани муҳити зисту инфрасохтори маҳал мебошад.
Навсозии низоми равшанидиҳӣ дар маркази ноҳия дар маҷмӯъ ба беҳтар гардидани шароити шабонаи ҳаракат, баланд бардоштани сатҳи ободонӣ, зебоии муҳити шаҳрӣ ва фароҳам овардани шароити муносибтар барои сокинону меҳмонон мусоидат мекунад.
Мавриди истифода қарор гирифтани чароғакҳои нави замонавӣ яке аз иқдомҳои навбатии созандагӣ дар маркази ноҳияи Айнӣ буда, дар маҷмӯъ ба тадбирҳои ободоние, ки дар ноҳия ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегарданд, пайванди ногусастанӣ дорад. Дар ноҳияи Айнӣ дар доираи омодагӣ ба ин санаи муҳими миллӣ корҳои созандагию бунёдкорӣ ва рушди инфрасохтор вусъати тоза касб намудаанд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода таъкид намуд, ки корҳои ободонию созандагӣ минбаъд низ идома ёфта, барои боз ҳам зебо, обод ва замонавӣ гардидани марказ ва дигар маҳалҳои ноҳия тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше





и ещё 8
Смотреть статистику
128
6
19










