Хабарҳои руз

СЕЛ ДАР ЯК ҚАТОР ДЕҲАҲОИ НОҲИЯИ АЙНӢ: РАИСИ НОҲИЯ АЗ МАВЗЕИ ОСЕБДИДА БОЗДИД КАРД

Бар асари боришоти шадид ва омадани сел дар як қатор деҳаҳои ноҳияи Айнӣ ба заминҳои кишоварзӣ, боғҳо, манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти хоҷагии мардум хисороти зиёд расонида шуд. Бо мақсади баррасии вазъи баамаломада ва андешидани тадбирҳои фаврӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз мавзеи Дашти Сангистони деҳаи Сангистон боздид намуда, бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ аз наздик шинос гардид.
Дар натиҷаи омадани сел зиёда аз 10 гектар заминҳои кишоварзии хоҷагии деҳқонии «Туғрал» осеб дида, қисми боғу заминҳои кишти сокинон зери лойю сангреза мондааст. Ҳамзамон, ба девору хонаҳои истиқоматӣ, иншооти ёрирасони хоҷагиҳои шахсӣ ва дигар инфрасохтори маҳаллӣ зарар расида, қубурҳои обтаъминкунии мавзеи Айнӣ-1 низ аз таъсири сел осеби ҷиддӣ дидаанд.
Раиси ноҳия зимни боздид вазъи мавзеъро таҳлил намуда, таъкид кард, ки дар чунин ҳолатҳои фавқулода масъалаи пешгирии хатарҳои минбаъда ва таъмини амнияти аҳолӣ бояд дар мадди аввал қарор дошта бошад. Равшан Раҳимзода масъулини соҳаҳоро вазифадор намуд, ки барои бартараф намудани оқибатҳои сел ҳарчи зудтар чораҳои зарурӣ андешида, корҳои барқарорсозиро бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ба роҳ монанд.
Бо супориши раиси ноҳия техникаҳои махсус, аз ҷумла техникаи роҳсозӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ, барои тоза намудани маҷрои сел, баровардани сангу лой, кушодани роҳҳо ва барқарорсозии қитъаҳои осебдида сафарбар карда шуданд. Ба масъулини Кумитаи замин, мақомоти соҳаи обтаъминкунӣ, Бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ, шуъбаи кишоварзӣ ва дигар сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, ки ҳаҷми хисороти расидаро дақиқ муайян намуда, барои бартарафсозии оқибатҳои он чораҳои мушаххас андешанд.
Раиси ноҳия ҳамчунин масъулини соҳаи кишоварзиро вазифадор намуд, ки ҳолати заминҳои кишоварзӣ ва боғҳои осебдидаро мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода, роҳҳои барқарорсозии онҳо ва расонидани кӯмак ба хоҷагиҳои зарардида пешниҳод намоянд. Дар самти обтаъминкунӣ бошад, таъкид гардид, ки барқарорсозии қубурҳои осебдидаи мавзеи Айнӣ-1 бояд дар муҳлати кӯтоҳтарин анҷом дода шуда, аҳолӣ бо оби ошомиданӣ таъмин бошад.
Равшан Раҳимзода зимни суҳбат бо масъулин таъкид намуд, ки корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел набояд танҳо ба тоза кардани роҳу мавзеъҳои осебдида маҳдуд гарданд. Зарур аст, ки сабабу самтҳои эҳтимолии ҳаракати сел муайян гардида, барои пешгирии такроршавии чунин ҳолатҳо чораҳои муҳандисӣ ва муҳофизатӣ андешида шаванд.
Ба масъулини маҳаллӣ дастур дода шуд, ки корҳои бартарафсозӣ таҳти назорати доимӣ қарор дошта, натиҷаи ҳар як тадбири андешидашуда ба роҳбарияти ноҳия пешниҳод карда шавад. Ҳамзамон, барои муайян намудани ҳаҷми пурраи зарари расида ба аҳолӣ, заминҳои кишоварзӣ ва инфрасохтори маҳаллӣ корҳои омӯзишӣ идома доранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо ҷалби тамоми имкониятҳои мавҷуда барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва ба ҳолати муътадил баргардонидани вазъи мавзеъҳои осебдида чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Показать меньше
и ещё 22
Смотреть статистику

46

2

16

Leave a Reply

Back to top button