
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз деҳаи Марзичи Ҷамоати деҳоти Анзоб боздид ба амал оварда, бо вазъи муассисаҳои иҷтимоӣ, раванди корҳои созандагию ободонӣ ва шароити зиндагии сокинон шинос гардид.
Зимни боздид раиси ноҳия нахуст аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 дидан намуда, бо вазъи таълиму тарбия, шароити таълимӣ ва ҳолати инфрасохтори муассиса шинос шуд. Муассисаи таълимии мазкур солҳои 80-уми асри гузашта бунёд гардида, имрӯз ба таъмиру навсозӣ ва мутобиқ намудани шароити он ба талаботи замони муосир ниёз дорад. Айни ҳол дар муассиса зиёда аз 270 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи хонандагон масъалаи бунёди синфхонаҳои иловагӣ, ошхона, анбор барои нигоҳдории сӯзишворӣ, ҳуҷраҳои ёрирасон ва дигар иншооти зарурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бо назардошти маҳдуд будани ҳудуди муассиса масъалаи интихоби қитъаи муносиб ва васеъ намудани атрофи он аз ҳисоби заминҳои давлатӣ низ баррасӣ гардида, барои ба роҳ мондани корҳои зарурии нақшабандӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки муассисаҳои таълимӣ ҳамчун боргоҳи илму маърифат бояд ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ буда, барои таълиму тарбия ва рушди ҳамаҷонибаи насли наврас шароити муносиб фароҳам оваранд. Муҳити муассисаи таълимӣ бояд дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, завқи зебоипарастӣ, ҳисси ватандӯстӣ, созандагӣ ва масъулиятшиносии хонандагон нақши муҳим дошта бошад.
Ҳамчунин, раиси ноҳия ҷиҳати бартараф намудани баъзе иншооту биноҳои фарсуда ва дигар объектҳое, ки симои меъморӣ ва ободонии деҳаро коста мегардонанд, ба ниҳодҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод. Масъулон вазифадор гардиданд, ки атрофи муассисаи таълимӣ ва толори варзишии онро ба тартиб дароварда, корҳои таъмиру ободонӣ ва фароҳам овардани шароити муносибро ба роҳ монанд.
Ба шахсони масъули соҳаи сохтмон, Ҷамоати деҳоти Анзоб, Кумитаи идораи замини ноҳия, Идораҳои сохтмону Лоиҳакашӣ, Бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия ва дигар сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки қитъаи муносибро барои васеъ намудани ҳудуди муассиса муайян намуда, таҳияи нақшаи генералии он, омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурии лоиҳавӣ ва ҳисобҳои сметавиро ба роҳ монанд.
Ҳамзамон, масъулон вазифадор гардиданд, ки имкониятҳои истифодаи заминҳои давлатӣ, талаботи муассиса ба синфхонаҳои иловагӣ ва дигар иншооти ёрирасонро ҳамаҷониба омӯхта, барои ҳалли масъалаҳои мавҷуда пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд. Таъкид гардид, ки корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ бояд бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ, талаботи бехатарӣ ва сифати баланд анҷом дода шаванд.
Сипас, раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз вазъи Хонаи фарҳанги деҳаи Марзич дидан кард. Зимни шиносоӣ маълум гардид, ки Хонаи фарҳанг низ солҳои 80-уми асри гузашта бунёд гардида, бинобар фарсудашавии бино ва иншооти он ба таъмири куллӣ ва азнавсозӣ ниёз дорад. Бо супориши раиси ноҳия корҳои лоиҳакашӣ, омӯзиши вазъи техникии бино, таҳияи ҳисобҳои сметавии таъмир ва интихоби қитъаи муносиб барои бунёди ҳуҷраҳои иловагӣ оғоз гардида, масъалаи таъмири куллии Хонаи фарҳанг ва сохтмони иншооти ёрирасон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси ноҳия масъулони соҳаҳои фарҳанг, сохтмон ва роҳбарияти Ҷамоати деҳоти Анзобро вазифадор намуд, ки ҷиҳати беҳтар намудани шароити Хонаи фарҳанг тадбирҳои мушаххас андешида, корҳои лоиҳакашӣ ва омодасозии ҳуҷҷатҳои заруриро дар муҳлатҳои муайян ба анҷом расонанд.
Дар идомаи боздид раиси ноҳия бо сокинони деҳаи Марзич суҳбат намуда, доир ба татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, идомаи корҳои созандагию ободонӣ, рушди инфрасохтори маҳаллӣ ва беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ андешаронӣ намуд.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки ободии маҳалли зист ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ аз ҳамкории сокинон бо мақомоти давлатӣ, масъулиятшиносӣ ва саҳми ҳар як сокини деҳа вобастагӣ дорад. Дар ин замина, сокинони деҳа ба идомаи корҳои созандагиву ободонӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, ободонии кӯчаю маҳаллаҳо ва саҳмгузорӣ дар рушди маҳал даъват карда шуданд.
Зикр гардид, ки Марзич аз зумраи деҳоти баландкӯҳ ва дурдасти ноҳияи Айнӣ ба ҳисоб рафта, дар дили қаторкӯҳҳои Зарафшон ҷойгир мебошад. Бо вуҷуди шароити кӯҳистон сокинони деҳа дар корҳои созандагию ободонӣ саҳми муносиб гузошта, барои беҳтар намудани шароити иҷтимоиву иқтисодӣ ва рушди минбаъдаи маҳал талош менамоянд.
Дар фарҷоми боздид раиси ноҳия масъулони сохторҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки иҷрои дастуру супоришҳои додашударо таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати беҳтар намудани шароити муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинони деҳа тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Боздиди раиси ноҳияи Айнӣ аз деҳаи Марзич дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ сурат гирифта, ба беҳтар намудани инфрасохтори иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбия ва рушди минбаъдаи деҳа мусоидат хоҳад кард.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше





и ещё 17
Смотреть статистику
92
3
11










