Хабарҳои руз

АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ АЗ ҶОНИБИ РАИСИ НОҲИЯИ АЙНӢ

Дар доираи таваҷҷуҳ ва ғамхории пайваста нисбат ба собиқадорони меҳнат ва шахсони синну солашон барҷомонда, раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.
Раиси ноҳия зимни аёдат собиқадори меҳнат Шарипова Надирамоҳро ба муносибати 90-солагии умрашон табрик намуда, ба эшон саломатии бардавом, хотири ҷамъ, рӯзгори осуда ва умри пурбаракат орзу намуд.
Ҳамзамон, Сафаров Мунаввар ва Муминов Нарзиқул ба муносибати 70-солагии умрашон аёдат гардида, аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба онҳо таманниёти нек баён карда шуд.
Зимни суҳбат бо собиқадорон Раиси ноҳия аз ҳолу аҳвол, вазъи саломатӣ ва шароити зиндагии онҳо пурсон шуда, таъкид намуд, ки эҳтиром ва қадршиносии насли калонсол, бахусус собиқадорони меҳнат, яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.
Собиқадорони меҳнат дар тӯли фаъолияти пуршарафи худ дар рушди соҳаҳои гуногун саҳми арзанда гузошта, бо меҳнати содиқона ва таҷрибаи зиндагии худ дар ободиву пешрафти ҷомеа саҳм гузоштаанд. Таҷрибаи рӯзгор ва роҳи тайкардаи онҳо барои насли ҷавон ҳамчун мактаби ибрат хизмат менамояд.
Дар рафти аёдат ба муносибати ҳар як собиқадор таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, барои беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва дастгирии иҷтимоии онҳо андешаҳои зарурӣ баён карда шуданд.
Собиқадорон аз таваҷҷуҳ ва ғамхории роҳбарияти ноҳия изҳори сипос намуда, ба роҳбарияти ноҳия дар фаъолияти минбаъда барору комёбӣ ва ба мардуми ноҳия сулҳу субот, зиндагии шоиста ва рӯзгори обод орзу намуданд.
Аёдати собиқадорони меҳнат ҳамчун нишонаи эҳтиром ба хизматҳои арзандаи насли калонсол ва арҷгузорӣ ба заҳматҳои чандинсолаи онҳо идома дошта, барои таҳкими арзишҳои неки инсонӣ ва эҳтироми калонсолон дар ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.

Показать меньше
и ещё 14
Смотреть статистику

200

37

36

Leave a Reply

Back to top button