
Субҳи имрӯз Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти занону бонувон, ҳунармандон ва соҳибкорон, инчунин баргузор намудани мулоқот бо фаъолони ҷомеа ба ноҳияи Айнӣ ташриф овард.
Меҳмонро раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода истиқбол намуда, нахуст онҳо аз фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии «Кӯҳсор» боздид ба амал оварданд.
Дар ташкилоти ҷамъиятии мазкур коргоҳи дӯзандагӣ, қолинбофӣ, ҳунарҳои мардумӣ, кошонаи ҳусн, коромӯзӣ ва омӯзиши забонҳо фаъолият дошта, барои занону духтарон ҷиҳати омӯзиши касбу ҳунар ва соҳиб шудан ба малакаҳои зарурӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Кӯҳсор» Гулчеҳра Ҳасанова гирандаи Гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда фаъолияти коргоҳро ба роҳ мондааст. Зимни боздид масъулон бо раванди фаъолияти коргоҳ, маҳсулоти истеҳсолшаванда ва ҳунарҳои занону духтарон шинос шуданд.
Таъкид гардид, ки рушди чунин коргоҳҳо дар маҳал, бахусус дар минтақаҳои кӯҳистон, дар самти бо шуғл фаро гирифтани занону духтарон, рушди ҳунарҳои мардумӣ, омӯзиши касбҳои гуногун ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодии оилаҳо нақши муҳим дорад.
Сипас, дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ мулоқоти Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода бо фаъолони ҷомеа баргузор гардид.
Дар мулоқот раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила дар вилояти Суғд Хуршедахон Хоҷазода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, занони фаъолу ҳунарманд, раисони шӯроҳои занон дар деҳот, собиқадорон ва дигар намояндагони ҷомеа иштирок намуданд.
Нахуст, раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода меҳмонон ва иштирокчиёни мулоқотро хайрамақдам гуфта, оид ба нақши занон дар рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ва дастовардҳои бонувони ноҳия дар самтҳои гуногун андешаронӣ намуд.
Раиси ноҳия зикр кард, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои онҳо, дастгирии ташаббусҳои бонувон ва ҷалби бештари занону духтарон ба таҳсилу касбомӯзӣ пайваста дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.
Сипас, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода суханронӣ намуда, доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши занон дар рушди ҷомеа ибрози андеша намуд.
Зикр гардид, ки рушди соҳаҳои саноат, коркарди пахта, истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии кишвар ба ҳисоб рафта, дар ин раванд занон низ саҳми назаррас доранд.
Таъкид шуд, ки беҳтар намудани шароити меҳнат ва баланд бардоштани сатҳи маоши кормандон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад. Дар ин самт маоши кормандон сол ба сол зиёд гардида, барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ замина фароҳам меорад.
Ҳамзамон, дар мулоқот ба масъалаҳои таълиму тарбия, аз синни хурдсолӣ омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақил, омӯзиши касбу ҳунар ва баланд бардоштани маърифати занону духтарон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Раиси Кумита таъкид намуд, ки барои занону духтарон ҷиҳати идомаи таҳсил ва интихоби ихтисосу самти фаъолияти минбаъда имкониятҳои гуногун фароҳам оварда шуда, аз ҷумла квотаҳо ва грантҳо барои дастгирии онҳо пешбинӣ гардидаанд.
Дар ин замина, ба дастгирии занону духтарони минтақаҳои кӯҳистон, аз ҷумла бонувони ноҳияи Айнӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Зикр карда шуд, ки занони кӯҳистон дорои ҳунар, малака ва таҷрибаи ғании меҳнатӣ буда, истифодаи дурусти имкониятҳои мавҷуда метавонад барои рушди соҳибкорӣ, ҳунармандӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намояд.
Дар идомаи суханронӣ масъалаи иштироки занон дар фаъолияти роҳбарикунанда низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Зикр гардид, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ иштироки занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва соҳаҳои гуногуни хизмати давлатӣ тадриҷан васеъ гардида, барои истифодаи имкониятҳои зеҳнӣ ва касбии занон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ин раванд аз эътимоди давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба неру, дониш, малака ва масъулиятшиносии занон шаҳодат медиҳад.
Дар баробари ин, таъкид шуд, ки занону модарон дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон нақши муҳим доранд. Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи марзу буми Ватан ва садоқат ба давлату миллат аз вазифаҳои муҳими ҳар як оила ва ҷомеа мебошад.
Раиси Кумита таъкид намуд, ки дар ин самт нақши модарон, занони фаъол, омӯзгорон ва собиқадорони ҷомеа хеле муҳим буда, таҷрибаи онҳо бояд дар тарбияи насли ҷавон самаранок истифода шавад.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 таъсис ёфта, дар давоми фаъолияти худ дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба занон ва оила, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занон ва дастгирии ташаббусҳои бонувон фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Дар идомаи мулоқот собиқадори хизмати давлатӣ Узбакой Каримова баромад намуда, оид ба нақши занон дар ҳаёти ҷомеа, зарурати ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва истифодаи таҷрибаи собиқадорон андешаҳояшро баён намуд.
Ӯ аз ҷумла таъкид кард, ки дар замони соҳибистиқлолӣ барои занон имкониятҳои бештар фароҳам омада, бонувон метавонанд бо истифода аз дониш, малака ва қобилиятҳои худ дар пешрафти ҷомеа саҳм гузоранд.
Дар идомаи мулоқот раисони шӯроҳои занон дар деҳот, занони фаъолу ҳунарманд ва собиқадорон низ суханронӣ намуда, доир ба фаъолияти худ, дастовардҳо, мушкилоти мавҷуда ва пешниҳодҳои хеш андешаҳои худро баён карданд.
Иштирокчиёни мулоқот аз фароҳам овардани чунин имконият барои мулоқоти бевосита ва табодули андеша изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии занон ва таҳкими оила баён карданд.
Дар фарҷоми мулоқот ба Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Номаи Арзи Сипос тақдим карда шуд.
Ҳамчунин, барои фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар рушди ҷомеа, тарбияи насли наврас, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ба як қатор занони фаъоли ноҳия Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ супорида шуданд.
Дар анҷом таъкид гардид, ки дастгирии занон, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳунармандии бонувон, фароҳам овардани шароити муносиб барои таҳсилу касбомӯзии духтарон ва баланд бардоштани нақши зан дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ










