Хабарҳои руз

Дарвозаи рамзии деҳаи Шӯрмашк ба истифода дода шуд

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ва бо мақсади боз ҳам зебову назаррабо гардонидани муҳити зист, дар даромадгоҳи деҳаи Шӯрмашки Ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ дарвозаи рамзӣ бунёд ва ба истифода дода шуд.
Дар маросими ба истифода додани дарвозаи рамзӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода иштирок намуда, бо ҷараёни корҳои анҷомдодашуда шинос гардид.
Бунёди чунин иншооти рамзӣ дар баробари беҳтар намудани намуди зоҳирии маҳал, барои ободу зебо нигоҳ доштани даромадгоҳи деҳа ва фароҳам овардани муҳити созгор барои сокинону меҳмонон мусоидат менамояд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Смотреть статистику

74

2

8

Leave a Reply

Back to top button