
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Шӯрмашки Ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ чорабинии идона баргузор гардида, Маркази фарҳангии деҳа мавриди истифода қарор гирифт.
Дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Шӯрмашки Ҷамоати деҳоти Фондарё чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода иштирок намуда, сокинони деҳа ва меҳмононро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфт.
Қайд гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик неъмати бузурги таърихӣ ва заминаи асосии пешрафту рушди кишвар ба ҳисоб рафта, маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ корҳои созандагию ободонӣ дар тамоми шаҳру деҳоти мамлакат вусъати тоза пайдо кардаанд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими чорабинӣ мавриди истифода қарор гирифтани Маркази фарҳангии деҳаи Шӯрмашк буд. Маркази мазкур дар доираи корҳои созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, барои сокинони деҳа шароити мусоиди фарҳангӣ ва иҷтимоӣ фароҳам меорад.
Дар ошёнаи якуми бино толори маҷлисӣ, китобхона ва ҳуҷраи мӯйсафедон ҷойгир буда, дар ошёнаи дуюм толори калони баргузории тӯю маъракаҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангиву ҷамъиятӣ сохта шудааст.
Мавриди истифода қарор гирифтани чунин як иншооти муҳим барои аҳолии деҳа иқдоми шоиста дар самти рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва фарҳангии деҳот буда, имконият медиҳад, ки сокинон, бахусус ҷавонону наврасон, вақти холии худро самаранок гузаронанд ва дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву маърифатӣ фаъолона иштирок намоянд.
Ҳамзамон, дар рӯзи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани Маркази фарҳангии деҳаи Шӯрмашк дар толори бино конференсияи илмӣ-адабӣ бахшида ба 90-солагии яке аз фарзандони номдору содиқи Ватан — шодравон Раҳматулло Иноятов баргузор гардид.
Раҳматулло Иноятов аз ҷумлаи фарзандони фарзонаи кӯҳистони Зарафшон буда, тамоми умри пурбаракати худро ба омӯзгорӣ, роҳбарӣ, ободии деҳу диёр, рушди кишоварзӣ ва чорводорӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон ва хизмати содиқона ба мардум бахшидааст.
Дар конференсия генерал Эркин Муҳиддинов, генерал Амирқул Азимов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода, директори Маркази иншоотҳои энергетикии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурадӣ Муҳиддиниён, мудири Котиботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Файзуллозода, собиқ раиси шаҳри Панҷакент Ислом Шофеиён, муовини сардори Раёсати Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Зайнулобиддин Боқизода, муовини сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки вилояти Суғд Маҳмадҷобир Раҷабзода, меҳмон аз шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Толиб Исматуллоев, корманди Неругоҳи барқи обии «Роғун» Саидқул Қурбонов, сардори Раёсати шуғли аҳолии шаҳри Бӯстон Муллораҳмат Азизов, раиси Иттифоқи касабаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Холмаҳмад Холов ва дигар меҳмонону сокинони деҳа ширкат варзиданд.
Дар оғози конференсия оид ба рӯзгор, фаъолияти меҳнатӣ ва хизматҳои шоёни Раҳматулло Иноятов суханронӣ карда шуд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни суханронии худ аз рӯзгор ва фаъолияти пурмаҳсули ин марди шариф ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Раҳматулло Иноятов аз ҷумлаи роҳбароне буд, ки вазифаи хешро на ҳамчун мансаб, балки ҳамчун масъулияти бузург дар назди мардум медонист.
Зикр гардид, ки фаъолияти меҳнатии Раҳматулло Иноятов аз омӯзгорӣ оғоз гардида, минбаъд ӯ дар вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаҳои маориф, кишоварзӣ ва мақомоти маҳаллӣ кор кардааст. Соли 1966 роҳбарии колхози ба номи Лоҳутиро ба уҳда гирифта, дар давоми солҳои фаъолияти худ барои рушди кишоварзӣ, чорводорӣ, васеъ намудани заминҳои киштбоб, бунёди боғҳо ва сохтмони иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Таъкид шуд, ки ӯ ҳамчун роҳбари кордон ҳамеша дар байни мардум буд, аз мушкилоти сокинон бевосита огоҳ мешуд ва барои ҳалли онҳо чораҳои зарурӣ меандешид. Дар солҳои роҳбарии ӯ дар ҳудуди хоҷагӣ як қатор иншооти муҳим, аз ҷумла мактабҳо, клубҳо, китобхонаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, фермаҳо ва дигар иншооти хоҷагӣ бунёд ва обод гардиданд.
Раиси ноҳия ҳамчунин зикр намуд, ки яке аз хидматҳои муҳими Раҳматулло Иноятов тарбияи кадрҳои ҷавон ва ба камол расонидани шогирдони зиёд мебошад. Ӯ таҷрибаи худро ба ҷавонон дареғ намедошт ва ҳамеша онҳоро ба меҳнатдӯстӣ, масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва хизмати содиқона ба мардум ҳидоят менамуд.
Ба таъкиди раиси ноҳия, чунин шахсиятҳо бо гузашти солҳо аз хотираи мардум фаромӯш намешаванд, зеро номи неки онҳо бо корҳои созанда, хизмат ба Ватан ва муносибати нек ба мардум пайванди ногусастанӣ дорад.
Сипас меҳмонон ва сокинони деҳа оид ба рӯзгор, фаъолияти меҳнатӣ ва шахсияти Раҳматулло Иноятов андешаҳои худро баён намуданд. Гуфта шуд, ки Раҳматулло Иноятов дар баробари роҳбари кордону дурандеш будан, инсони нексиришт, омӯзгори соҳибтаҷриба, падари меҳрубон ва шахси соҳибэҳтиром буд. Ӯ бо меҳнати ҳалол, муносибати самимӣ ва ғамхорӣ нисбат ба мардум дар байни сокинони диёр обрӯву эътибори хосса пайдо карда буд.
Иштирокчиёни конференсия таъкид намуданд, ки яке аз бузургтарин меросҳои чунин шахсиятҳо на танҳо иншооти сохтаву заминҳои ободкарда, балки шогирдон ва кадрҳои ҷавоне мебошанд, ки аз мактаби зиндагӣ ва таҷрибаи онҳо сабақ гирифтаанд.
Дар баромадҳо инчунин аз муҳаббати Раҳматулло Иноятов ба зодгоҳ, табиати кӯҳистони Зарафшон ва имкониятҳои рушди диёр ёдоварӣ гардид. Қайд шуд, ки ӯ ба рушди соҳаи кишоварзию чорводорӣ таваҷҷуҳи зиёд дошта, ҳамзамон ба имкониятҳои табиию сайёҳии минтақа низ бо назари дурандешона муносибат мекард.
Таъкид гардид, ки имрӯз номи Раҳматулло Иноятов дар байни мардуми Фондарё ва дигар минтақаҳо бо эҳтиром ба забон меояд. Боғҳои бунёдкарда, иншооти сохташуда, мактабҳои обод, хоҷагиҳои пешрафта ва шогирдону тарбиятёфтагонаш аз фаъолияти созандаи ӯ дарак медиҳанд.
Дар конференсия зикр гардид, ки таҷлили 90-солагии чунин шахсиятҳои хизматнишондода дар баробари арҷгузорӣ ба хотираи онҳо, аҳамияти муҳими тарбиявӣ низ дорад. Зеро омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти фарзандони содиқи Ватан барои тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, меҳнатдӯстӣ ва масъулиятшиносӣ заминаи муҳим фароҳам меорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангии идона пешкаши иштирокчиён гардид. Ҳунармандон ва аҳли фарҳанг бо сурудҳои ватандӯстона, рақсу тарона ва дигар барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд.
Баргузории чорабинии идона ва конференсияи илмӣ-адабӣ дар деҳаи Шӯрмашк бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии Раҳматулло Иноятов аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими фарҳангиву маърифатӣ буда, барои арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони содиқи Ватан, эҳтиром ба таъриху фарҳанг ва таҳкими ҳисси ватандӯстии сокинон аҳамияти хосса дорад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше





и ещё 42
Смотреть статистику
122
3
19










