
Имрӯзҳо дар ноҳияи Айнӣ бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинон корҳои бунёдкорӣ дар шаҳру деҳоти ноҳия вусъати тоза пайдо намудаанд. Дар ин раванд саҳми сокинон ва ташаббусҳои созандаи онҳо назаррас буда, барои ободу зебо гардидани маҳал ва рушди инфрасохтори иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар ин замина, раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни сафари корӣ ба деҳаи Урметани Ҷамоати деҳоти Урметан бо рафти корҳои сохтмонии маҷмааи хизматрасонӣ барои баргузории маъракаҳои иҷтимоӣ шинос гардид.
Бинои мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва саҳми сокинони маҳаллаи Вонҷи деҳаи Урметан дар маркази деҳа бунёд гардида истодааст. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, барои гузаронидани маъракаҳои иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ба сокинон пешбинӣ шудааст.
Айни замон дар иншоот корҳои сохтмонӣ идома дошта, бинокорон ба марҳилаи пӯшонидани боми ошёнаи дуюм расидаанд. Бунёди чунин маркази хизматрасонӣ имкон медиҳад, ки сокинон барои баргузории маъракаҳои оилавию иҷтимоӣ аз шароити муносиб истифода намуда, ҳамзамон ба рушди ободонии деҳа мусоидат намоянд.
Раиси ноҳия зимни шиносоӣ бо раванди корҳои сохтмонӣ бо сохтмончиён ва масъулон суҳбат намуда, таъкид кард, ки дар иҷрои корҳои сохтмонӣ ба сифати кор, риояи талаботи меъёрҳои сохтмонӣ ва истифодаи мақсадноки масолеҳи сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Ҳамзамон, Равшан Раҳимзода саҳми сокинонро дар татбиқи иқдомҳои созанда муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки ташаббусҳои дастаҷамъона ва ҳамкории аҳолӣ бо мақомоти давлатӣ барои ободонии маҳал, беҳтар гардидани инфрасохтори иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии сокинон аҳаммияти калон доранд.
Зикр гардид, ки идомаи корҳои бунёдкориву созандагӣ ва саҳмгузории сокинон дар ободонии маҳал аз ҷумлаи омилҳои муҳими рушди деҳот ба шумор рафта, барои таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше










