Хабарҳои руз

ДАР ДЕҲАИ ХАЙРОБОДИ НОҲИЯИ АЙНӢ МУШКИЛОТИ ОБТАЪМИНКУНӢ ҲАЛ ГАРДИДА, МАРКАЗИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ТАШКИЛ КАРДА ШУД

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва саҳми Фонди хайриявии Тоҷикистон дар деҳаи Хайрободи Ҷамоати деҳоти Дар-Дар лоиҳаи таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ амалӣ гардида, ҳамзамон бо ибтикори мақомоти маҳаллӣ маркази ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд.
Дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода иштирок намуда, бо шароити фароҳамгардида ва имкониятҳои нави рушди иҷтимоиву иқтисодии деҳа шинос гардид.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар доираи лоиҳаи таъмини оби ошомиданӣ қубурҳои обгузар ба масофаи қариб 4 километр гузаронида шуда, барои 120 хоҷагӣ 60 адад нуқтаи обтаъминкунӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба ҳар ду хоҷагӣ як нуқтаи обрасонӣ рост меояд. Инчунин, дар деҳа беш аз 10 километр қубурҳои пластикӣ бо қутри 20 миллиметр гузаронида шудаанд. Аз сой то ҳавз ба масофаи 3,5 километр қубур кашида шуда, аз ҳавз то коллекторҳо бошад, 1400 метр қубури қутраш 50 миллиметр истифода гардидааст. Ғунҷоиши ҳавз 60 метри мукаабро ташкил медиҳад.
Амалӣ гардидани ин иқдом барои беҳтар намудани дастрасии сокинон ба оби ошомиданӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва ҳалли яке аз масъалаҳои муҳими рӯзмарраи аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон, дар деҳаи Хайробод бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ маркази ҳунарҳои мардумӣ таъсис дода шудааст. Марказ дар ҷойи ҷамъиятӣ ташкил гардида, бо оғози фаъолияти он 42 нафар занону бонувони деҳа метавонанд бо ҷойи кори доимӣ таъмин шаванд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни боздид аз марказ бо маҳсули дастони ҳунармандон ва корҳои дӯзандагии занону бонувон шинос шуда, ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои онҳо, ҷалби грантҳои Президентӣ ва таъмин намудани марказ бо мошинҳои дарздӯзӣ ба масъулони дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Зимни мулоқот бо сокинон раиси ноҳия таъкид намуд, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ ҷиҳати беҳтар намудани шароити зиндагии мардум, таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ бо ҷалби шарикони рушд, инчунин дастгирии занону бонувон ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Таъкид гардид, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону бонувон яке аз самтҳои муҳими рушди иҷтимоии маҳал ба шумор рафта, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии оилаҳо ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Сокинони деҳаи Хайробод барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба масъалаҳои иҷтимоии деҳа, аз ҷумла амалӣ гардидани лоиҳаи таъмини оби ошомиданӣ ва таъсиси маркази ҳунарҳои мардумӣ, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва Фонди хайриявии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Ҳамзамон, сокинон зимни суҳбат бо раиси ноҳия масъалаҳои дигари ободонии деҳаро низ матраҳ намуда, бо назардошти зарурати фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғат ва машғул шудани насли наврас ба варзиш, дархости худро ҷиҳати бунёди майдончаи варзишӣ барои кӯдакону наврасон пешниҳод карданд.
Дар маҷмӯъ, татбиқи чунин иқдомҳо дар деҳаи Хайробод барои беҳтар гардидани инфрасохтори маҳаллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, зиёд шудани имкониятҳои шуғли занону бонувон ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои сокинон мусоидат менамояд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше

Leave a Reply

Back to top button