Хабарҳои руз

БОЗДИДИ РАИСИ НОҲИЯИ АЙНӢ АЗ РАВАНДИ ТАЪМИРУ БАРҚАРОРСОЗИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР ДЕҲАИ ПОХУТ

Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз рафти корҳои таъмиру барқарорсозӣ ва мутобиқсозии бинои муассисаи таълимӣ дар деҳаи Похути Ҷамоати деҳоти Рарз боздид намуда, бо ҷараёни корҳои анҷомдодашаванда ва тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия шинос гардид.
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва бо дастгирии сокинони деҳа барқарор намудани бинои мазкур оғоз гардида, мақсад аз ин иқдом фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ба таҳсил фаро гирифтани хонандагони синфҳои ибтидоӣ мебошад.
Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, қаблан ҳамчун филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ истифода мешуд. Бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва фарох будани ҳудуди деҳа, зарурати аз нав ба истифода додани бино ба миён омадааст. Ин тадбир имкон медиҳад, ки дастрасии кӯдакон ба таҳсил дар зинаи ибтидоӣ беҳтар гардида, барои омӯзгорону хонандагон шароити муносиб фароҳам оварда шавад.
Айни замон корҳои таъмиру барқарорсозии бино идома дошта, аз ҷумла таъмири бом ва анҷом додани корҳои зарурӣ барои омода намудани муассиса ба истифода дар назар аст. Дар ин раванд, ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони деҳа дар пешбурди корҳои ободонию созандагӣ нақши муҳим дорад.
Зимни боздид раиси ноҳия Равшан Раҳимзода ба масъалаи босифат анҷом додани корҳои таъмиру барқарорсозӣ ва омода намудани бино барои истифода таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид кард, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили насли наврас яке аз самтҳои муҳими рушди соҳаи маориф мебошад.
Мавриди истифода қарор гирифтани бинои мазкур барои сокинони деҳаи Похут имконияти бештар фароҳам оварда, ба беҳтар гардидани шароити таҳсили хонандагони синфҳои ибтидоӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон, ин иқдом намунаи ҳамкории судманди мақомоти маҳаллӣ ва аҳолӣ дар роҳи ободонии маҳал ва рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ба шумор меравад.
Корҳои таъмиру барқарорсозии муассиса идома дошта, пас аз анҷоми онҳо бино барои ба таҳсил фаро гирифтани хонандагони синфҳои ибтидоӣ омода карда мешавад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше

Leave a Reply

Back to top button