
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода бо ҳамсари шоири шаҳиди тоҷик Махсум Олимӣ — Озодамоҳ Олимова, ки фарзандони шоиставу ватандӯстро тарбия намуда, имрӯз дар хизмати давлату ҷомеа қарор доранд, дидору суҳбат анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ раиси ноҳия аз хизматҳои шоистаи шоири шаҳид Махсум Олимӣ ёдовар шуда, саҳми ӯро дар рушди адабиёти тоҷик ва тарбияи маънавии ҷомеа арзишманд арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон, ба заҳмату талошҳои Озодамоҳ Олимова дар тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулиятшиносӣ арҷ гузошта шуд. Фарзандони ӯ имрӯз бо фаъолияти худ дар соҳаҳои гуногуни давлату ҷомеа саҳм гузошта, идомадиҳандаи роҳи неку арзишҳои баланди маънавии падару модари худ мебошанд.
Тарбияи фарзандони солеҳу донишманд ва ба камол расонидани шахсиятҳои масъулиятшиносу ватандӯст яке аз рисолатҳои муқаддаси падару модар ба шумор меравад. Зиндагии Озодамоҳ Олимова намунаи ибратест, ки нишон медиҳад, бо сабру таҳаммул, меҳру муҳаббат ва тарбияи дуруст метавон насли ояндасозеро ба камол расонд, ки ба халқу Ватан содиқона хизмат намояд.
Чунин дидорбиниҳо нишонаи эҳтиром ба шахсиятҳои арзанда, қадршиносии заҳматҳои модарони фарзандофарин ва гиромидошти хотираи неки шахсиятҳои хизматнишондодаи миллат мебошанд.
Показать меньше





и ещё 2
Статистика и объявления
Продвигать публикацию
78
4
19










