
Айнӣ — Зафаробод. Имрӯзҳо дар ноҳияи Зафаробод маъракаи ҷамъоварии «тиллои сафед» бо маром идома дошта, кишоварзон барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта талош меварзанд.
14 октябри соли 2026 бо роҳбарии раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода беш аз 300 нафар кормандони касбу кори гуногуни ноҳия ба ноҳияи Зафаробод сафарбар гардиданд. Ҳадафи ин иқдом дастгирии кишоварзон ва мусоидат ба сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта мебошад.
Дар маросими ҳосилғундорӣ раисони ноҳияҳои Айнӣ ва Зафаробод — Равшан Раҳимзода ва Муқим Муродзода иштирок намуда, бо раванди корҳои саҳроӣ ва ҷараёни ҷамъоварии ҳосил шинос шуда, ба деҳқонон кӯмак расониданд.
Бо мақсади дастгирии пахтакорон ва мусоидат ба иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ, сокинону кормандони ноҳияи Айнӣ тибқи нақша ба ноҳияи Зафаробод сафарбар гардида, дар муҳлатҳои муайяншуда ба ҷамъоварии пахта ёрӣ мерасонанд. Ин иқдом намунаи ҳамкории байниноҳиявӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва саҳмгузорӣ дар иҷрои вазифаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.
Пахтакорӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзӣ буда, дар таъмини саноати сабук бо ашёи хом, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар нақши назаррас дорад. Аз ин рӯ, ҷамъоварии саривақтии ҳосил ва дастгирии деҳқонон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими мавсими тирамоҳӣ ба шумор меравад.
Дар робита ба рушди соҳаи пахтакорӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, бо супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, истифодаи оқилонаи замин ва дастгирии заҳмати кишоварзон таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад.
Қобили зикр аст, ки ҳамкории сокинони ноҳияи Айнӣ бо кишоварзони ноҳияи Зафаробод собиқаи таърихӣ дошта, решаҳои он ба даврони Иттиҳоди Шӯравӣ мерасад. Дар он солҳо низ анъанаи сафарбар намудани қувваи корӣ барои ёрӣ расонидан ба пахтакорон роиҷ буд. Ҳамчунин, ноҳияи Айнӣ дар ҳудуди имрӯзаи ноҳияи Зафаробод дорои заминҳои корам буда, дар онҳо, аз ҷумла, пахта кишт карда мешуд.
Имрӯз идомаи ин анъанаи нек бозгӯи ҳамбастагӣ, эҳтиром ба меҳнати деҳқон ва масъулияти муштарак дар роҳи таъмини фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.
Сокинони ноҳияи Айнӣ бо иштироки фаъолонаи худ дар маъракаи пахтачинӣ ба кишоварзони ноҳияи Зафаробод кумак расонида, дар ҷамъоварии беталафи ҳосил ва иҷрои нақшаҳои пешбинишуда саҳм мегузоранд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше





и ещё 34
Смотреть статистику
92
9
12










