
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Фатмовути Ҷамоати деҳоти Рарз боздид намуда, бо ҷараёни корҳои анҷомдодашуда ва нақшаҳои минбаъдаи бунёди инфрасохтори соҳаи маориф дар деҳа шинос гардид.
Чуноне маълум аст дар деҳаи Фатмовут бинои нави муассисаи таълимӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, баланд бардоштани сатҳу сифати донишандӯзии хонандагон ва густариши имкониятҳои таҳсил барои насли наврас бунёд гардида истодааст. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, дар назар аст, ки муассиса дар ояндаи наздик мавриди истифода қарор дода шавад.
Муассисаи нави таълимӣ дар ду ошёна бунёд гардида, дорои 8 синфхона мебошад. Бино барои дар як баст ба таҳсил фаро гирифтани 192 хонанда пешбинӣ шуда, дар сурати афзоиши шумораи аҳолӣ имкони ташкили таълим дар ду баст ва фарогирии то 320 хонандаро фароҳам меорад.
Лоиҳаи муассиса дар баробари синфхонаҳо, инчунин бунёди иншооти ёрирасон, ҳоҷатхона, анбори сӯзишворӣ, системаи гармидиҳӣ, нуқтаи обтаъминкунӣ, ҳавзи зиддисӯхтор, ҳавзи обпарто ва майдончаи кушод барои баргузории чорабиниҳои гуногунро дар бар мегирад. Амалӣ гардидани ин тадбирҳо барои фароҳам овардани шароити зарурии таълиму тарбия ва таъмини фаъолияти мунтазами муассиса заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар бинои кӯҳнаи муассисаи таълимӣ ташкили муассисаи томактабӣ барои кӯдакони деҳа пешбинӣ гардидааст. Дар ин самт корҳои мутобиқсозии бино ва омода намудани шароити зарурӣ барои қабули кӯдакон идома доранд.
Илова бар ин, дар назди муассисаи томактабӣ бунёди майдончаи бозии кӯдакон бо насби таҷҳизоти зарурии бозӣ ба нақша гирифта шуда, корҳои омодагӣ дар ин самт низ идома доранд. Татбиқи ин иқдом имкон медиҳад, ки кӯдакони синни томактабӣ дар муҳити мусоид ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои рушди зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва иҷтимоии онҳо шароити муносиб фароҳам оварда шавад.
Дар маҷмӯъ, бунёди муассисаи нави таълимӣ ва ташкили муассисаи томактабӣ дар деҳаи Фатмовут қадами муҳим дар самти рушди инфрасохтори соҳаи маориф, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои таҳсилу инкишофи кӯдакону наврасон мебошад. Амалӣ гардидани ин тадбирҳо ба беҳтар шудани дастрасии сокинони деҳа ба хизматрасониҳои таълимӣ ва фароҳам омадани шароити мусоид барои насли оянда мусоидат хоҳад кард.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше










