Хабарҳои руз

СОХТМОНИ ЧОР КУПРУК ДАР ДЕҲАИ РЕВАД — НАМУНАИ САҲМГУЗОРӢ ДАР ОБОДОНИИ ДИЁР

Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз рафти корҳои сохтмонии купрукҳои мошингузар дар деҳаи Ревади Ҷамоати деҳоти Урметан боздид ба амал овард.
Бо ташаббуси мардони бонангу номус ва саховатпешаи деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ дар масири роҳи аз шоҳроҳи байналмилалии Душанбе–Тошканд то маркази деҳа, ки қариб 10 километрро ташкил медиҳад, сохтмони чор адад купруки мошингузар ба роҳ монда мешавад.
Ин ташаббуси созанда аз ҷониби сокинони соҳибфарҳангу соҳибхирад сурат гирифта, ҳадафи он беҳтар намудани шароити ҳаракати нақлиёт, осон кардани рафтуомади сокинон ва ободонии маҳалли зист мебошад. Инчунин, бунёди купрукҳои мазкур аҳамияти муҳими муҳофизатӣ дошта, барои пешгирии оқибатҳои харобиовари офатҳои табиӣ, бахусус селу обхезиҳо, ва таъмини ҳаракати бемамонияти нақлиёт дар ин масир мусоидат хоҳад кард. Ин иқдоми созанда ба ҳифзи роҳ аз таъсири ҷараёни сел ва таъмини рафтуомади бехатари сокинон, бахусус дар фаслҳои сербориш, заминаи мусоид фароҳам меорад.
Нахустин шуда, сокини деҳа Гадоев Хуҷмуҳаммад бо дастгирии пайвандону наздикони худ сохтмони яке аз купрукҳоро оғоз бахшидааст. Қобили зикр аст, ки як қатор шахсони саховатманд тасмим гирифтаанд маблағҳои барои сафари ҳаҷ ҷамъовардаашонро ба ҷойи сафар барои бунёди иншооти зарурӣ дар диёри худ сарф намоянд.
Ин иқдом намунаи ибратбахши хайрхоҳӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ буда, собит месозад, ки ободии Ватан аз ободии маҳалли зист оғоз меёбад. Зиёрати хонаи Худо барои ҳар мусалмон арзиши бузурги маънавӣ дорад, аммо анҷом додани корҳои хайр, дастгирии мардум ва бунёди иншооти барои ҷомеа зарур низ аз ҷумлаи амалҳои шоистаи инсонӣ ба шумор мераванд.
Вақте инсон барои ободии диёри худ қадам мегузорад, самараи амали неки ӯ ба тамоми ҷомеа мерасад. Сохтмони ин чор купрук на танҳо ба беҳтар гардидани шароити роҳу нақлиёт мусоидат мекунад, балки намунаи равшани ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат, саховатмандӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад.
Умед аст, ки ин ташаббуси нек дар байни дигар сокинони деҳаҳо низ дастгирӣ ёфта, шахсони дорои имконият бо саҳми молиявӣ, меҳнатӣ ва ташаббусҳои созанда дар ободонии маҳалли зисти худ саҳм мегузоранд. Зеро Ватанро бо сухан не, балки бо амали созанда, корҳои хайру савоб ва ғамхорӣ ба зиндагии мардум обод мекунанд.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше
и ещё 2
Статистика и объявления

Продвигать публикацию

42

3

7

Leave a Reply

Back to top button