Хабарҳои руз

МАҲФИЛИ АДАБӢ БА МУНОСИБАТИ 70-СОЛАГИИ ШОИРИ ШАҲИДИ ТОҶИК МАХСУМ ОЛИМӢ

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и деҳаи Каздони Ҷамоати деҳоти Шамтуч маҳфили адабӣ ба ифтихори 70-солагии шоири шаҳиди тоҷик Махсум Олимӣ баргузор шуд. Дар маҳфил роҳбарияти ноҳия, намояндагони аҳли илму адаб, пайвандону наздикони шоир, сокинони деҳа ва омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимӣ иштирок намуданд.
Нахуст, Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода суханронӣ намуда, ҳозирин ва пайвандону наздикони шоирро ба муносибати 70-солагии зодрӯзи Махсум Олимӣ табрик гуфт. Раиси ноҳия дар суханронии худ аз ҷойгоҳи шоир дар адабиёти муосири тоҷик, нақши ӯ дар рушди шеъри миллӣ ва арзиши осори гаронбаҳояш ёдовар шуда, таъкид кард, ки гиромидошти хотираи шахсиятҳои адабӣ ва фарҳангӣ, махсусан шоироне, ки ҷони худро дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ормонҳои халқ нисор кардаанд, вазифаи муҳими ҷомеа ба шумор меравад. Ҳамчунин, ба зарурати омӯзишу тарғиби осори шоир ва муаррифии он ба насли ҷавон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Қабл аз оғози маҳфили адабӣ иштирокчиён ба зиёрати оромгоҳи шоир, ки дар зодгоҳаш — деҳаи Каздон воқеъ аст, рафтанд. Бо ибтикори сокинони маҳаллӣ ва пайвандони шоир оромгоҳ азнавсозӣ гардида, гирду атрофи он панҷарабандӣ шудааст. Ҳамчунин, қисматҳои мармарии оромгоҳ, ки бо гузашти солҳо осеб дида буданд, тармим карда шуданд. Ин иқдом нишонаи эҳтирому арҷгузорӣ ба хотираи неки шоир ва қадршиносии хизматҳои ӯ дар роҳи адабиёту фарҳанги миллӣ мебошад.
Сипас, маҳфили адабӣ дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 идома ёфт. Роҳбарии маҳфилро директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов ба уҳда дошт.
Дар идомаи чорабинӣ узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, шоир ва забоншиноси варзида Ҳасани Султон аз хислатҳои неки инсонӣ, шахсияти адабӣ ва ҷойгоҳи Махсум Олимӣ дар муҳити адабии кишвар ёдовар шуда, шеъри ба шоир бахшидаи худро қироат кард.
Сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», сиёсатшиноси шинохта Абдуллоҳи Раҳнамо аз номи Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аҳли нишаст, сокинони ноҳия ва пайвандони шоирро ба муносибати ин санаи фархунда табрик гуфта, аз аҳаммияти гиромидошти хотираи аҳли қалам ва ҳифзи мероси адабии онҳо ёдовар шуд.
Нависандаи хушном ва публитсисти маъруф Абдуғаффори Абдуҷаббор аз лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёти шоир қиссаҳои ибратбахш нақл карда, ба паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии ӯ равшанӣ андохт.
Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Абдуҷаббори Суруш дар суханронии худ пайвандҳои адабии устод Қутбӣ Киром ва Махсум Олимиро намунаи барҷастаи мактаби устодиву шогирдӣ арзёбӣ намуда, Махсум Олимиро шоире бо ғурури Қутбиёна ном бурд.
Ҳамчунин, собиқадори соҳаи маориф Ҷумъабой Шодиев аз номи сокинони деҳаи Каздон меҳмонон ва иштирокчиёни маҳфилро хайрамақдам гуфта, барои арҷгузорӣ ба хотираи шоири шаҳид изҳори сипос намуд.
Дар фарҷоми маҳфил барномаи фарҳангӣ бо қироати шеърҳо ва иҷрои рақсҳои ҷолиби хонандагони муассисаи таълимӣ пешкаши ҳозирин гардид, ки ба чорабинӣ ҳусну таровати хосса бахшид.
Маҳфили адабӣ ба муносибати 70-солагии шоири шаҳиди тоҷик Махсум Олимӣ дар фазои эҳтиром ба аҳли адаб, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва гиромидошти хотираи неки фарзандони фарзонаи миллат баргузор гардида, бори дигар аҳаммияти омӯзишу тарғиби мероси адабӣ ва шиносонидани зиндагинома ва осори шоир ба насли ҷавонро таъкид намуд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше
и ещё 29
Статистика и объявления

Продвигать публикацию

31

4

8

Leave a Reply

Back to top button