Хабарҳои руз

РАВАНДИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №10 ДАР ДЕҲАИ РЕВАД ИДОМА ДОРАД

Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода аз раванди корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и деҳаи Ревади Ҷамоати деҳоти Урметан боздид ба амал овард.
Зимни боздид таъкид гардид, ки бунёди муассисаи мазкур дар доираи сиёсати созандаву маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи насли наврас равона шудааст.
Сохтмони бинои нави таълимиро ҶДММ «Асл» ба уҳда дошта, он барои фарогирии 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Муассиса аз бинои дуошёна иборат буда, дорои 16 синфхона хоҳад буд. Айни замон корҳои сохтмонӣ 85 фоиз иҷро гардида, корҳои анҷомдиҳӣ, муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳо, васлу насби таҷҳизот ва низоми гармидиҳӣ идома доранд.
Ҳамзамон, дар ҳудуди муассиса сохтмони майдончаи варзишӣ, гулгашт, ҳуҷраҳои ёрирасон барои нигоҳдории ангишт ва дигар маводи сӯхт, ҳоҷатхона ва иншооти зарурии хоҷагӣ идома дорад. Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ муассиса бо инфрасохтори зарурӣ таъмин гардида, барои омӯзишу парвариши хонандагон муҳити муносибу замонавӣ фароҳам оварда мешавад.
Яке аз ҷанбаҳои қобили таваҷҷуҳи иншооти мазкур саҳми ватандӯстонаи сокинони деҳаи Ревад дар ободонии ҳудуди муассиса мебошад. Бо дарназардошти маҳдуд будани қитъаи замини муассиса, як қатор сокинони саховатпешаи деҳа бо эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва ғамхорӣ нисбат ба насли оянда, баъзе иншооти ёрирасон ва қитъаҳои назди хоҷагиҳои худро барои васеъ намудани ҳудуд ва зебою обод гардидани муҳити таълимӣ ихтиёран ҷудо намудаанд. Ин иқдоми шоиста намунаи равшани ҳамкории сокинон бо мақомоти маҳаллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маориф мебошад.
Бояд қайд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба масъалаи бартараф намудани мушкилоти муассисаҳои таълимии садамавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Агар соли 2025 дар ноҳия 9 муассисаи таълимии садамавӣ ба қайд гирифта шуда бошад, бо андешидани тадбирҳои зарурӣ ду муассиса навсозӣ гардида, айни замон дар шаш муассисаи дигар корҳои азнавсозӣ бо маром идома доранд. Тибқи нақша, то охири соли 2027 мушкилоти муассисаҳои таълимии садамавӣ пурра бартараф гардида, дар ноҳия ягон муассисаи таълимии садамавӣ боқӣ намемонад.
Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше
и ещё 20
Статистика и объявления

Продвигать публикацию

83

3

15

Leave a Reply

Back to top button