
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон ва густариши фарогирии таҳсилоти томактабӣ дар деҳоти ноҳияи Айнӣ, раиси ноҳия Равшан Раҳимзода аз раванди корҳои ташкил ва бунёди муассисаҳои томактабӣ дар деҳаҳои Дарғ ва Шамтучи Ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ боздид ба амал овард.
Зимни боздид раиси ноҳия бо ҷараёни корҳои анҷомдодашуда ва раванди омодасозии биноҳо барои таъсиси муассисаҳои томактабӣ шинос гардида, ба масъалаҳои фароҳам овардани шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Тибқи иттилоъ, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва дар ҳамкорӣ бо сокинони маҳаллӣ, дар деҳаҳои мазкур барои таъсиси муассисаҳои томактабӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, дар деҳаи Шамтуч дар бинои синфхонаҳои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 ва дар деҳаи Дарғ дар бинои собиқ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 барои ташкили муассисаҳои томактабӣ корҳо ба роҳ монда шудаанд.
Таъсиси чунин муассисаҳо барои фароҳам овардани имкониятҳои бештари таълиму тарбияи кӯдакон дар муҳити мувофиқ, омодасозии онҳо ба зинаи минбаъдаи таҳсил ва дастрасии сокинон ба хизматрасониҳои соҳаи маориф аҳаммияти муҳим дорад. Ҳамзамон, истифодаи биноҳои мавҷуда барои ташкили муассисаҳои томактабӣ имкон медиҳад, ки захираҳои мавҷуда самаранок истифода шуда, фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ тадриҷан васеъ карда шавад.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва саҳми сокинони деҳоти ноҳия, дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъсис ва рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Ин иқдом ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди зеҳнию маънавии кӯдакон ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас равона шудааст.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, агар соли 2024 дар ноҳияи Айнӣ ҳамагӣ 5 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта бошад, пас то имрӯз шумораи онҳо ба 18 адад расидааст. Ин раванд аз густариши тадбирҳо дар самти рушди таҳсилоти томактабӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави таълиму тарбия барои кӯдакони синни томактабӣ дар деҳоти ноҳия шаҳодат медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки рушди соҳаи маориф, бахусус таъсиси муассисаҳои томактабӣ, яке аз самтҳои муҳими фароҳам овардани заминаи устувор барои таълиму тарбияи насли оянда ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҳамкории мақомоти маҳаллӣ бо сокинон ва идомаи чунин иқдомот метавонанд дар беҳтар гардидани дастрасии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ нақши муҳим гузоранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар ҳамкорӣ бо сокинон ҷиҳати идомаи корҳои созандагӣ ва таъсиси муассисаҳои нави томактабӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, барои фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи кӯдакон дар тамоми деҳоти ноҳия талош менамояд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше










