Хабарҳои руз

ПАРАДИ ҲАРБӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Дар Фурудгоҳи ноҳияи Айнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паради ҳарбӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, корхонаю коргоҳҳо, заводу фабрикаҳо ва сокинони ноҳия иштирок намуда, дар маҷмӯъ қариб 3 ҳазор нафар ба ҳам омаданд.
Паради ҳарбӣ бо ворид шудани Парчами давлатӣ ва садои Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, афсарону сарбозони сохторҳои низомӣ ва дигар воҳидҳои низомии ноҳия аз назди минбари ифтихорӣ бо қадамҳои низомӣ гузаштанд. Дар ҷараёни парад сатҳи омодагии ҳайати шахсӣ, интизоми низомӣ ва маҳорати хизматии хизматчиёни ҳарбӣ ба намоиш гузошта шуд.
Баргузории чунин чорабиниҳои тантанавӣ ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллӣ — Истиқлоли давлатӣ пеш аз ҳама барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдорӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, эҳтиром ба хизматчиёни ҳарбӣ ва нишон додани омодагии сохторҳои қудратӣ ба ҳифзи дастовардҳои истиқлол равона гардидааст.
Ҳамзамон, чунин чорабиниҳо барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳисси ифтихори шаҳрвандӣ, садоқат ба Ватан, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва муттаҳид сохтани сокинон дар атрофи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим доранд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни суханронии худ ҳозиринро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, иброз дошт, ки Истиқлол барои мардуми Тоҷикистон бузургтарин дастоварди таърихӣ ва заминаи асосии пешрафту рушди давлат ба ҳисоб меравад. Ӯ таъкид намуд, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави рушди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ворид гардида, дар кишвар корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза пайдо карданд.
Раиси ноҳия аз ҷумла зикр кард, ки ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як сокини ноҳияи Айнӣ бояд дар пешрафти ҷомеа, ободии диёр ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳми арзандаи худро гузорад.
Равшан Раҳимзода таъкид кард, ки хизмат ба Ватан ва ҳифзи марзу буми он қарзи шаҳрвандӣ ва вазифаи муқаддаси ҳар як фарзанди миллат буда, хизматчиёни ҳарбӣ бояд бо ҳисси баланди масъулият, садоқат ва муҳаббат ба Ватан вазифаи хизматии худро иҷро намоянд.
Дар идомаи чорабинӣ таъкид гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози давлат бояд ба донишомӯзӣ, аз худ намудани касбу ҳунар, варзиш ва хизмати содиқона ба Ватан таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, барои рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошанд.
Дар фарҷоми Паради ҳарбӣ ба иштирокчиён барои иштироки фаъол дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда шуд.
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ бо баргузории чунин чорабиниҳои бошукӯҳ баёнгари эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ҷонибдории сокинон аз сиёсати созанда ва ободкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше
и ещё 67
Смотреть статистику

163

11

44

Leave a Reply

Back to top button