
Дар доираи тадбирҳои созандагиву ободонӣ ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои машғулияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши наврасону ҷавонон дар деҳаи Шаватки Поёни ноҳияи Айнӣ корҳои сохтмонии майдончаи варзишӣ идома доранд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни боздиди корӣ аз раванди корҳои сохтмонии майдончаи варзишии назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 67-и деҳаи Шаватки Поён шинос шуда, ба сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ ва рафти корҳои ободонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Мавриди зикр аст, ки майдончаи мазкур бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва дастгирии сокинони деҳаи Шаватки Поён бунёд гардида истодааст. Ҳадаф аз ташкили чунин иншооти варзишӣ фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои машғулияти мунтазами хонандагон, наврасон ва ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш дар байни аҳолӣ мебошад.
Зимни боздид раиси ноҳия бо шахсони масъул ва мутасаддиёни корҳои сохтмонӣ суҳбат намуда, оид ба рафти иҷрои корҳо, муҳлати анҷоми сохтмон ва сифати корҳои ба анҷомрасида маълумот гирифт.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, то имрӯз корҳои сохтмонӣ дар иншоот тақрибан 50 фоиз иҷро гардида, корҳои гирдбасткунии майдонча қариб ба анҷом расидаанд. Майдончаи варзишӣ бо андозаи 22 ба 44 метр бунёд гардида, барои баргузории машғулиятҳои варзишӣ ва мусобиқаҳои гуногун пешбинӣ шудааст.
Қарор аст корҳои сохтмонӣ дар майдонча то охири моҳи ҷорӣ пурра ба анҷом расонида шуда, иншоот барои истифода омода гардад.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни боздид ба шахсони масъул ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки ҳангоми иҷрои корҳо ба сифати масолеҳи сохтмонӣ, риояи талаботи сохтмонӣ ва устувории иншоот диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Ҳамзамон, масъулин вазифадор гардиданд, ки корҳои боқимондаро бо риояи талаботи сифатнокӣ ва дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонида, барои муҳайё намудани шароити муносибу бехатар барои истифодаи майдонча аз ҷониби хонандагон ва ҷавонон чораҳои зарурӣ андешанд.
Бунёди чунин иншооти иҷтимоиву варзишӣ дар маҳалҳо яке аз самтҳои муҳими корҳои созандагӣ ба ҳисоб рафта, барои рушди ҷисмонӣ ва маънавии насли наврас, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим заминаи мусоид фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше










