
Ҳамдиёрони азиз, сокинони сарбаланду шарафманди ноҳияи Айнӣ!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза ҳамаи Шумо — собиқадорони меҳнат, омӯзгорону табибон, кишоварзону соҳибкорон, аҳли зиё, ҷавонони саодатманд ва кулли мардуми заҳматкашу ватандӯсти ноҳияи Айниро ба муносибати ҷашни муқаддасу фархундаи миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Истиқлол барои миллати тоҷик бузургтарин дастоварди таърихӣ ва сарвати бебаҳои миллӣ мебошад. Маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ мардуми Тоҷикистон соҳиби давлати мустақил гардида, барои таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва бунёди ҷомеаи пешрафта имкониятҳои васеъ фароҳам омаданд.
Солҳои соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистони азиз солҳои таҳкими давлатдорӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва созандагиву бунёдкорӣ буданд. Бо татбиқи сиёсати дурбинона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо роҳи рушди устуворро тай намуда, имрӯз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар ва ташаббускор мавқеи шоистаи худро пайдо кардааст.
Ноҳияи Айнӣ низ дар ин марҳилаи таърихӣ қадам ба қадам рушд намуда, симои худро дигаргун сохтааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия садҳо иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд гардида, роҳҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, иншооти хизматрасонӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ ба истифода дода шуданд.
Имрӯз ноҳияи Айнӣ бо табиати нотакрор, захираҳои бойи табиӣ, имкониятҳои бузурги иқтисодиву сайёҳӣ ва пеш аз ҳама, бо мардуми меҳнатдӯсту созандааш дар роҳи рушди минбаъда устуворона қадам мегузорад.
Дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлол корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми гӯшаву канори ноҳия вусъати тоза пайдо карданд. Бо иштироки фаъолонаи соҳибкорон, шахсони саховатманд, ташкилоту муассисаҳо ва сокинони маҳалҳо иншооти зиёди иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин ҳама бозгӯи ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва муҳаббати мардум ба Ватани азиз мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки сокинони ноҳияи Айнӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, соҳибкорӣ ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷомеа саҳми арзанда гузошта, бо меҳнати содиқонаи худ дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм мегузоранд.
Истиқлол танҳо дастоварди имрӯз нест — он масъулияти бузург дар назди наслҳои гузаштаву оянда мебошад. Вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки ин неъмати бебаҳоро ҳифз намоем, ваҳдати миллиро таҳким бахшем, ба арзишҳои давлатдорӣ арҷ гузорем ва барои ободии Ватан бо масъулияти бештар меҳнат кунем.
Мо итминон дорем, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Айнӣ бо такя ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳисси баланди худшиносӣ ва неруи созанда минбаъд низ барои ободии диёр, рушди иқтисоди ноҳия ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум корҳои шоистаеро анҷом хоҳанд дод.
Дар ин рӯзи фархунда ба ҳар як оилаи сокини ноҳия сулҳу оромӣ, саломатии бардавом, файзу баракат, хушбахтӣ ва зиндагии шоиста орзу менамоям.
Бигзор парчами Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамеша парафшон, давлати соҳибистиқлоли мо ободу пешрафта, Ватани маҳбубамон сулҳу осоишта ва мардуми сарбаландаш хушбахту сарфароз бошад!
35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
Истиқлоли давлатӣ поянда бод!
Ваҳдати миллӣ ҷовидон бод!
Тоҷикистони соҳибистиқлол ободу сарбаланд бод!
Бо эҳтиром,
Раиси ноҳияи Айнӣ
Равшан Раҳимзода

Смотреть статистику
301
31
28










