Хабарҳои руз

ТАНТАНАҲОИ ИСТИҚЛОЛ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ ИДОМА ДОРАНД

Дар деҳаи Рарзи Ҷамоати деҳоти Рарзи ноҳияи Айнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавии идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони сохторҳои дахлдор, фаъолони деҳа, собиқадорон, ҷавонон, занон, аҳли фарҳанг ва сокинони деҳа иштирок намуданд.
Қабл аз оғози чорабинии тантанавӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода Хонаи фарҳанг ва китобхонаи деҳаи Рарзро, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ пурра аз таъмири куллӣ бароварда шудаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида таъкид гардид, ки муассисаҳои мазкур баъди таъмиру таҷдид бо шароити муносиб барои фаъолияти фарҳангию маърифатӣ таъмин гардида, минбаъд метавонанд ба ҳайси марказҳои муҳими фарҳангӣ ва маърифатии деҳа хизмат намоянд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода зимни суханронӣ сокинони деҳаи Рарзро ба муносибати ҷашни умумимиллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, рӯзгори обод, файзу баракат ва дар корҳои созандагию бунёдкорӣ комёбиҳо орзу намуд.
Дар идомаи суханронӣ раиси ноҳия ба нақши соҳаи фарҳанг ва китобхонӣ дар тарбияи маънавии ҷомеа, бахусус насли наврасу ҷавон, таваҷҷуҳ намуда, иброз дошт, ки китоб ва муассисаҳои фарҳангӣ дар баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, ташаккули ҷаҳонбинии созанда, худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ нақши муҳим доранд.
Мавриди истифода қарор гирифтани Хонаи фарҳанг ва китобхона дар деҳаи Рарз дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ туҳфаи арзанда ба сокинон арзёбӣ гардид.
Ҳамзамон Равшан Раҳимзода зимни мулоқот бо сокинон муҳтавои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба масъалаҳои ободонӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, истифодаи самараноки замин, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таҳкими маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ равона шудаанд, ба аҳолӣ расонид.
Раиси ноҳия аз сокинони деҳа даъват ба амал овард, ки бо истифода аз фазои сулҳу субот ва имкониятҳои фароҳамгардида дар корҳои ободонию созандагӣ фаъолона иштирок намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани маҳалли зист, ҳифзи муҳити зист, тозагии кӯчаю маҳаллаҳо ва рушди инфрасохтори иҷтимоӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ

Показать меньше

Leave a Reply

Back to top button