
Дар ноҳияи Айнӣ бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори роҳу нақлиёт, фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинон ва рушди минбаъдаи сайёҳӣ корҳои мумфаршкунии роҳи дараи Искандаркӯл оғоз гардид.
Дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Вализода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №22 Қиёмиддин Давлатзода иштирок намуданд.
Роҳи мазкур аз Шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ то деҳаи Саратоқ наздики 30 километрро ташкил медиҳад. Дар марҳилаи аввал мумфаршкунии қитъаи 12 километру 600 метр пешбинӣ гардидааст. Тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, корҳои мумфаршкунии роҳ бояд то охири соли ҷорӣ ба анҷом расонида шаванд.
Роҳи дараи Искандаркӯл барои сокинони деҳаҳои Махшевад, Ҳайронбед, Дижику Тӯда, Нарвад ва Саратоқи Ҷамоати деҳоти Фондарё аҳамияти хосса дорад. Солҳои зиёд ҳолати роҳ барои ҳаракати нақлиёт ва рафтуомади сокинон, бахусус дар фаслҳои тирамоҳу зимистон, мушкилоти муайян эҷод мекард. Беҳтар гардидани инфрасохтори роҳ ба осон шудани рафтуомади аҳолӣ, интиқоли молу маҳсулот ва дастрасии сокинон ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон, аҳамияти иқтисодии ин роҳ низ хеле калон мебошад. Дар минтақа корхонаи саноатии ҶДММ «Талко Голд» фаъолият намуда, яке аз корхонаҳои муҳими саноатии кишвар ба ҳисоб меравад. Беҳтар гардидани роҳи мошингард барои таъмини фаъолияти мунтазами корхона, интиқоли ашёи хом, таҷҳизот ва маҳсулот, инчунин рафтуомади кормандон шароити мусоид фароҳам меорад. Аз ин лиҳоз, рушди инфрасохтори роҳ дар ин минтақа на танҳо аҳамияти иҷтимоӣ, балки аҳамияти муҳими саноатӣ ва иқтисодӣ низ дорад.
Илова бар ин, роҳи мазкур дар масири яке аз мавзеъҳои нодири сайёҳии кишвар — Искандаркӯл қарор дорад. Искандаркӯл ҳамчун яке аз гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистон ҳамасола ҳазорҳо сайёҳи хориҷиву дохилиро ба худ ҷалб менамояд. Беҳтар шудани ҳолати роҳ метавонад ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, зиёд гардидани шумораи меҳмонон ва тавсеаи хизматрасониҳои сайёҳӣ дар минтақа мусоидат намояд.
Мумфаршкунии роҳи мазкур бо пешниҳоди бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида истода, иҷрои корҳои сохтмонии он ба уҳдаи ҶДММ «Талко Голд» гузошта шудааст.
Сокинони деҳоти дараи Искандаркӯл оғози корҳои мумфаршкунии роҳро бо хушнудӣ истиқбол намуда, барои таваҷҷуҳ ва ғамхории пайвастаи роҳбарияти давлат нисбат ба рушди маҳал ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум миннатдории худро ба Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд.
Барои мардуми ин минтақа оғози корҳои мумфаршкунӣ танҳо сохтмони як роҳи нав нест. Ин қадами муҳим дар роҳи ободонии маҳал, рушди саноат, таҳкими имкониятҳои сайёҳӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ мебошад.
Бо анҷоми марҳилаи аввали корҳо қитъаи 12 километру 600 метр роҳи дараи Искандаркӯл мумфарш гардида, ҳаракати нақлиёт барои сокинон, кормандони корхонаҳои саноатӣ ва меҳмонону сайёҳоне, ки ба ин минтақа меоянд, боз ҳам роҳат ва бехатар хоҳад шуд.
Татбиқи чунин иқдомҳои созанда бори дигар нишон медиҳад, ки рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт ҳамчун яке аз заминаҳои асосии пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободии маҳалҳо дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Айнӣ
Показать меньше










